Такрори Шариат боби 14

Манъ кардани урфу одатҳои бутпарастон оид ба мурдагон.

  1. «ШУМО писарони Худованд Худои худ ҳастед; барои мурдагон бадани худро харош накунед, ва мӯйҳои пешонии худро, ки аз болои чашмон аст, натарошед.
  2. Зеро ки ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас ҳастӣ, ва Худованд туро баргузидааст, то аз ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин мебошанд, қавми гузине барои Ӯ бошӣ.

Дастурот дар бораи хӯрок.

  1. Ҳеҷ чизи зиштро нахӯр.
  2. Ин аст ҳайвоноте ки метавонед бихӯред: гов, гӯсфанд ва буз,
  3. Оҳу ва ғизол ва гавазн, ва бузи кӯҳӣ ва зубр, ва қутос ва говмеш.
  4. Ва ҳар чорпои сумдор,   ки  қӯшсум  бошад, ва хӯро-кашро кавша кунад, — онро бихӯред.
  5. Аммо инҳоро   аз  кавшакунандагон  ва сумдорон на-хӯред: шутур ва харгӯш ва заргӯшро, зеро ки онҳо кавша-кунандаанд, валекин сумашон қӯшсум нест, — онҳо барои шумо наҷисанд;
  6. Ва хукро, зеро ки он сумдор аст, валекин кавша намекунад, — он барои шумо наҷис аст; аз гӯшти онҳо нахӯред, ва ба лошаи онҳо нарасед.
  7. Аз ҳар чи дар об аст, инҳоро метавонед бихӯред: ҳар он чи пар ва пулакча дорад, — метавонед бихӯред;
  8. Ва ҳар он чи пар ва пулакча надорад, нахӯред, — он барои шумо наҷис аст.
  9. Аз ҳар паррандаи пок бихӯред.
  10. Вале аз  инҳо  набояд  бихӯред:  уқоб,  ва каргас, ва бургут,
  11. Ва калхот, ва шоҳин, ва боз бо зоти он;
  12. Ва ҳар зоғ бо зоти он;
  13. Ва шутурмурғ, ва бум, ва моҳихӯрак, ва қарчиғай бо зоти он;
  14. Чуғз, ва ибис, ва қу,
  15. Ва мурғи саққо, ва лошахӯр, ва бақлон;
  16. Ва лаклак, ва куланг бо зоти он, ва ҳудҳуд, ва кӯр-шабпарак.
  17. Ва ҳар ҳашароти болдор барои шумо наҷис аст, на-бояд онҳо хӯрда шавад.
  18. Аз ҳар паррандаи пок бихӯред.
  19. Ҳеҷ лошаро нахӯред; ба ғарибе ки дар шаҳри туст, бидеҳ, то ки бихӯрад, ё ба аҷнабие  бифрӯш;   зеро ки ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас ҳастӣ. Бузғола-ро дар шири модари он напаз.
  20. Аз тамоми ҳосилоти тухмии худ, ки сол ба сол аз киштзор мерӯяд, ушр бидеҳ.
  21. Ва ба ҳузури Худованд Худои худ дар маконе ки Ӯ баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад, ушри ғалла, шираи ангур ва равғани зайтуни худ, ва нахуст-зодаҳои говон ва гӯсфандони худро бихӯр, то таълим гирӣ, ки аз Худованд Худои худ тамоми айём бояд битарсӣ.
  22. Вале агар роҳ барои ту дур бошад, ба тавре ки ната-вонӣ онро бардошта барӣ, яъне агар маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, то исми Худро дар он ҷо сокин гар-донад, аз ту дур бошад, ва Худованд Худоят туро баракат дода бошад, —
  23. Пас, онро ба нуқра иваз намо, ва нуқраро ба дасти худ гирифта,  ба маконе ки Худованд Худои  ту баргузи-над, бирав;
  24. Ва он нуқраро барои ҳар чизе ки дилат ҳавас дошта бошад: барои гов ва гӯсфанд, ва шароб ва бӯза, ва ҳар чизе ки дилат аз ту талаб кунад, бидеҳ; ва дар он ҷо ба ҳузури Худованд Худои худ бихӯр, ва худат бо аҳли байтат хур-сандӣ бикун.
  25. Ва левизодаро, ки дар шаҳри туст, тарк накун, зеро ки вай бо ту ҳиссае ва мулке надорад.
  26. Баъд аз гузаштани се сол тамоми ушри ҳосилоти худро дар он сол берун оварда, назди дарвозаи шаҳри худ бимон;
  27. Ва левизодае ки бо ту ҳисса ва мулке надорад, ва ға-риб ва ятим ва бевае ки дар шаҳри ту мебошанд, омада, бихӯранд ва сер шаванд, то ки Худованд Худоят туро дар ҳар амали дастат, ки мекунӣ, баракат диҳад».

© IBT 1992

Реклама