Еҳушаъ боби 23

Еҳушаъ ибни Нун ба қавм дастуроти охирин медиҳад.

  1. ВА бо мурури айёми зиёд, баъд аз он ки Худованд ба Исроил аз ҳамаи душманони гирду пешашон оромӣ бахшид, Еҳушаъ пир ва солхӯрда гардид.
  2. Ва Еҳушаъ тамоми Исроилро, яъне пирон, раисон, дова-рон ва нозирони онҳоро даъват намуда, ба онҳо гуфт: «Ман пир ва солхӯрда шудаам.
  3. Ва шумо ҳар он чиро, ки Худованд Худои шумо ба ҳа-маи ин халқҳо пеши шумо кардааст, дидаед, зеро ки Худо-ванд Худои шумо Худаш барои шумо ҷангидааст.
  4. Бубинед, ин халқҳоеро, ки боқӣ мондаанд,  ва халқ-ҳоеро, ки аз Ӯрдун то баҳри бузург ба самти ғуруби офтоб маҳв намудаам, ман барои шумо бо қуръа тақсим кардам, то ки мулки сибтҳои шумо бошанд.
  5. Ва Худованд Худои шумо Худаш онҳоро пеши шумо ба танг оварда, аз пеши шумо бадар хоҳад ронд, ва шумо замини онҳоро ба тасарруфи худ хоҳед даровард, чунон ки Худо-ванд Худои шумо ба шумо гуфтааст.
  6. Пас, бағоят қавӣ бошед, то ҳар он чиро, ки дар ки-тоби шариати Мусо навишта шудааст, риоя намуда ба амал оваред, бе он ки аз он ба тарафи рост ё чап дур шавед,
  7. То бо ин халқҳое ки дар миёни шумо боқӣ мондаанд, омезиш наёбед, ва исми худоёни онҳоро зикр карда қасам нахӯред, ва онҳоро ибодат нанамоед ва ба онҳо саҷда набаред,
  8. Балки ба Худованд Худои худ бичаспед, чунон ки то имрӯз амал кардаед.
  9. Ва Худованд халқҳои бузург ва зӯроварро аз пеши шумо бадар рондааст, ва пеши шумо касе то имрӯз ната-вонистааст истодагӣ намояд.
  10. Як нафар аз шумо ҳазор нафарро таъқиб менамояд, зеро ки Худованд Худои шумо Худаш барои шумо меҷан-гад, чунон ки ба шумо гуфтааст.
  11. Ва аз хештан бағоят эҳтиёт бошед, то ки Худованд Худои худро дӯст доред.
  12. Аммо агар рӯй тофта, ба бақияи ин халқҳое ки дар ми-ёни шумо мондаанд, бичаспед, ва бо онҳо хешовандӣ пайдо кунед, ва назди онҳо биёед, ва онҳо назди шумо биёянд, —
  13. Яқинан бидонед, ки Худованд Худои шумо ин халқ-ҳоро дигар аз  пеши шумо бадар  нахоҳад  ронд, ва онҳо барои шумо дом ва қуллоб, ва барои қабурғаҳои шумо тозиёна, ва барои чашмони шумо хор хоҳанд буд, то даме ки аз ин; замини хуб, ки Худованд Худои шумо ба шумо додааст, маҳв гардед.
  14. Ва инак, ман ба қарибӣ ба тариқи тамоми аҳли замин меравам, ва шумо бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дарк намоед, ки як сухан ҳам аз ҳамаи қавлу ваъдаҳое ки Худованд Худои шумо дар ҳаққи шумо додааст, зоеъ нарафтааст; ҳамааш барои шумо ба амал омадааст, як сухан ҳам аз онҳо зоеъ нарафтааст.
  15. Валекин, чунон ки ҳар қавлу ваъдае ки Худованд Ху-дои шумо ба шумо дода буд, барои шумо ба амал омадааст, ончунон Худованд ҳар таҳдидро бар шумо иҷро хоҳад кард, то даме ки шуморо аз ин замини хубе ки Худованд Худои шумо ба шумо додааст, маҳв намояд.
  16. Агар шумо аҳди Худованд Худои худро, ки ба шумо амр фармудааст, поймол кунед, ва рафта худоёни дигарро ибодат намоед ва ба онҳо саҷда баред, дар он сурат хашми Худованд бар шумо аланга хоҳад гирифт, ва шумо аз замини хубе ки Ӯ ба шумо додааст, ба зудӣ маҳв хоҳед шуд».

© IBT 1992

Реклама