Еҳушаъ боби 24

Васияти Еҳушаъ ибни Нун ва фавти ӯ.

  1. ВА Еҳушаъ ҳамаи сибтҳои Исроилро дар Шакем ҷамъ кард, ва пирони Исроил, раисон, доварон ва нозирони онҳоро даъват намуд, ва онҳо ба ҳузури Худо истоданд.
  2. Ва Еҳушаъ ба тамоми қавм гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: «Падарони шумо, яъне Тораҳ падари Иброҳим ва падари Ноҳӯр, аз қадимулайём дар он тарафи наҳр сокин буданд ва худоёни дигарро ибодат мекарданд.
  3. Вале Ман падаратон Иброҳимро аз он тарафи наҳр гарифтам, ва ӯро дар тамоми замини Канъон гардонидам, ва насли ӯро афзун кардам, ва Исҳоқро ба ӯ додам.
  4. Ва Яъқуб ва Эсовро ба Исҳоқ додам; ва кӯҳи Сеирро ба Эсов додам, то ки онро ба тасарруфи худ дароварад; ва Яъқуб ва писаронаш ба Миср фурӯд омаданд.
  5. Ва Мусо ва Ҳорунро фиристода, Мисро бо он чи андаруни вай ба амал овардам, зарба задам, ва баъд аз он шуморо берун овардам.
  6. Ва падарони шуморо аз Миср берун овардам, ва шумо сӯи баҳр омадед; ва мисриён бо аробаҳо ва саворон падарони шуморо то баҳри Қулзум таъқиб карданд.
  7. Ва сӯи Худованд истиғоса бурдед, Ӯ дар миёни шумо ва мисриён торикӣ гузошт, ва баҳрро бар онҳо равона карда, онҳоро пӯшонид, ва чашмони шумо он чиро, ки дар Миср кардам, дидааст; ва айёми зиёде дар биёбон сокин будед.
  8. Ва шуморо ба замини амӯриён, ки дар он тарафи Ӯрдун сокин буданд, овардам, ва онҳо бо шумо ҷанг карданд; вале Ман онҳоро ба дасти шумо супурдам, ва шумо замини онҳоро ба тасарруфи худ даровардед, ва Ман онҳоро аз пеши шумо маҳв намудам.
  9. Ва Болоқ ибни Сиффӯр, подшоҳи Мӯоб, бархоста, бо Исроил ҷанг кард, ва фиристода, Билъом ибни Баӯрро даъ-ват намуд, то ки ба шумо лаънат гӯяд.
  10. Вале Ман нахостам Билъомро бишнавам, ва ӯ шуморо баракат дод, ва Ман шуморо аз дасти ӯ раҳо кардам.
  11. Ва шумо аз Урдун гузашта, назди Ериҳӯ омадед, ва сокинони Ериҳӯ, амӯриён, фариззиён, канъониён, ҳиттиён, ҷирҷошиён, ҳиввиён  ва  ябусиён  бо  шумо ҷанг карданд, вале Ман онҳоро ба дасти шумо супурдам.
  12. Ва занбӯри алоро пешопеши шумо фиристода, онҳоро, яъне ду подшоҳи  амӯриро аз  пеши шумо  бадар рондам, — на бо шамшери шумо ва на бо камони шумо.
  13. Ва заминеро, ки дар он меҳнат накардаед, ва шаҳр-ҳоеро, ки бино нанамудаед, ба шумо додам, ва шумо дар онҳо сокин мебошед; аз токҳо ва дарахтони зайтуне ки шумо нашинондаед, мева мехӯред».
  14. Ва алҳол аз  Худованд битарсед  ва  Ӯро   бо   сами-мият ва ростӣ ибодат намоед ва худоёнеро, ки падарона-тон дар он тарафи наҳр ва дар Миср ибодат намудаанд, аз худ дур карда, Худовандро ибодат намоед.
  15. Ва агар дар назари шумо писанд наояд,  ки Худо-вандро ибодат намоед, пас имрӯз барои худ интихоб ку-нед, ки киро ибодат хоҳед намуд: оё худоёнеро, ки падарони шумо дар он тарафи наҳр ибодат мекарданд, ё худоёни амӯ-риёнро, ки дар заминашон сукунат доред; валекин ман ва хонадони ман Худовандро ибодат хоҳем кард».
  16. Ва қавм ҷавоб гардонида, гуфтанд: «Ҳошо ва калло, ки мо Худовандро тарк   карда,  худоёни дигарро  ибодат намоем!
  17. Зеро ки Худованд Худои мост, ки Ӯ мо  ва пада-рони моро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овард, ва ин аломати бузургро дар пеши назари мо нишон дод, ва моро дар  тамоми роҳе ки  рафтем, ва андаруни ҳамаи қавмҳое ки аз миёнашон гузаштем, нигаҳбонӣ намуд.
  18. Ва Худованд ҳамаи қавмҳо ва амӯриёнро, ки дар ин замин сокин буданд, аз пеши мо бадар ронд; мо низ Худо-вандро ибодат хоҳем кард, зеро ки Ӯ Худои мост».
  19. Ва Еҳушаъ ба қавм гуфт: «Шумо наметавонед Худо-вандро ибодат намоед,   зеро ки  Ӯ Худои  қуддус аст, ва Ӯ Худои ғаюр аст, ки ба маъсиятҳо ва гуноҳҳои шумо то-қат нахоҳад кард.
  20. Агар шумо Худовандро тарк карда, худоёни бегонаро ибодат намоед, Ӯ гашт карда ва ба шумо осеб расонида, агарчи пеш аз ин ба шумо некӣ кардааст, шуморо ба ҳало-кат хоҳад расонид».
  21. Ва қавм ба Еҳушаъ гуфтанд: «Не, мо Худовандро ибо-дат хоҳем намуд».
  22. Ва Еҳушаъ ба қавм гуфт: «Шумо бар худ шоҳид ҳас-тед, ки Худовандро барои худ интихоб кардаед, то ки Ӯро ибодат намоед». Ва онҳо гуфтанд: «Шоҳид ҳастем».
  23. «Ва алҳол  худоёни  бегонаро,   ки дар   миёни   шумо ҳастанд, дур кунед ва дили худро ба Худованд Худои Исроил моил гардонед».
  24. Ва қавм ба Еҳушаъ гуфтанд: «Худованд Худои худро ибодат хоҳем намуд ва овози Ӯро хоҳем шунид».
  25. Ва Еҳушаъ дар он рӯз бо қавм аҳд  баст  ва  барои онҳо дар Шакем фароиз ва шариат қарор дод.
  26. Ва Еҳушаъ ин суханонро дар китоби шариати Худо навишт; ва санги бузурге гирифта, онро дар он ҷо зери булуте ки назди қудси Худованд буд, гузошт.
  27. Ва Еҳушаъ  ба  тамоми  қавм гуфт:   «Инак,  ин   санг барои мо шоҳид хоҳад буд, зеро ки он ҳамаи суханони Худовандро, ки ба мо гуфт, шунидааст; ва он ба муқобили шумо шоҳид хоҳад буд, агар Худои худро инкор намоед».
  28. Ва Еҳушаъ қавмро фиристод,  то ҳар яке ба мулки худ равона шаванд.
  29. Ва баъд аз ин ҳодисаҳо Еҳушаъ ибни Нун, бандаи Худованд, дар синни саду даҳсолагӣ вафот ёфт.
  30. Ва ӯро дар ҳудуди мулкаш, дар Тимнат-Сораҳ, ки дар кӯҳи Эфроим, ба тарафи шимолии кӯҳи  Ҷоаш мебошад, дафн карданд.
  31. Ва Исроил дар тамоми айёми Еҳушаъ ва дар тамоми айёми пироне ки баъд аз Еҳушаъ зинда буданд ва ҳамаи корҳои Худовандро, ки барои Исроил карда буд, медонис-танд, Худовандро ибодат намуданд.
  32. Ва устухонҳои Юсуфро,   ки банӣ-Исроил   аз   Миср бароварда буданд, дар Шакем дар қитъаи замине ки Яъқуб аз банӣ-Ҳамӯр падари Шакем ба сад сикка харида буд, дафн карданд; ва он мулки банӣ-Юсуф гардид.
  33. Ва Элъозор ибни Ҳорун вафот ёфт, ва ӯро бар тали писараш Финҳос, ки дар кӯҳи Эфроим ба ӯ дода шуда буд, дафн карданд.

© IBT 1992

Реклама