Еҳушаъ боби 5

Тарсу ҳарос дар Канъон. Манн тамом шуд.

  1. ВА ҳамаи подшоҳони амӯрӣ, ки дар он тарафи Ӯрдун ба самти ғарб  буданд, ва ҳамаи подшоҳони канъонӣ, ки дар соҳили баҳр буданд, чун шуниданд, ки Худованд обҳои Урдунро пеши банӣ-Исроил хушконидааст, то даме ки онҳо убур кардаанд, — дилҳошон бемаҷол гардид, ва дар онҳо дигар рӯҳи муқовимат пеши банӣ-Исроил боқӣ намонд.
  2. Дар он вақт Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Кордҳо аз санги чақмоқ барои худ бисоз, ва аз нав, бори дуюм банӣ-Исроилро хатна намо».
  3. Ва Еҳушаъ кордҳои чақмоқ барои худ сохта, банӣ-Исроилро бар тали Аролӯт хатна кард.
  4. Ва ин аст сабаби хатна кардани Еҳушаъ: тамоми на-ринаи қавме ки аз Миср берун омада бӯданд, ҳамаи мардони ҷангӣ, баъд аз он ки аз Миср берун омаданд, дар роҳи биёбон мурданд,
  5. Дар сурате ки тамоми ин қавмӣ беруномада махтун буданд, вале тамоми қавме ки дар роҳи биёбон, баъд аз берун омадан аз Миср, таваллуд шуда буданд, махтун набуданд.
  6. Зеро ки банӣ-Исроил чил сол дар биёбон роҳ рафтанд, то вақти фано шудани тамоми он халқ;, яъне ҳамаи мардони ҷангие ки аз Миср берун омада буданд, зеро ки онҳо ба овози Худованд гӯш надоданд, ва Худованд ба онҳо қасам хӯрд, ки онҳо он заминро нахоҳанд дид, ки Худованд ба падаро-нашон қасам хӯрда буд, ки онро ба мо бидиҳад, замине ки шир ва асал дар он ҷорист;
  7. Ва писарони онҳоро ба ҷои онҳо барпо намуд; ана ҳа-минҳоро Еҳушаъ хатна кард, зеро ки ғилофакдор буданд, чунки онҳоро дар роҳ хатна накарда буданд.
  8. Ва ҳангоме ки хатнаи тамоми ин халқ анҷом ёфт, онҳо дар ҷойҳои худ дар ӯрдугоҳ монданд, то даме ки сиҳат ёфтанд.
  9. Ва Худованд ба  Еҳушаъ гуфт:   «Имрӯз Ман нанги Мисрро аз шумо дур кардам». Аз ин рӯ номи ин макон то имрӯз Ҷилҷол хонда мешавад.
  10. Ва банӣ-Исроил дар Ҷилҷол ӯрду заданд, ва иди фисҳ-ро дар рӯзи чордаҳуми моҳ, бегоҳирӯзӣ, дар саҳроҳои Ериҳӯ ба ҷо оварданд.
  11. Ва фардои фисҳ, аз  ҳосилоти  ин  замин  дар ҳамон рӯз фатир ва хӯшабирьён хӯрданд.
  12. Ва аз фардояш, вақте ки аз ҳосили замин хӯрданд, боридани манн қатъ шуд, ва банӣ-Исроил дигар манн надош-танд, балки дар он сол онҳо аз ҳосилоти замини Канъон мехӯрданд.

Пешвои асроромез.

  1. Ва ҳангоме ки Еҳушаъ назди Ериҳӯ буд, ӯ чашмо-нашро боло бардошта, нигарист, ва инак, марде дар рӯ ба рӯи ӯ истодааст, ва шамшери бараҳна дар дасти вай аст; ва Еҳу-шаъ назди вай омада, ба вай гуфт: «Оё ту аз мо ҳастӣ ё аз душманони мо?»
  2. Вай гуфт: «Не, балки ман пешвои лашкари Худованд ҳастам, ки алҳол омадам». Ва Еҳушаъ рӯ ба замин афтода, саҷда бурд ва ба вай гуфт: «Оғоям ба бандаи худ чӣ мегӯяд?»
  3. Ва пешвои   лашкари   Худованд   ба   Еҳушаъ   гуфт: «Пойафзолатро аз пойҳоят бикаш, зеро ҷое ки ту истодаӣ, муқаддас аст». Ва Еҳушаъ чунин кард.
  4. Ва Ериҳӯ пеши банӣ-Исроил маҳкам баста шуда буд: касе аз он берун намерафт ва касе ба он дохил намешуд.

© IBT 1992

Реклама