Такрори Шариат боби 26

Дар бораи тақдим кардани навбарҳо.

  1. «ВА ҳангоме ки ба замине ки Худованд Худоят ҳамчун мулк ба ту медиҳад, дохил шавӣ, ва онро ба тасарруфи худ дароварда, дар он сокин гардӣ —
  2. Он гоҳ аз навбарҳои ҳар маҳсули замин, ки аз замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, ғундошта бошӣ, гирифта, дар сабаде бимон, ва ба маконе ки Худованд Худоят баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад, бирав.
  3. Ва назди коҳине ки дар он айём бошад, омада, ба вай бигӯ: «Имрӯз ба Худованд Худои ту изҳор менамоям, ки ба замине ки Худованд ба падарони мо қасам хӯрда буд, ки ба мо бидиҳад, дохил шудаам».
  4. Ва коҳин сабадро аз дастат гирифта, пеши қурбонгоҳи Худованд Худои ту мегузорад.
  5. Ва ту ба ҳузури Худованд Худои худ нидокунон бигу: «Падарам арамии оворагарде буд, ва ба Миср фурӯд омад, ва дар он ҷо бо одамони каме сукунат кард, ва дар он ҷо ба халқи бузурги пурзӯр ва сершуморе табдил ёфт;
  6. Вале мисриён ба мо рафтори бад намуда, моро ба танг оварданд, ва меҳнати сахте ба гардани мо бор карданд;
  7. Ва мо  сӯи  Худованд  Худои  падарони  мо   истиғоса бурдем, ва Худованд овози моро шунид, ва мусибат ва меҳ-нат ва тангии моро дид;
  8. Ва Худованд моро аз Миср бо дасти қавӣ ва бозуи тӯло-нӣ, бо даҳшати азим, ва бо аломот ва мӯъҷизот берун овард;
  9. Ва моро ба ин макон овард, ва ин заминро, замине ки шир ва асал дар он ҷорист, ба мо дод.
  10. Ва алҳол, инак, ман навбарҳои маҳсули заминро, ки Ту, эй Худованд, ба ман додӣ, овардаам». Ва онро ба ҳузури Худованд Худои худ бимон, ва ба ҳузури Худованд Худои худ саҷда бибар.
  11. Ва ту аз тамоми неъмате ки Худованд Худоят ба ту ва ба хонадони ту бахшидааст, бо левизода ва ғарибе ки дар миёни туст, хурсандӣ бикун.
  12. Ҳангоме ки ту дар соли сеюм, ки соли ушрҳост, до-дани тамоми ушри ҳосилоти худро ба анҷом бирасонӣ, ва онро ба левизода, ғариб, ятим ва бева бидиҳӣ, то ки дар шаҳрҳои ту хӯрда сер шаванд,
  13. Он гоҳ ба ҳузури Худованд Худои худ бигӯ: «Вақфҳоро аз хона баровардам, ва онҳоро ба левизода, ғариб, ятим ва бева низ, мувофиқи амре ки Ту ба ман фармудаӣ, додам; аз аҳкоми Ту сар натофтам ва онҳоро фаромӯш накардам;
  14. Дар мотами худ аз онҳо нахӯрдам, ва дар нопокӣ аз онҳо набаровардам, ва барои мурда аз онҳо  надодам; ба овози Худованд Худои худ гӯш андохтам, мувофиқи ҳар он чи ба ман амр фармудаӣ, амал кардам;
  15. Аз макони муқаддаси Худ, аз осмон назар бикун, ва ба қавми Худ — Исроил, ва ба замине ки ба мо додаӣ, чунон ки ба падарони мо қасам хӯрдаӣ, ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист, баракат бидеҳ».
  16. Имрӯз Худованд Худоят ба ту амр мефармояд, ки ин фароиз ва ин дастуротро ба амал оварӣ; ва ту онҳоро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ риоя намуда, ба амал овар.
  17. Худовандро ту имрӯз эътироф намудӣ, то ки Ӯ Худои ту бошад, ва ту бо роҳҳои Ӯ равона шавӣ, ва фароизу аҳкому дастуроти Ӯро риоя намоӣ, ва ба овози Ӯ гӯш андозӣ.
  18. Ва Худованд имрӯз туро эътироф намуд, то ки ту қавми гузини Ӯ бошӣ, чунон ки Ӯ ба ту гуфтааст, ва тамоми аҳкоми Ӯро риоя намоӣ,
  19. Ва Ӯ туро дар ҷалол, шӯҳрат ва шавкат бар ҳамаи халқҳое  ки Ӯ  офаридааст,   баланд  гардонад, ва ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас бошӣ,  чунон  ки Ӯ гуфтааст».

© IBT 1992

Реклама