Еҳушаъ боби 1

Худованд   Еҳушаъ   ибни   Нунро дар унвони пешвои қавм тасдиқ мекунад.

  1. ВА баъд аз вафоти Мусо, бандаи Худованд, чунин воқеъ шуд, ки Худованд ба Еҳушаъ ибни Нун, хизматгузори Мусо, сухан ронда, гуфт:
  2. «Мусо, бандаи Ман, вафот ёфт; ва алҳол бархоста, аз ин рӯди Ӯрдун убур намо, ту ва тамоми ин қавм, ба замине ки Ман ба онҳо, ба банӣ-Исроил, медиҳам.
  3. Ҳар ҷоеро, ки кафи пои шумо бар он гузошта шавад, ба шумо медиҳам, чунон ки ба Мусо гуфтаам.
  4. Аз биёбон ва ин Лубнон то наҳри бузург, ки наҳри Фурот бошад, тамоми замини ҳиттиён то баҳри Бузург, ки ғурубгоҳи офтоб аст, ҳудуди шумо хоҳад буд.
  5. Ҳеҷ кас дар тамоми айёми умрат қодир нахоҳад буд, ки пеши ту истодагӣ намояд; чунон ки бо Мусо будам, бо ту низ хоҳам буд; туро бемаҷол нахоҳам гардонид ва тарк нахоҳам кард.
  6. Қавӣ ва далер бош, зеро ки ту ба тасарруфи ин қавм заминеро хоҳӣ даровард, ки дар бораи он ба падаронашон қасам хӯрдаам, ки ба онҳо бидиҳам.
  7. Фақат қавӣ ва далер бош, то ки бо риояти дурусти тамоми шариате ки Мусо, бандаи Ман, ба ту амр фармудааст, амал намоӣ; аз он ба тарафи рост ё чап дур нашав, то ба ҳар ҷое ки меравӣ, муваффақият ба даст оварӣ.
  8. Бигзор ин китоби шариат аз даҳони ту дур нашавад, ва онро ту рӯзу шаб биомӯз, то бо риояти ҳар он чи дар он навишта шудааст, амал намоӣ, зеро ки он гоҳ дар роҳҳои худ комьёб гардида, муваффақият ба даст хоҳӣ овард.
  9. Ман, охир, ба ту чунин амр фармудаам: қавӣ ва далер бош, натарс ва ҳаросон нашав, зеро ба ҳар ҷое ки би-равӣ, Худованд Худои ту бо туст».

Амр ба нозирон.

  1. Ва Еҳушаъ  ба  нозирони  қавм  амр   фармуда, гуфт:
  2. «Андаруни ӯрдугоҳ давр занед, ва ба қавм амр фарму-да, бигӯед: «Барои худ тӯша муҳайё  кунед, зеро ки баъд аз се рӯз шумо аз ин Ӯрдун хоҳед гузашт,  то ки рафта, за-минеро ба тасарруфи  худ дароваред, ки Худованд Худои шумо ба шумо барои тасарруф намудан медиҳад»».
  3. Ва Еҳушаъ ба реубениён ва ҷодиён ва нисфи сибти Менашше сухан ронда, гуфт:
  4. «Ба ёд оваред он каломро, ки Мусо, бандаи Худо-ванд, ба шумо амр фармуда, гуфтааст: «Худованд Худои шумо  ба  шумо  оромӣ  бахшид,   ва   ин  заминро ба шумо дод».
  5. Занони шумо, кӯдакони шумо ва чорвои шумо бигзор дар замине ки Мусо ба шумо дар ин тарафи Урдун додааст, бимонанд, валекин шумо, ҳамаи мардони ҷангӣ, мусаллаҳ гар-дида, пешопеши бародарони худ убур намоед  ва ба  онҳо кӯмак расонед,
  6. То даме ки Худованд ба бародарони шумо низ, мисли шумо, оромӣ бахшад, ва онҳо низ заминеро, ки Худованд Худои шумо ба онҳо медиҳад, тасарруф намоянд; ва он гоҳ шумо ба мулки худ, ба замине ки Мусо, бандаи Худованд, дар ин тарафи Урдун аз тулӯъгоҳи офтоб ба шумо додааст, баргашта, онро тасарруф хоҳед кард».
  7. Ва онҳо ба Еҳушаъ ҷавоб дода, гуфтанд: «Ҳар амре ки ба мо бифармоӣ, ба ҷо хоҳем овард, ва ба ҳар куҷо, ки моро бифиристӣ, равона хоҳем шуд;
  8. Чунон ки дар ҳар бобат ба Мусо гӯш додаем, ончунон ба ту гӯш хоҳем дод, фақат Худованд Худои ту бигзор бо ту бошад, чунон ки бо Мусо буд;
  9. Ҳар касе ки ба фармони ту муқобилият намояд ва ба суханони ту дар ҳар чизе ки амр фармоӣ, гӯш надиҳад, кушта хоҳад шуд; фақат қавӣ ва далер бош».

© IBT 1992

Реклама