Такрори Шариат боби 23

Дастуроти гуногун.

  1. «КАСЕ ки байзаҳояш маҷақ шудааст, ё олати таносу-лаш бурида шудааст, наметавонад ба ҷамоати Худованд до-хил шавад.
  2. Ҳаромзода наметавонад ба ҷамоати Худованд дохил шавад: ҳатто   насли   даҳуми  вай  наметавонад  ба ҷамоати Худованд дохил шавад.
  3. Аммӯнӣ ва мӯобӣ наметавонад ба ҷамоати Худованд дохил шавад; ҳатто насли даҳуми онҳо наметавонад ба ҷа-моати Худованд дохил шавад,
  4. Аз он сабаб ки онҳо шуморо, вақте ки аз Миср берун омадед, дар роҳ бо нон ва об пешвоз нагирифтанд, ва аз он сабаб ки вай Билъом ибни Баӯрро аз Фатӯри Байнаннаҳрайн ба муқобили ту киро кард, то ки туро лаънат гӯяд,
  5. Вале Худованд Худои ту нахост Билъомро гӯш кунад, ва Худованд Худои ту он лаънатро барои ту ба баракат табдил дод, зеро ки Худованд Худоят туро дӯст медорад.
  6. Саломатӣ ва некӯаҳволии онҳоро тамоми умри худ, то абад ҷӯё нашав.
  7. Аз адӯмӣ нафрат накун, зеро ки вай бародари туст; аз мисрӣ нафрат накун, зеро ки ту дар замини вай ғариб будӣ;
  8. Фарзандоне ки аз онҳо таваллуд меёбанд, дар насли сеюм метавонанд ба ҷамоати Худованд дохил шаванд.
  9. Ҳангоме ки бо ӯрдуи худ ба муқобили душманонат берун равӣ, аз ҳар чизи бад худро нигоҳ дор.
  10. Агар дар миёни ту касе бошад, ки аз эҳтиломи шаб наҷис шавад, бигзор вай аз ӯрдугоҳ берун равад, андаруни ӯрдугоҳ дохил нашавад;
  11. Ва шомгоҳ дар об ғусл намуда, баробари ғуруб кардани офтоб андаруни ӯрдугоҳ дохил шавад.
  12. Ва маконе барои ту берун аз ӯрдугоҳ бояд бошад, то ки ба он ҷо берун равӣ.
  13. Ва ба замми яроқи худ ту бояд белчае дошта бошӣ, ва ҳангоме ки дар берун менишинӣ, чуқурчае бо он биканӣ, ва бархоста, пасафканди худро ба воситаи он бипӯшонӣ.
  14. Зеро ки Худованд Худои ту андаруни ӯрдугоҳи ту қадамгузор аст, то ки туро раҳо намояд ва душманонатро ба дасти ту бисупорад; пас, бигзор ӯрдугоҳи ту муқаддас бошад, то ки Ӯ чизи палиде дар миёни ту дида, аз ту рӯй нагардонад.
  15. Ғуломеро, ки аз оғои худ пеши ту гурехта бошад, ба дасти оғои вай насупор;
  16. Бигзор вай дар миёни ту, дар маконе ки баргузинад, дар яке аз шаҳрҳои ту, ки барои вай некӯ бошад, сокин шавад; варо ба танг наовар.
  17. Набояд аз духтарони Исроил фоҳишае бошад, ва аз писарони Исроил набояд ливотагаре бошад.
  18. Музди фоҳиша ва қимати  сагро*   барои  ҳеҷ назре ба хонаи Худованд Худои худ наовар, зеро ки ин ҳар ду дар назари Худованд Худои ту зишт аст.
  19. Ба бародари худ бо суд қарз надеҳ, — на бо суди нуқра, на бо суди хӯрокворӣ, на бо суди ҳар чизе ки бо суд қарз дода мешавад.
  20. Ба аҷнабӣ метавонӣ бо суд қарз диҳӣ, вале ба бародари худ бо суд қарз надеҳ, то ки Худованд Худои ту дар замине ки барои тасарруф кардани он ба он ҷо меравӣ, дар ҳар шуғли дастат ба ту баракат диҳад.
  21. Агар барои Худованд Худои худ назр намоӣ, дар адои он даранг накун, зеро ки Худованд Худои ту ҳатман онро аз ту талаб хоҳад кард, ва бар гардани ту гуноҳе хоҳад буд.
  22. Валекин агар  аз  назр  кардан  худдорӣ  намоӣ,  бар гардани ту гуноҳе нахоҳад буд.
  23. Он чиро, ки аз даҳонат баромадааст, риоя намуда, ба ҷо овар, ончунон ки барои Худованд Худои худ назр карда, ба забон рондаӣ.
  24. Ҳангоме ки ба токзори ёри худ биёӣ, аз ангури он ҳар қадар ки дилат бихоҳад, то сер шудани худ бихӯр, вале дар зарфи худ наандоз.
  25. Ҳангоме ки ба ғаллазори ёри худ биёӣ, аз хӯшаҳои он бо дасти худ бичин, вале досро дар ғаллазори ёри худ ба кор набар».

*18. Музде ки бутпарастон ба ливотагар (марди фоҳиша) медоданд, «қимати саг» ном дошт.

© IBT 1992

Реклама