Еҳушаъ боби 6

Фатҳ кардани Ериҳӯ.

  1. ВА Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Инак, Ман Ериҳӯ ва подшоҳи он ва мардони ҷангии онро ба дасти ту месупорам.
  2. Ва шумо, ҳамаи ҷанговарон, дар гирди шаҳр гардиш намоед, яъне шаҳрро як карат давр занед; шаш рӯз чунин амал намо.
  3. Ва ҳафт коҳин бигзор ҳафт шохи кӯчқорро пешопеши сандуқ бардошта гарданд, ва дар рӯзи ҳафтум ҳафт карат дар гирди шаҳр гардиш намоед, ва коҳинон шохҳоро бинавозанд.
  4. Ва чун шохи қӯчқор дуру дароз навохта шавад, ва шумо садои шохро бишнавед, бигзор тамоми қавм бо овози баланд фарьёд зананд, ва ҳисори шаҳр дар ҷои худ фурӯ хоҳад ғалтид, ва қавм, ҳар яке аз рахнаи рӯ ба рӯи худ, ба шаҳр дохил хоҳанд шуд».
  5. Ва Еҳушаъ ибни Нун коҳинонро даъват намуда, ба онҳо гуфт: «Сандуқи аҳдро бардоред; ва ҳафт коҳин бигзор ҳафт шохи кӯчқорро пешопеши сандуқи Худованд бардоранд».
  6. Ва ба қавм гуфт: «Равона шавед ва дар гирди шаҳр гардиш намоед, ва фавҷи пешгард бигзор пешопеши сан-дуқи Худованд равона шаванд».
  7. Ва чун Еҳушаъ ба қавм ин суханонро гуфт, ҳафт коҳин, ки ҳафт шохи қӯчқорро пеши Худованд бардошта буданд, равона шуда, шохҳоро навохтанд; ва сандуқи аҳди Худованд аз ақиби онҳо мерафт.
  8. Ва фавҷи пешгард пешопеши коҳинони навозандаи шохҳо мерафтанд, ва фавҷи соқа аз ақиби сандуқ мерафтанд; қадам мезаданду шохҳоро менавохтанд.
  9. Ва Еҳушаъ ба қавм амр фармуда, гуфт: «Фарьёд назанед ва овози худро нашунавонед, ва сухане аз даҳонатон наба-рояд, то рӯзе ки ба шумо бигӯям: «Фарьёд занед!» — ва он гоҳ фарьёд хоҳед зад».
  10. Ва сандуқи Худованд дар гирди шаҳр гардиш намуда, як карат онро давр зад, ва онҳо ба ӯрдугоҳ омаданд, ва шаб-ро дар ӯрдугоҳ гузарониданд.
  11. Ва Еҳушаъ  бомдодон  бармаҳал бархост, ва коҳинон сандуқи Худовандро бардоштанд.
  12. Ва ҳафт коҳин, ки ҳафт шохи қӯчқорро пешопеши сан-дуқи Худованд бардошта мерафтанд, қадам зада мерафтанду шохҳоро менавохтанд, ва фавҷи пешгард пешопеши онҳо равона буданд, ва фавҷи соқа аз ақиби сандуқи Худованд мерафтанд; қадам мезаданду шохҳоро менавохтанд.
  13. Ва дар гирди шаҳр дар рӯзи дуюм як карат гардиш намуда, ба ӯрдугоҳ баргаштанд; шаш рӯз чунин амал карданд.
  14. Ва дар рӯзи ҳафтум баробари дамидани субҳ бармаҳал бархоста, дар гирди шаҳр ба ҳамин минвол ҳафт карат гар-диш карданд; фақат дар ин рӯз дар гирди шаҳр ҳафт карат гардиш карданд.
  15. Ва ҳангоме ки дафъаи ҳафтум коҳинон шохҳоро на-вохтанд, Еҳушаъ  ба қавм  гуфт:   «Фарьёд занед, зеро ки Худованд шаҳрро ба шумо супурдааст!
  16. Ва ин шаҳр, ва ҳар чи дар он аст, барои Худованд ҳаром хоҳад буд; фақат Роҳоби фоҳиша бо ҳар касе ки дар хонаи вай аст, зинда хоҳад монд, зеро вай қосидонеро, ки фиристодем, пинҳон кард.
  17. Валекин шумо аз чизи ҳаром эҳтиёт кунед, мабодо бо даст задан ба чизи ҳаром шумо нобуд шавед, ва ӯрдугоҳи Исроилро гирифтори ҳалокат карда, фалокате ба сари он биёред.
  18. Ва тамоми нуқра ва тилло ва зарфҳои мисин ва оҳанин вақф барои Худованд буда, ба ганҷинаи Худованд дохил хоҳад шуд».
  19. Ва қавм фарьёд заданд, ва шохҳоро навохтанд; ва ҳан-гоме ки қавм садои шохро шуниданд, қавм бо овози ба-ланд фарьёд заданд, ва ҳисор дар ҷои худ фурӯ ғалтид, ва қавм, ҳар яке аз рахнаи рӯ ба рӯи худ,  ба   шаҳр дохил шуданд, ва шаҳрро забт карданд.
  20. Ва ҳар чиро, ки дар шаҳр буд, — аз мард то зан, аз ҷавон то пир ва то гов ва гӯсфанд ва хар, — ба дами шамшер маҳв карданд.
  21. Ва Еҳушаъ ба он ду мард, ки ин заминро ҷосусӣ карда буданд, гуфт: «Ба хонаи он фоҳиша биравед, ва он занро бо ҳамаи онҳое ки назди вай ҳастанд, берун оваред, чунон ки ба вай қасам хӯрдаед».
  22. Ва он ду ҷавони ҷосус рафта, Роҳоб ва падараш ва мо-бародаронаш ва ҳамаи  онҳоеро,   ки назди вай буданд, ва тамоми аҳли оилаи варо бароварданд, ва онҳоро берун аз ӯрдугоҳи Исроил ҷо доданд.
  23. Ва шаҳрро бо ҳар чи дар он буд, ба оташ сӯзониданд; фақат нуқра ва тилло ва зарфҳои мисин ва оҳанинро ба ган-ҷинаи хонаи Худованд супурданд.
  24. Ва Роҳоби фоҳиша ва хонадони падари вай ва ҳамаи онҳоеро, ки назди вай буданд, Еҳушаъ зинда нигоҳ дошт, ва вай то имрӯз дар миёни Исроил сокин аст, зеро вай қосидонеро, ки Еҳушаъ барои ҷосусии Ериҳӯ фиристода буд, пинҳон кард.
  25. Ва Еҳушаъ дар он вақт қасам дода, гуфт: «Малъун бод ба ҳузури Худованд касе ки бархоста, ин шаҳри Ериҳӯро бино кунад: бар писари нахустзодаи худ буньёди онро хоҳад ниҳод ва бар писари хурдии худ  дарвозаҳои  онро  хоҳад шинонид».
  26. Ва Худованд бо Еҳушаъ буд, ва шӯҳрати ӯ дар тамоми замин паҳн шуд.

© IBT 1992

Реклама