Еҳушаъ боби 2

Роҳоб ва ҷосусон.

  1. ВА Еҳушаъ ибни Нун аз Шиттим ду марди ҷосусро пинҳонӣ фиристода, гуфт: «Рафта, он замин ва Ериҳӯро бубинед». Онҳо рафта, ба хонаи фоҳишае ки Роҳоб ном дошт, даромаданд ва дар он ҷо хоб карданд.
  2. Ва ба подшоҳи Ериҳӯ чунин хабар расид: «Инак, имшаб ба ин ҷо мардон аз банӣ-Исроил омадаанд, то ки заминро ҷосусӣ кунанд».
  3. Ва подшоҳи   Ериҳӯ  назди   Роҳоб фиристода, гуфт: «Мардонеро, ки назди ту омада, ба хонаи ту даромадаанд, берун овар, зеро онҳо омадаанд, то ки тамоми ин заминро ҷосусӣ кунанд».
  4. Валекин зан он ду  мардро  гирифта, пинҳон кард, ва гуфт: «Оре, он мардон назди ман омада буданд, вале ман надонистам, ки онҳо аз куҷоянд;
  5. Ва чун ҳаво торик шуда, вақти бастани дарвоза расид, он мардон берун рафтанд; намедонам, ки онҳо куҷо рафтанд; зуд онҳоро таъқиб намоед, ки ба онҳо хоҳед расид».
  6. Ва ҳол он ки ӯ онҳоро болои бом бароварда, дар ми-ёни зағирпояҳо, ки болои бом чида буд, пинҳон кард.
  7. Пас он касон онҳоро дар роҳе ки сӯи Урдун мебурд, то худи маъбарҳо таъқиб карданд; ва баъд аз он ки таъқибкунандагони онҳо берун рафтанд, дарвозаро бастанд.
  8. Ва пеш аз он ки онҳо хоб раванд, ӯ назди онҳо болои бом баромад,
  9. Ва ба он мардон гуфт: «Ман медонам, ки Худованд ин заминро ба шумо додааст, ва тарси шумо моро фаро гириф-тааст, ва ҳамаи сокинони ин замин пеши шумо беҷуръат шудаанд;
  10. Зеро шунидаем, ки чӣ гуна Худованд  обҳои баҳри Қулзумро пеши шумо хушк кардааст,  вақте  ки  аз  Миср берун омадед, ва чӣ гуна шумо бо ду подшоҳи амӯрӣ, ки дар он тарафи Ӯрдун буданд, яъне бо Сиҳӯн ва Ӯҷ амал намуда,  онҳоро маҳв кардаед;
  11. Ва ҳангоме ки инро шунидем,  дилҳои  мо  бемаҷол гардид, ва дар ҳеҷ кас дигар рӯҳи муқовимат пеши шумо боқӣ намонд, зеро ки Худованд Худои шумо ҳам дар осмон ва ҳам бар замин Худо мебошад.
  12. Ва алҳол барои ман ба Худованд қасам ёд кунед, ки ба хотири эҳсоне ки ман ба шумо кардам, шумо низ ба хонадони падари ман эҳсон хоҳед кард; ва нишони мӯътабаре ба ман бидиҳед,
  13. Ки шумо падарам ва модарам ва бародаронам ва хоҳаронам ва ҳар киро, ки онҳо доранд, зинда хоҳед гузошт, ва ҷонҳои моро аз марг раҳо хоҳед кард».
  14. Ва он мардон ба ӯ гуфтанд: «Бигзор ҷонҳои мо ба ҷои шумо бимирад, агар шумо ин кори моро ошкор накунед; ва ҳангоме ки Худованд ин заминро ба мо бидиҳад, мо ба ту ба ростӣ эҳсон хоҳем кард».
  15. Ва ӯ онҳоро бо танобе аз тиреза фуровард, зеро ки хо-наи ӯ дар мобайни деворҳои ҳисор буд, ва ӯ дар мобайни ҳисор сукунат дошт.
  16. Ва ба онҳо гуфт: «Ҷониби кӯҳ биравед, мабодо таъ-қибкунандагон ба шумо осебе расонанд; ва дар он ҷо се рӯз пинҳон шавед, то даме ки таъқибкунандагон баргарданд; ва баъд ба роҳи худ хоҳед рафт».
  17. Ва он мардон ба ӯ гуфтанд: «Мо аз ин қасами ту, ки моро қасам додӣ, дар чунин сурат фориғ хоҳем буд:
  18. Инак, мо ба ин замин меоем; ту ин арғамчини дорои риштаи қирмизиро ба тирезае ки моро аз он фуровардӣ, бибанд; ва падарат ва модарат ва бародаронат ва тамоми аҳли байти падаратро назди худ ба хонаат ҷамъ кун;
  19. Ва ҳар касе ки аз дари хонаи ту берун равад, хунаш ба гарданаш хоҳад буд, ва мо фориғ хоҳем буд; ва ҳар касе ки бо ту дар хона бошад, агар дасти тааддӣ ба вай бирасад, хуни вай ба гардани мо хоҳад буд;
  20. Вале агар ту ин кори моро ошкор кунӣ, мо аз қасами ту, ки моро қасам додӣ, фориғ хоҳем буд».
  21. Ва ӯ гуфт: «Бигзор аз рӯи гуфтаи шумо бишавад!» Ва онҳоро фиристод, ва онҳо рафтанд; ва арғамчини қирмизиро ба тиреза баст.
  22. Ва онҳо рафта, ба кӯҳ расиданд, ва дар он ҷо се рӯз монданд, то  даме   ки   таъқибкунандагон   баргаштанд;   ва таъқибкунандагон   тамоми   роҳро   чустуҷӯ   карданд,   вале наёфтанд.
  23. Ва он ду мард гашта аз кӯҳ фуромаданд, ва аз наҳр убур намуда, назди Еҳушаъ ибни Нун омаданд, ва ҳар чиро, ки ба онҳо рӯй дода буд, ба ӯ ҳикоят карданд.
  24. Ва ба Еҳушаъ гуфтанд: «Ба ростӣ, Худованд тамоми он заминро ба дасти мо супурдааст, ва ҳамаи сокинони он замин пеши мо беҷуръат шудаанд».

© IBT 1992

Реклама