Еҳушаъ боби 15

Мулки Яҳудо ва сарҳадҳои он.

  1. ВА қуръа барои хонадони банӣ-Яҳудо, мувофиқи қаби-лаҳои онҳо, назди сарҳади Адӯм, яъне биёбони Син, ба тарафи ҷануб, аз охири ҷануб афтод.
  2. Ва сарҳади ҷанубии онҳо аз охири баҳри Намак, аз халиҷе ки ба тарафи ҷануб паҳн шуда меравад, буд.
  3. Ва дар ҷануб он сӯи баландии Ақрабим берун омада, ба Син мегузашт, ва аз тарафи ҷанубӣ ба Қодеш-Барнеа баромада, аз Ҳефӯн мегузашт, ва ба Аддоро баромада, ба самти Қарқоъ мегашт.
  4. Ва аз Асмӯн гузашта, ба водии Миср берун меомад, ва интиҳои ин ҳудуд баҳр буд; ин сарҳади ҷанубии шумо хоҳад буд.
  5. Ва сарҳади шарқӣ баҳри Намак то охири Урдун буд; ва сарҳади тарафи шимол аз халиҷи баҳр, аз резишгоҳи Урдун буд.
  6. Ва сарҳад сӯи Байт-Ҳоҷло баромада, аз шимоли Байт-Аробо мегузашт; ва сарҳад сӯи санги Бӯҳан, писари Реубен, мебаромад.
  7. Ва сарҳад аз водии Охӯр сӯи Дабир мебаромад, ва дар шимол ба тарафи Ҷилҷол мегашт, ки он дар рӯ ба рӯи Маале-Адумим, дар ҷануби водӣ воқеъ буд; ва сарҳад аз пеши обҳои Эйн-Шемеш   мегузашт, ва интиҳои он назди Эйн-Рӯҷил буд.
  8. Ва сарҳад сӯи дараи Бен-Ҳиннӯм, аз ҷануби барҷас-тагии Ябусӣ,  ки  Ерусалим  бошад,  мебаромад; ва сарҳад сӯи қуллаи кӯҳ мебаромад, ки он ба самти ғарб дар рӯ ба рӯи дараи Ҳиннӯм ва ба самти шимол дар охири водии Ра-фоим воқеъ буд.
  9. Ва сарҳад аз қуллаи кӯҳ сӯи чашмаи обҳои Нефтӯҳа гашта, назди шаҳрҳои кӯҳи Эфрӯн берун меомад; ва сар-ҳад сӯи Баал, ки Қирьят-Еорим бошад, мегашт.
  10. Ва сарҳад аз Баал ба самти ғарб сӯи кӯҳи Сеир мегашт, ва аз тарафи шимол сӯи барҷастагии кӯҳи Еорим, ки Ка-солӯн бошад, мегузашт, ва сӯи Байт-Шемеш фурӯд омада, аз Тимно мегузашт.
  11. Ва сарҳад ба тарафи шимол сӯи барҷастагии Эқрӯн берун меомад; ва сарҳад ба самти Шикрӯн мегашт, ва аз кӯҳи Баал гузашта, назди Ябнаил берун меомад; ва инти-ҳои сарҳад баҳр буд.
  12. Ва сарҳади ғарбӣ баҳри Бузург буд; ва ин аст ҳудуди банӣ-Яҳудо аз ҳар тараф мувофиқи қабилаҳои онҳо.
  13. Ва ба Колеб ибни Ефунне, бар тибқи он чи Худо-ванд ба Еҳушаъ гуфта буд, ӯ дар миёни банӣ-Яҳудо ҳиссае, яъне падари аноқиён Қирьят-Арбаъро дод, ки Ҳебрӯн бошад.
  14. Ва Колеб се писари Аноқ: Шешай, Аҳиман ва Тал-майро, ки зодагони Аноқ буданд, аз он ҷо бадар ронд.
  15. Ва аз он ҷо бар зидди сокинони Дабир баромад; ва номи Дабир пештар Қирьят-Сефер буд.
  16. Ва Колеб гуфт: «Касе ки ба Қирьят-Сефер шикаст ра-сонад ва онро бигирад, духтари худ Аксоро ба вай ба занӣ хоҳам дод».
  17. Ва Отниил ибни Қеназ, додари Колеб, онро гирифт, ва ӯ духтари худ Аксоро ба вай ба занӣ дод.
  18. Ва чун духтар назди вай омад, варо моил намуд, ки ӯ аз падари худ киштзоре биталабад, ва ӯ аз болои хар фу-рӯд омад; ва Колеб ба ӯ гуфт: «Ту чӣ мехоҳӣ?»
  19. Ва ӯ гуфт: «Ба ман баракате бидеҳ, зеро ки замини ҷанубиро ту ба ман додаӣ, пас чашмаҳои обро ҳам ба ман бидеҳ». Ва Колеб чашмаҳои боло ва чашмаҳои поёнро ба ӯ дод.
  20. Ин аст мулки хонадони банӣ-Яҳудо мувофиқи қаби-лаҳои онҳо.
  21. Ва шаҳрҳои   интиҳоии   хонадони   банӣ-Яҳудо назди сарҳади  Адӯм дар ҷануб  инҳо  буданд: Қабсаил, Эдер ва Ёҷур,
  22. Қино, Димӯна ва Адъодо,
  23. Қодеш, Ҳосӯр ва Итнон,
  24. Зиф, Телем ва Баалӯт,
  25. Ҳосӯр-Ҳадатто, Қарийӯт, Ҳесрӯн, ки Ҳосӯр бошад,
  26. Амом, Шамаъ ва Мӯлодо,
  27. Ҳасар-Ҷаддо, Ҳешмӯн ва Байт-Полот,
  28. Ҳасар-Шуол, Беэр-Шобаъ ва   Бизйӯтьё,
  29. Баал, Ийим ва Осам,
  30. Элтӯлад, Касил ва Ҳормо,
  31. Сиклаг, Мадманно ва Сансанно,
  32. Лебоӯт, Шилҳим, Айин ва Риммӯн, — ҷамъ бисту нӯҳ шаҳр бо деҳоташон.
  33. Дар пастӣ: Эштоӯл, Соръо ва Ашно,
  34. Зонӯҳа, Эйн-Ҷанним, Тапуҳа ва Эном,
  35. Ярмут, Адуллом, Сӯхӯ ва Азеқо,
  36. Шаароим, Адитоим, Ҷадиро ва Ҷадирӯтоим, — чор-даҳ шаҳр бо деҳоташон.
  37. Санон, Ҳадошо ва Миҷдал-Ҷод,
  38. Дилъон, Мисфо ва Ёқтаил,
  39. Лохиш, Босқат ва Эҷлӯн,
  40. Каббӯн, Лаҳмос ва Китлиш,
  41. Ҷадирӯт, Байт-Доҷӯн,   Наамо   ва   Маққедо, — шонздаҳ шаҳр бо деҳоташон.
  42. Либно, Этер ва Ошон,
  43. Ифтоҳ, Ашно ва Насиб,
  44. Қаило, Акзиб ва Морешо, — нӯҳ шаҳр бо деҳоташон.
  45. Эқрӯн бо қасабаҳо ва деҳоти он.
  46. Аз Эқрӯн то баҳр ҳар он чи назди Ашдӯд бо деҳоти онҳо буд.
  47. Ашдӯд, қасабаҳо ва деҳоти он, Ғазза, қасабаҳо ва де-ҳоти он, то водии Миср ва баҳри Бузург ва соҳили он.
  48. Ва дар кӯҳистон:   Шомир,  Яттир  ва  Сӯхӯ,
  49. Данно, Қирьят-Санно, ки Дабир бошад,
  50. Аноб, Эштемӯ ва Оним,
  51. Ҷӯшан, Ҳӯлӯн ва Ҷилӯ, — ёздаҳ шаҳр бо деҳоташон.
  52. Ароб, Думо ва Эшъон,
  53. Ёнум, Байт-Тапуҳа ва Афиқо,
  54. Ҳумто, Қирьят-Арбаъ, ки Ҳебрӯн бошад, ва Сиӯр,— нӯҳ шаҳр бо деҳоташон.
  55. Моӯн, Кармил, Зиф ва Ютто,
  56. Изреъил, Ёқдаом ва Зонӯҳа,
  57. Қайин, Ҷибъо ва Тимно, — даҳ шаҳр бо деҳоташон.
  58. Ҳалҳул, Байт-Сур ва Ҷадӯр,
  59. Маарот, Байт-Анӯт ва Элтақӯн, — шаш шаҳр бо деҳо-ташон.
  60. Қирьят-Баал, ки Қирьят-Еорим бошад, ва Ҳораббо, — ду шаҳр бо деҳоташон.
  61. Дар биёбон: Байт-Аробо, Миддин ва Сахохо,
  62. Нибшон, Ир-Мелаҳ ва Эйн-Ҷадӣ, — шаш шаҳр бо де-ҳоташон.
  63. Вале ябусиёнро, ки сокинони Ерусалим буданд, банӣ-Яҳудо натавонистанд бадар ронанд; ва ябусиён бо банӣ-Яҳудо то имрӯз дар Ерусалим сокинанд.

© IBT 1992

Реклама