Такрори Шариат боби 12

Дар бораи худопарастии ҳақиқӣ; барҳам додани бутпарастӣ.

  1. «ИН аст фароиз ва дастуроте ки  шумо  бояд  риоя намуда, дар замине ки Худованд Худои падаронатон барои тасарруф кардани шумо додааст, ба амал оваред, дар тамоми айёме ки шумо дар он замин зиндагӣ хоҳед кард.
  2. Ҳамаи маконҳоеро, ки халқҳое ки шумо бадар меронед, дар он ҷо худоёни худро ибодат мекарданд, тамоман несту нобуд кунед, хоҳ бар кӯҳҳои баланд бошад, хоҳ бар талҳо, хоҳ зери ҳар дарахти сабз.
  3. Қурбонгоҳҳои онҳоро бишканед, ва сутунҳои онҳоро пора-пора кунед, ва Ашераҳои онҳоро дар оташ бисӯзонед, ва ҳайкалҳои худоёни онҳоро нест кунед, ва номҳои онҳоро аз он макон маҳв созед.
  4. Барои Худованд Худои худ чунин амал накунед,
  5. Балки ба маконе ки Худованд Худои шумо аз ҳамаи сибтҳои шумо баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо со-кин гардонад, яъне ба маскани Ӯ рӯй оваред, ва ба он ҷо биёед,
  6. Ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои худ,  ва ушрҳои худ, ва ҳадияҳои афроштании дастҳои худ, ва назрҳои худ, ва  хайроти  худ,   ва  нахустзодаҳои   говон  ва  гӯсфандони худро ба он ҷо биёред.
  7. Ва дар он ҷо ба ҳузури Худованд Худои худ бихӯред, ва худатон ва аҳли байтатон барои ҳар шуғли дасти худ, ки Худованд Худои шумо дар он шуморо баракат додааст, хурсандӣ кунед.
  8. Ҳар он чиро, ки мо имрӯз дар ин ҷо мекунем, яъне ҳар он чи ба назари ҳар кас дуруст намояд, накунед.
  9. Зеро ки то алҳол ба оромӣ ва ба мулке ки Худованд Худои шумо ба шумо медиҳад, нарасидаед.
  10. Вале ҳангоме ки аз Урдун убур намуда, дар замине ки Худованд Худои шумо ба шумо ҳамчун мулк медиҳад, сокин шавед, ва Ӯ шуморо аз ҳамаи душманонатон аз гирду пеш оромӣ диҳад, ва шумо дар амният зиндагӣ кунед, —
  11. Он гоҳ кадом маконе ки Худованд Худои шумо баргу-зинад, то ки исми Худро дар он сокин гардонад, ба он ҷо ҳар он чиро, ки ман ба шумо амр фармоям, биёред, яъне қур-бониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои  худ, ушрҳо ва  ҳадияҳои аф-роштании  дастҳои худ, ва ҳар гузини  назрҳои  худро, ки барои Худованд назр намоед;
  12. Ва ба ҳузури Худованд Худои худ хурсандӣ кунед, — худатон ва писаронатон ва духтаронатон, ва ғуломатон ва канизатон, ва левизодагоне ки дар шаҳри шумо бошанд, зеро ки онҳо бо шумо ҳиссае ва мулке надоранд.
  13. Эҳтиёт бош, ки қурбониҳои сӯхтании худро дар ҳар маконе ки мебинӣ, тақдим накунӣ;
  14. Балки фақат дар маконе ки Худованд дар яке аз сибт-ҳои ту баргузинад, қурбониҳои сӯхтании худро тақдим намо, ва ҳар он чи ман ба ту амр фармоям, дар он ҷо ба амал овар.
  15. Аммо гӯштро, мувофиқи тамоми ҳаваси дили худ, бар ҳасби баракате ки Худованд Худоят  ба ту  бидиҳад,  дар ҳамаи шаҳрҳои худ забҳ намуда, бихӯр; шахсони наҷис ва пок метавонанд аз он бихӯранд, чунон ки аз гӯшти ғизол ва оҳу мехӯранд.
  16. Лекин хунро  нахӯред;   онро   мисли   об   бар   замин бирезед.
  17. Ту наметавонӣ дар шаҳрҳои худ ушри ғалла ва ши-раи ангур ва равғани зайтуни худро, ва нахустзодаҳои го-вон ва гӯсфандони худро, ва ҳар назреро, ки назр карда бошӣ, ва хайроти  худ   ва  ҳадияҳои   афроштании  дастҳои худро бихӯрӣ;
  18. Балки онҳоро  ба  ҳузури Худованд Худои  худ  дар маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, бихӯр, — худат ва писарат ва духтарат, ва ғуломат ва канизат, ва левизо-дагоне ки дар шаҳрҳои ту бошанд; ва ба ҳузури Худованд Худои худ барои ҳар шуғли дасти худ хурсандӣ намо.
  19. Эҳтиёт бош, ки левизодагонро дар тамоми айёми худ, ки дар замини худ бошӣ, тарк накунӣ.
  20. Ҳангоме ки Худованд Худоят ҳудуди туро, чунон ки ба ту гуфтааст, васеъ кунад, ва ту бигӯӣ: «Гӯшт хоҳам хӯрд», зеро ки дили ту ҳаваси гӯшт хӯрдан дорад, — пас, мувофиқи тамоми ҳаваси дили худ гӯшт бихӯр.
  21. Агар маконе ки Худованд Худои ту барои сокин гардо-нидани исми Худ баргузинад, аз ту дур бошад, ту аз говон ва гӯсфандони худ, ки Худованд ба ту бидиҳад, чунон ки ба ту амр фармудаам, забҳ намуда, дар шаҳрҳои худ мувофиқи тамоми ҳаваси дили худ бихӯр.
  22. Аммо, чунон ки гӯшти ғизол ва оҳуро мехӯранд, ончу-нон аз он бихӯр; шахсони  наҷис ва пок метавонанд аз он бихӯранд.
  23. Фақат эҳтиёт  бош,  ки  хунро  нахӯрӣ,  зеро   ки хун ҷон аст, ва ту ҷонро бо гӯшт нахӯр.
  24. Онро нахӯр: онро мисли об бар замин бирез.
  25. Онро нахӯр,   то  ки  барои ту  ва  баъд аз ту барои писаронат некӯ бошад, вақте ки ту он чиро, ки дар назари Худованд дуруст аст, ба амал оварӣ.
  26. Фақат қурбониҳои муқаддаси худро, ки дошта бошӣ, ва назрҳои худро бардошта, ба маконе ки Худованд баргузинад, биё.
  27. Ва қурбониҳои  сӯхтании  худро, яъне гӯшт ва хуни онҳоро, бар қурбонгоҳи Худованд Худои худ тақдим намо; ва хуни забҳҳои худро бар қурбонгоҳи Худованд Худои худ бирез, ва гӯшти онҳоро бихӯр.
  28. Ҳамаи ин суханонро, ки ман ба ту амр мефармоям, шунида риоя намо, то ки барои ту  ва  баъд  аз ту барои писаронат то абад некӯ бошад, вақте ки ту он чиро, ки дар назари Худованд Худои ту некӯ ва дуруст аст, ба амал оварӣ.
  29. Ҳангоме ки Худованд Худои ту халқҳоеро, ки барои забт кардани онҳо ба он ҷо меравӣ, аз пеши ту маҳв намояд, ва ту онҳоро бадар ронда, дар замини онҳо сокин шавӣ, —
  30. Эҳтиёт бош, ки баъд аз он ки онҳо аз пеши ту маҳв шуда бошанд, онҳоро пайравӣ намуда, ба дом наафтӣ, ва ҷӯёи худоёни онҳо шуда, нагӯӣ: «Чӣ гунае ки ин халқҳо худоёни худро ибодат мекарданд, ман низ чунин амал хоҳам кард».
  31. Бо Худованд Худои худ чунин амал накун! Зеро ки ҳар он чи дар назари Худованд зишт аст, ва аз он Ӯ нафрат дорад, онҳо бо худоёни худ мекарданд; онҳо ҳатто писарон ва духтарони худро барои худоёни худ дар оташ месӯзониданд.
  32. Ҳар он чи ман ба шумо амр мефармоям, саъю кӯшиш намуда онро ба амал оваред; чизе бар он илова нанамоед ва чизе аз он кам накунед».$

© IBT 1992

Реклама