Такрори Шариат боби 24

Шариати Мусо дар бораи талоқ.

  1. «АГАР касе зан гирифта, бо вай бихобад, ва агар вай ба назари ӯ писанд наояд, чунки ӯ чизи нафратоваре дар вай пайдо кардааст, — ва ӯ талоқномае навишта ба дасти вай диҳад, ва аз хонаи худ варо бифиристад,
  2. Ва вай аз хонаи ӯ берун равад, ва ба шавҳари дигаре бирасад,
  3. Ва он шавҳари дигар низ аз вай нафрат намояд, ва талоқномае барои вай навишта, ба дасти вай диҳад, ва аз хонаи худ варо бифиристад, ё он шавҳари дигар, ки варо барои худ ба занӣ гирифта буд, бимирад, —
  4. Шавҳари аввалаш, ки варо фиристода буд, наметавонад аз нав варо барои худ ба занӣ бигирад, баъд аз он ки вай наҷис гардидааст, зеро ки ин ба ҳузури Худованд зишт аст; пас, ба замине ки Худованд Худои ту ҳамчун мулк ба ту медиҳад, гуноҳ наовар.
  5. Агар касе ба қарибӣ зан гирифта бошад, бигзор ба лашкар наравад, ва ҳеҷ маҷбурияти дигаре ба зиммаи вай гузошта нашавад, то ки як сол дар хонаи худ озод бошад, ва бо зани худ димоғчоқӣ кунад.
  6. Набояд касе осиё ё санги болои онро ба гарав бигирад, зеро ки ҷонро ба гарав мегирад.
  7. Агар шахсе ёфт шавад, ки аз бародарони худ, яъне аз банӣ-Исроил, ягон касро дуздидааст, ва ба вай  сахтгирӣ карда, варо фурӯхтааст, — бигзор он дузд ба қатл расонида шавад. Ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.
  8. Дар хусуси захми махав эҳтиёт намоед, то ҳар он чиро, ки коҳинони левизода ба шумо таълим медиҳанд, бағоят риоя намуда, ба ҷо оваред; он чиро, ки ман ба онҳо амр фармудаам, риоя намуда, ба ҷо оваред.
  9. Дар хотир нигоҳ дор, ки Худованд Худои ту дар роҳ бо Марьям чӣ карда буд, вақте ки аз Миср берун омадед.
  10. Агар ба ёри худ чизе қарз диҳӣ, барои гирифтани гарав ба хонаи вай надаро,
  11. Балки дар берун биист, ва он кас, ки ту ба вай қарз додаӣ, гаравро назди ту берун меоварад.
  12. Ва агар  вай  марди  бенавое бошад,  хоб  накун  дар ҳолате ки гарави вай назди ту бимонад,
  13. Балки баробари   ғуруб   кардани   офтоб   гарави   вароҳатман баргардон, то ки вай дар либоси худ бихобад ва туро баракат диҳад, ва ин барои ту ба ҳузури Худованд Худои ту адолат ҳисоб хоҳад ёфт.
  14. Муздур, бенаво ва камбағалро аз бародарони худ ё аз ғарибоне ки дар миёни ту, дар шаҳрҳои ту мебошанд, озор надеҳ.
  15. Дар ҳамон рӯз музди варо бидеҳ, ба тавре ки офтоб пеш аз доданат ғуруб накунад, зеро ки вай камбағал аст, ва ҷонаш ҳаваси онро дорад; мабодо вай аз дасти ту сӯи Худованд фиғон кунад, ва ин барои ту гуноҳ ҳисоб ёбад.
  16. Бигзор падарон барои гуноҳи писарон ба қатл расонида нашаванд, ва писарон барои гуноҳи падарон ба қатл расонида нашаванд: ҳар кас бояд барои гуноҳи худаш ба қатл расонида шавад.
  17. Дар доварии ғариб ва ятим каҷкорӣ накун, ва либоси беваро ба гарав нагир.
  18. Дар хотир нигоҳ дор, ки ту дар Миср ғулом будӣ, ва Худованд Худоят туро аз он ҷо фидия дода раҳо кард; бино-бар ин ман ба ту амр мефармоям, ки ин корро ба ҷо оварӣ.
  19. Вақте ки ҳосилоти худро дар саҳрои худ дарав намоӣ, ва бандеро дар саҳро фаромӯш кунӣ, барои гирифтани он барнагард: бигзор он барои ғарибе, ятиме ва бевае бошад, то ки Худованд Худоят туро дар ҳар амали дастат баракат диҳад.
  20. Вақте ки зайтуни худро зада афшонӣ, дуюмбора шоха-ҳоро тафтиш накун: бигзор он барои ғарибе, ятиме ва бевае бошад.
  21. Вақте ки ангури токзори худро ғунучин намоӣ, дуюм-бора боқимондаи онро начин: бигзор он барои ғарибе, ятиме ва бевае бошад.
  22. Ва дар хотир нигоҳ дор, ки ту дар замини Миср ғулом будӣ; бинобар ин ман ба ту амр мефармоям, ки ин корро ба ҷо оварӣ».

© IBT 1992

Реклама