Такрори Шариат боби 16

Дар бораи ид кардани фисҳ.

  1. «МОҲИ абибро риоя намо, ва фисҳро барои Худо-ванд Худои худ ба ҷо овар; зеро ки дар моҳи абиб туро Худованд Худои ту аз Миср шабона берун овард.
  2. Ва фисҳро аз гӯсфандон ва говон барои Худованд Худои худ забҳ намо, дар маконе ки Худованд баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад.
  3. Бо он хамиртуруш нахӯр, ҳафт рӯз фатир, яъне нони мазаллат, бо он бихӯр, — зеро ки шитобкорона аз замини Миср берун омадӣ, — то ки рӯзи берун омаданатро аз зами-ни Миср тамоми айёми зиндагии худ дар хотир нигоҳ дорӣ.
  4. Ва дар тамоми худуди ту набояд ҳафт рӯз хамирту-руш дида шавад;  ва  аз гӯште ки ту бегоҳии рӯзи якум забҳ мекунӣ, набояд чизе то субҳ боқӣ бимонад.
  5. Дар ҳеҷ яке аз шаҳрҳои худ, ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, наметавонӣ фисҳро забҳ намоӣ,
  6. Балки фақат дар маконе ки Худованд Худои ту бар-гузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад, — дар он макон фисҳро бегоҳирӯзӣ, ҳангоми ғуруб кардани офтоб, ки вақти берун омаданат аз Миср аст, забҳ намо.
  7. Ва онро дар маконе ки Худованд Худои ту баргузи-над, бирьён бикун ва бихӯр, ва бомдодон тоб  хӯрда, ба хаймаҳои худ бирав.
  8. Шаш рӯз фатир бихӯр, ва дар рӯзи ҳафтум ҷашн аст барои Худованд Худои ту; ҳеҷ кор накун.

Дар бораи иди ҳафтҳо ва иди хаймаҳо.

  1. Ҳафт ҳафта барои худ бишумор; аз вақте ки дос ба дарав шурӯъ кунад, ба шумурдани ҳафт ҳафта оғоз намо.
  2. Ва иди ҳафтаҳоро барои Худованд Худои худ бо ҳадияи дасти босаховати худ ба ҷо овар, ки онро бар ҳасби баракате ки Худованд Худоят ба ту бидиҳад, тақдим хоҳӣ кард.
  3. Ва ба ҳузури Худованд Худои худ  хурсандӣ бикун, — ту ва писарат ва духтарат, ва ғуломат ва канизат, ва левизодае ки дар шаҳри туст, ва ғариб ва ятим ва бевае ки дар   миёни  туст,  — дар  маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад.
  4. Ва дар хотир нигоҳ дор, ки ту дар Миср ғулом будӣ, пас саъю кӯшиш намо, ки ин фароизро ба ҷо оварӣ.
  5. Иди хаймаҳоро, баъд аз он ки аз хирмани худ ва аз чархушти худ ғунучин намоӣ, ҳафт рӯз ба ҷо овар.
  6. Ва дар иди худ хурсандӣ бикун, — ту ва писарат ва духтарат, ва ғуломат ва канизат, ва левизода ва ғариб ва ятим ва бевае ки дар шаҳри туст.

Мардон   бояд   ба   ҳузури  Худованд   ҳозир   шаванд.

  1. Ҳафт рӯз барои Худованд Худои худ дар маконе ки Худованд баргузинад, ид бикун, зеро ки Худованд Худои ту дар тамоми ҳосилоти ту ва дар тамоми аъмоли дасти ту баракат хоҳад дод, ва ту бағоят хурсанд хоҳӣ шуд.
  2. Се карат дар як сол_ҳамаи мардони ту бояд ба ҳузури Худованд дар маконе ки Ӯ баргузинад, ҳозир шаванд: дар иди фатир ва дар иди ҳафтаҳо ва дар иди хаймаҳо; ва ба ҳузури Худованд набояд тиҳидаст ҳозир шаванд,
  3. Балки ҳар кас бояд бо пешкаши дасти худ ҳозир шавад, бар ҳасби баракате ки Худованд Худоят ба ту бидиҳад.
  4. Доварон ва нозиронро дар ҳамаи шаҳрҳое ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, барои худ бар ҳасби сибтҳои худ таъин намо, то ки қавмро бо адлу инсоф доварӣ кунанд.
  5. Дар доварӣ каҷкорӣ нанамо, рӯйбинӣ накун, ва ришва нагир, зеро ки ришва чашмони ҳакимонро кӯр ва суханони одилонро таҳриф мекунад.
  6. Адолатро, адолатро ҷӯё бош, то ки зинда бимонӣ ва заминеро, ки Худованд Худоят  ба  ту  медиҳад,  тасарруф намоӣ.
  7. Барои Ашерае ки мехоҳӣ аз баҳри худ бисозӣ, ҳеҷ як дарахте назди қурбонгоҳи Худованд Худои худ нашинон;
  8. Ва сутуне барои худ, ки Худованд Худои ту аз он нафрат дорад, барпо накун».

© IBT 1992

Реклама