Еҳушаъ боби 3

Аз Ӯрдун убур карданд.

  1. ВА Еҳушаъ бомдодон бармаҳал бархост, ва ӯ ва тамо-ми банӣ-Исроил аз Шиттим равона шуда, ба Урдун омада расиданд, ва пеш аз он ки убур кунанд, шабро дар он ҷо гузарониданд.
  2. Ва баъд аз гузаштани се рӯз нозирон андаруни ӯрдугоҳ давр заданд,
  3. Ва ба қавм амр фармуда, гуфтанд: «Вақте ки сандуқи аҳди Худованд Худои худро бубинед, ки коҳинон ва леви-зодагон онро бардошта мебаранд, шумо низ аз ҷои худ равона шавед, ва аз ақиби он биравед.
  4. Аммо дар миёни шумо ва он то ду ҳазор зироъ масофа бояд бошад; ба он наздик нашавед, то роҳеро, ки бо он хо-ҳед рафт, бидонед, зеро ки шумо ҳаргиз бо ин роҳ убур нана-мудаед».
  5. Ва Еҳушаъ ба қавм гуфт: «Худро тақдис намоед, зеро ки фардо Худованд дар миёни шумо корҳои аҷоиб хоҳад кард».
  6. Ва Еҳушаъ ба коҳинон сухан ронда, гуфт: «Сандуқи аҳдро бардошта,  пеши  қавм убур намоед». Ва онҳо сандуқи аҳдро бардошта, пеши қавм равона шуданд.
  7. Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Имрӯз Ман ба бузург гардонидани ту дар назари тамоми Исроил шурӯъ менамоям, то бидонанд, ки чунон ки бо Мусо будам, ончунон бо ту хо-ҳам буд;
  8. Ва ту ба коҳинони бардорандаи сандуқи аҳд амр фар-муда, бигӯй: «Ҳамин ки ба канори обҳои Урдун бирасед, дар Урдун биистед»».
  9. Ва Еҳушаъ ба банӣ-Исроил гуфт: «Ба   ин ҷо наздик омада,   суханони   Худованд   Худои   худро бишнавед».
  10. Ва Еҳушаъ гуфт: «Бо ин хоҳед донист, ки Худои Ҳай дар миёни шумост, ва Ӯ канъониён ва ҳиттиён ва ҳиввиён ва фариззиён ва ҷирҷошиён ва амӯриён ва  ябусиёнро   аз пеши шумо маҳв хоҳад кард;
  11. Инак, сандуқи аҳди Молики тамоми ҷаҳон пешопеши шумо аз Урдун убур хоҳад намуд;
  12. Ва алҳол шумо дувоздаҳ нафар аз сибтҳои Исроил, аз ҳар сибт як нафар, барои худ бигиред;
  13. Ва ҳамин ки кафи пойҳои коҳинони бардорандаи сан-дуқи аҳди Худованди Молики тамоми ҷаҳон ба обҳои Урдун дохил шавад, обҳои Ӯрдун, обҳое ки аз боло фурӯд меояд, қатъ гардида, мисли деворе хоҳад бозистод».
  14. Ва ҳангоме ки қавм аз хаймаҳои худ равона шуданд, то аз Урдун убур намоянд, ва коҳинони бардорандаи сандуқи аҳд пешопеши қавм буданд,
  15. Ҳамин ки бардорандагони сандуқ ба Урдун расиданд, ва пойҳои коҳинони бардорандаи сандуқ ба канори об ғӯтид, — дар сурате ки Ӯрдун тамоми айёми дарав бар ҳамаи со-ҳилҳояш лабрез мешавад, —
  16. Обҳое ки аз боло фурӯд меомад, ба масофаи бисьёр дур аз шаҳри Одом, ки дар ҷониби Сортон аст, мисли де-воре бозистод, ва обҳое ки сӯи баҳри биёбон, яъне баҳри Намак, фурӯд меомад, тамоман қатъ гардид, ва қавм дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ убур карданд.
  17. Ва коҳинони бардорандаи сандуқи аҳди Худованд ан-даруни Урдун дар хушкӣ маҳкам меистоданд, ва тамоми Исроил дар хушкӣ убур мекарданд, то даме ки аз Ӯрдун убур кардани тамоми халқ анҷом ёфт.

© IBT 1992

Реклама