Такрори Шариат боби 27

Дар бораи сангҳои ёдгорӣ.

  1. ВА Мусо ва пирони Исроил ба қавм амр фармуда, гуфтанд: «Тамоми аҳкомеро, ки ман имрӯз ба шумо амр мефармоям, риоя намоед.
  2. Ва дар рӯзе ки аз Урдун ба замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, убур кунед, барои худ сангҳои бузург барпо намо, ва бар онҳо оҳак бимол;
  3. Ва бар онҳо, ҳамин ки убур кардӣ, ҳамаи суханони ин шариатро бинавис, то ба замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, дохил шавӣ, — ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист, чунон ки Худованд Худои падаронат ба ту гуфтааст.
  4. Ва ҳангоме ки аз Урдун убур кунед, ин сангҳоро, ки ман имрӯз ба шумо амр мефармоям, бар кӯҳи Эбол барпо намоед, ва бар онҳо оҳак бимол.
  5. Ва дар он ҷо қурбонгоҳе барои Худованд Худои худ бино намо, ки қурбонгоҳи сангин бошад; олати оҳанин бар онҳо кор нафармо;
  6. Аз сангҳои яклухт қурбонгоҳи Худованд Худои худро бино намо, ва бар он барои Худованд Худои худ қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим кун.
  7. Ва қурбониҳои саломатӣ забҳ намуда, дар он ҷо бихӯр ва ба ҳузури Худованд Худои худ хурсандй бикун.
  8. Ва бар он сангҳо ҳамаи суханони ин шариатро бо хати равшан бинавис».
  9. Ва Мусо ва коҳинони левизода ба тамоми Исроил сухан ронда, гуфтанд: «Сукут намо ва бишнав, эй Исроил! Имрӯз ту қавми Худованд Худои худ гардидаӣ.
  10. Пас, овози Худованд Худои худро бишнав, ва аҳкому фароизи Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, ба амал овар».
  11. Ва Мусо дар он рӯз ба қавм амр фармуда, гуфт:
  12. «Ҳамин ки аз Урдун убур кунед, инҳо бояд бар кӯҳи Ҷаризим биистанд, то даме ки қавмро баракат диҳанд: Шим-ъӯн, Левӣ, Яҳудо, Иссокор, Юсуф ва Биньёмин.
  13. Ва инҳо бояд бар кӯҳи Эбол биистанд, то даме ки лаънат хонанд: Реубен, Ҷод, Ошер, Забулун, Дон ва Нафтолӣ.
  14. Ва левизодагон хитоб намуда, ба ҳамаи исроилиён бо овози баланд хоҳанд гуфт:
  15. «Малъун бод касе ки санаме ё буте аз маснӯи дасти ҳунарманд, ки он дар назари Худованд зишт аст, бисозад, ва онро пинҳон дорад!» Ва тамоми қавм нидокунон хоҳанд гуфт: «Омин!»
  16. «Малъун бод касе ки падару модари худро хорӣ диҳад!» Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: «Омин!»
  17. «Малъун бод касе ки марзаи ёри худро вайрон кунад!» Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: «Омин!»
  18. «Малъун бод касе ки нобиноеро дар роҳ ба иштибоҳ андозад!» Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт:  «Омин!»
  19. «Малъун бод касе ки дар доварии ғариб, ятим ва бева каҷкорӣ кунад!» Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: «Омин!»
  20. «Малъун бод касе ки бо зани падари худ бихобад, чунки домани падари худро ошкор кардааст!» Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: «Омин!»
  21. «Малъун бод касе ки бо ягон чорпо бихобад»! Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: «Омин!»
  22. «Малъун бод касе ки бо хоҳари худ, яъне бо духтари падари худ ё бо духтари модари худ, бихобад!» Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: «Омин!»
  23. «Малъун бод касе ки бо  модарарӯси худ  бихобад!» Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: «Омин!»
  24. «Малъун бод касе ки ёри худро дар пинҳонӣ бикушад!» Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: «Омин!»
  25. «Малъун бод касе ки ришва гирад, то ки ҷоне нобуд гардида, хунаш  ба  ноҳақ  рехта  шавад!» Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: «Омин!»
  26. «Малъун бод касе ки суханони ин шариатро   ба ҷо наоварад ва бар тибқи онҳо амал накунад!» Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: «Омин!»»

© IBT 1992

Реклама