Такрори Шариат боби 17

Дар бораи беайбии қурбониҳое ки барои Худо тақдим карда мешавад.

  1. «ГОВ ва гӯсфандеро, ки айбе ё нуқсони дигаре дошта бошад, барои Худованд Худои худ забҳ накун, зеро ки он дар назари Худованд Худои ту зишт аст.
  2. Агар дар миёни ту, дар яке аз шаҳрҳои ту, ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, марде ё зане пайдо шавад, ки дар назари Худованд  Худои ту кори  баде  карда,   аҳди  Ӯро поймол намояд,
  3. Ва рафта, худоёни дигарро ибодат кунад, ва ба онҳо саҷда барад, ё ба офтоб, ё ба моҳ, ё ба ҳар яке аз лашкари осмон, ки ман амр нафармудаам;
  4. Ва ту хабар ёфта, бишнавӣ, пас дурустакак тафтишнамо, ва инак, агар ҳақиқатан рост бошад, ки ин кори зишт дар Исроил ба амал оварда шудааст, —
  5. Дар он сурат ту он мард ё он занро, ки чунин кори бад кардаанд, назди яке аз дарвозаҳоят берун овар, ва он мард ё занро сангсор кун, то ки бимиранд.
  6. Бар тибқи гувоҳии ду шоҳид ё се шоҳид  он шахси сазовори қатл бояд кушта шавад;  бар  тибқи гувоҳии  як шоҳид набояд кушта шавад.
  7. Бигзор аввал дасти шоҳидон бар ӯ барои куштани ӯ бардошта шавад, ва баъд аз он — дасти тамоми қавм; ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.

Дар бораи итоат кардан ба ҳокимият.

  1. Агар чизе барои ту нофаҳмо бошад дар муайян кардани фарқ дар миёни хун ва хун, дар миёни даъво ва даъво ва дар миёни осеб ва осеб, аз мурофиаҳое ки назди дарвозаҳои ту ба вуқӯъ меояд, — ту бархоста, ба маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, бирав,
  2. Ва назди коҳинони левизода ва назди доваре ки дар он рӯзҳо бошад, омада, бипурс, ва онҳо фатвои қонунро ба ту баён хоҳанд кард.
  3. Ва ту бар тибқи ҳукме ки онҳо аз он макони баргузидаи Худованд ба ту баён мекунанд, амал намо, ва ҳар он чиро, ки ба ту таълим диҳанд, боэҳтиёт ба ҷо овар.
  4. Бар тибқи қонуне ки онҳо ба ту таълим диҳанд, ва бар тибқи фатвое ки онҳо ба ту баён кунанд, амал намо; аз сухане ки онҳо ба ту бигӯянд, ба тарафи рост ё чап майл накун.
  5. Ва касе ки бадқасдона амал карда, ба коҳине ки барои хизмати Худованд Худои ту дар он ҷо меистад, ё ба довар гӯш надиҳад, — он кас бояд ба қатл расонида шавад; ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.
  6. Ва тамоми қавм инро шунида, хоҳанд тарсид, ва дигар бадқасдона амал нахоҳанд кард.
  7. Ҳангоме ки ту ба замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, биёӣ, ва онро  тассарруф  намуда, дар  он сокин шав, ва бигӯй: «Мисли ҳамаи халқҳое ки дар гирду пеши ман ҳастанд, подшоҳе бар худ таъин хоҳам намуд» —
  8. Ҳатман подшоҳеро, ки Худованд Худои ту баргузинад, бар худ таъин намо; аз миёни бародарони худ подшоҳеро бар худ таъин намо; шахси аҷнабиро, ки аз бародарони ту набо-шад, наметавонӣ бар худ таъин намоӣ.
  9. Аммо бигзор  вай аспҳоро барои худ афзун накунад, ва қавмро ба Миср  барнагардонад, то ки аспҳоро  афзун намояд; ва ҳол он ки Худованд ба шумо гуфтааст: «Бори дигар бо ин роҳ барнагардед».
  10. Ва бигзор вай занонро барои худ афзун нанамояд, то ки дилаш фосид нашавад; ва бигзор нуқра ва тиллоро барои худ бисьёр афзун накунад.
  11. Ва ҳангоме ки вай бар тахти мамлакати худ биншинад, бигзор нусхаи ин қонунро аз китобе ки  назди   коҳинони левизода аст, барои худ бинависад.
  12. Ва он назди вай бошад, ва онро вай тамоми айёми зиндагии худ бихонад, то таълим гирад, ки вай  бояд   аз Худованд Худои худ битарсад, ва саъю кӯшиш кунад, ки ҳамаи суханони ин қонун ва ин фароизро ба ҷо оварад,
  13. Бе он ки дили вай бар бародарони вай мағрур гардад, ва бе он ки вай аз ин амр ба тарафи рост ё чап майл кунад, то ки вай ва писаронаш айёми зиёде бар мамлакати худ қоим бошанд».

© IBT 1992

Реклама