Еҳушаъ боби 22

Ду ва ним сибт қурбонгоҳ, бино карданд.

  1. ОН гоҳ Еҳушаъ реубениён ва ҷодиён ва нисфи хона-дони Менашшеро даъват намуд,
  2. Ва ба онҳо гуфт: «Шумо ҳар он чиро, ки Мусо, бандаи Худованд, ба шумо амр фармуда буд, ба ҷо овардед, ва ба овози ман дар ҳар чи ба шумо амр фармудам, гӯш додед.
  3. Бародарони худро дар ин айёми дуру дароз то имрӯз тарк накардед, ва иҷрои фармони Худованд Худои худро риоя намудед.
  4. Ва алҳол Худованд Худои шумо ба бародарони шумо оромӣ бахшидааст, чунон ки ба онҳо гуфта буд; ва алҳол сӯи хаймаҳои худ ба замини моликияти худ, ки Мусо, бандаи Худованд, дар он тарафи Урдун ба шумо додааст, рӯй оварда, биравед.
  5. Фақат саъю кӯшиш намоед, ки аҳком ва шариатеро, ки Мусо, бандаи Худо, ба шумо амр фармудааст, ба амал оваред, то ки Худованд Худои худро дӯст дошта, ба ҳамаи роҳҳои Ӯ рафтор кунед ва аҳкоми Ӯро ба ҷо оварда, ба Ӯ бичаспед, ва Ӯро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ибодат намоед».
  6. Ва Еҳушаъ онҳоро баракат дода, равона кард, ва онҳо сӯи хаймаҳои худ рафтанд.
  7. Ба нисфи сибти  Менашше  Мусо  дар  Бошон мулк дода буд, ва ба нисфи дигари он Еҳушаъ бо бародаронашон дар ин тарафи Ӯрдун ба самти ғарб мулк дод; ва ҳан-гоме ки Еҳушаъ онҳоро сӯи хаймаҳошон равона мекард, онҳоро баракат дод,
  8. Ва ба онҳо сухан ронда, гуфт: «Бо сарвати бисьёр ва бо чорвои сершумор, бо нуқра ва тилло ва мис ва оҳан ва либоси бағоят зиёде ба хаймаҳои худ бармегардед; пас, ғанимати душманони худро  бо  бародарони худ тақсим кунед».
  9. Ва банӣ-Реубен ва банӣ-Ҷод ва нисфи сибти Менашше аз пеши  банӣ-Исроил,   аз Шилӯ,  ки  дар замини Канъон аст, баргашта, равона шуданд, то сӯи замини Ҷилъод, ба замини моликияти худ, ки онро бар тибқи амри Худованд ба  воситаи  Мусо  ба  тасарруфи худ  даровардаанд, бира-ванд.
  10. Ва ба ноҳияи Урдун, ки дар замини Канъон аст, расида, банӣ-Реубен ва банӣ-Ҷод ва нисфи сибти Менашше дар он ҷо назди Урдун қурбонгоҳ бино карданд, — қурбонгоҳи бу-зурге ки аз дурдаст ба назар намоён мешуд.
  11. Ва банӣ-Исроил   овозаи  онро   шуниданд,   ки инак, банӣ-Реубен ва банӣ-Ҷод ва нисфи сибти Менашше дар рӯ ба рӯи замини Канъон дар ноҳияи Урдун, дар соҳиле ки аз они банӣ-Исроил аст, қурбонгоҳ бино кардаанд.
  12. Ва ҳангоме ки банӣ-Исроил инро шуниданд, тамоми ҷамоати банӣ-Исроил дар Шилӯ   ҷамъ  шуданд, то ки бар зидди онҳо ба ҷанг бароянд.
  13. Ва банӣ-Исроил Финҳос ибни Элъозори коҳинро назди банӣ-Реубен ва банӣ-Ҷод ва нисфи сибти Менашше ба замини Ҷилъод фиристоданд.
  14. Ва бо ӯ даҳ раис: як раис аз ҳар хонадон, аз ҳамаи сибтҳои Исроил буданд, ки ҳар яке раиси хонадони қабила-ҳои Исроил буд.
  15. Ва онҳо назди банӣ-Реубен ва банӣ-Ҷод   ва нисфи сибти Менашше  ба замини Ҷилъод омаданд,  ва  ба  онҳо сухан ронда, гуфтанд:
  16. «Тамоми ҷамоати Худованд  чунин мегӯянд: «Ин чӣ хиёнат аст, ки дар хаққи Худои Исроил кардаед, ки имрӯз аз  Худованд гашта,  барои худ қурбонгоҳе   сохтаед, яъне имрӯз бар зидди Худованд исьён бардоштаед?
  17. Оё гуноҳи  Фаӯр барои мо кам аст,  ки то  имрӯз аз он пок нашудаем, ва он вақт вабое ба сари ҷамоати Худо-ванд омада буд?
  18. Ва шумо имрӯз аз Худованд гаштаед! Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки шумо имрӯз бар зидди Худованд исьён мебар-доред, ва Ӯфардо бар тамоми ҷамоати Исроил ғазаб мекунад.
  19. Вале агар замини моликияти шумо дар назаратон палид бошад, пас ба замини моликияти Худованд, ки хаймаи Ху-дованд дар он сокин аст, бигзаред, ва дар миёни мо мулке барои худ бигиред, валекин бар зидди Худованд исьён набар-доред ва, ғайр аз қурбонгоҳи Худованд Худои мо, барои худ қурбонгоҳ сохта, моро ба исьёни худ шарик нагардонед.
  20. Охир, Охон ибни Зораҳ дар бораи чизи ҳаром хиёнат карда буд, валекин ғазаб бар сари тамоми ҷамоати Исроил омад, ва он шахс барои гуноҳи худ танҳо ба ҳалокат нара-сид»».
  21. Ва банӣ-Реубен ва банӣ-Ҷод ва нисфи сибти Менашше ҷавоб гардонида, ба раисони хонадонҳои Исроил гуфтанд:
  22. «Худованд Худои худоён аст, Худованд Худои худоён аст, Ӯ медонад, ва Исроил хоҳанд донист! Агар мо дар ҳақ-қи Худованд исьён ё хиёнат карда бошем, Ту моро имрӯз на-ҷот надеҳ!
  23. Агар мо қурбонгоҳро барои он  сохта бошем, ки аз Худованд гардем, ва ё барои он ки қурбонии сӯхтанӣ ва ҳа-дияи ордӣ бар он барорем ва ё қурбониҳои саломатӣ бар он забҳ кунем, бигзор Худованд Худаш бозхост намояд!
  24. Балки ин корро мо аз хавфи он кардаем, ки шояд фардо писарони шумо ба писарони мо бигӯянд: «Шуморо бо Худованд Худои Исроил чӣ кор аст?
  25. Охир, Худованд дар миёни мо ва шумо, эй банӣ-Реубен ва банӣ-Ҷод, Ӯрдунро чун ҳадде гузоштааст, ва шуморо дар Худованд ҳиссае нест!» Ва писарони шумо писарони моро ба ибодати Худованд роҳ нахоҳанд дод.
  26. Бинобар ин мо гуфтем: барои худ ғамхорӣ намуда, қурбонгоҳе бисозем, аммо на барои қурбонии сӯхтанӣ ва на барои забҳ кардан,
  27. Балки барои он ки ин дар миёни мо ва шумо ва дар миёни наслҳои мо баъд аз мо шоҳиде бошад,то ки мо ибода-ти Худовандро ба ҳузури Ӯ бо қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳ-ҳо ва қурбониҳои саломатии худ ба ҷо оварем, ва писарони шумо фардо ба писарони мо нагӯянд: «Шуморо дар Худованд ҳиссае нест!»
  28. Ва мо гуфтем: агар ба мо ва ба наслҳои мо фардо чунин бигӯянд, мо хоҳем гуфт: «Ин намунаи қурбонгоҳи Худовандро бубинед, ки падарони мо на барои қурбонии сӯхтанӣ ва на барои забҳ сохтаанд, балки барои он ки дар миёни мо ва шу-мо шоҳид бошад».
  29. Ҳошо ва калло, ки мо  бар  зидди Худованд исьён бардошта, имрӯз аз Худованд гардем, ва ғайр аз қурбонгоҳи Худованд Худои мо, ки ба ҳузури хаймаи Ӯст, қурбонгоҳе барои қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи ордӣ ва забҳ бисозем!»
  30. Ва ҳангоме ки Финҳоси коҳин ва раисони ҷамоат ва сарқабилаҳои Исроил, ки бо ӯ буданд, суханонеро, ки ба-нӣ-Реубен ва банӣ-Ҷод ва банӣ-Менашше гуфта буданд, шу-ниданд, ин дар назарашон писанд омад.
  31. Ва Финҳос ибни Элъозори коҳин ба банӣ-Реубен ва банӣ-Ҷод ва банӣ-Менашше гуфт: «Имрӯз мо донистем, ки Худованд дар миёни мост, чунки шумо ин хиёнатро дар ҳаққи Худованд накардаед; акнун шумо банӣ-Исроилро аз дасти Худованд раҳо кардед».
  32. Ва Финҳос ибни Элъозори коҳин ва раисон аз пеши банӣ-Реубен ва банӣ-Ҷод аз замини Ҷилъод ба замини Кан-ъон назди банӣ-Исроил баргашта, инро ба онҳо хабар доданд.
  33. Ин дар назари банӣ-Исроил писанд омад, ва банӣ-Исроил Худоро муборак хонданд; ва аз нияти худ дар бораи он ки бар зидди онҳо ба ҷанг бароянд ва заминеро, ки банӣ -Реубен ва банӣ-Ҷод дар он сокинанд, хароб кунанд, даст кашиданд.
  34. Ва банӣ-Реубен ва банӣ-Ҷод дар бораи қурбонгоҳ гуф-танд, ки «он дар миёни мо шоҳид аст, ки Худованд Худост».

© IBT 1992

Реклама