Еҳушаъ боби 19

Мулки шаш сибти дигар.

  1. ВА қуръаи дуюм барои Шимъӯн, яъне барои хонадо-ни банӣ-Шимъӯн мувофиқи   қабилаҳои онҳо баромад;  ва мулки онҳо андаруни мулки банӣ-Яҳудо буд.
  2. Ва инҳо  мулки  онҳо  гардид:   Беэр-Шобаъ,  Шобаъ ва Мӯлодо,
  3. Ҳасар-Шуол, Боло ва Осам,
  4. Элтӯлад, Батул ва Ҳормо,
  5. Сиқлоҷ, Байт-Маркобӯт  ва  Ҳасар-Сусо,
  6. Байт-Лабоӯт ва Шоруҳан, — сездаҳ шаҳр бо деҳоташон.
  7. Айин, Риммӯн, Этер ва Ошон, — чор шаҳр бо деҳо-ташон.
  8. Ва тамоми деҳоте ки дар атрофи ин шаҳрҳо то Баа-лат-Беэр ва Ромат-Наҷаб буд; мулки хонадони банӣ-Шимъӯн мувофиқи қабилаҳои онҳо ҳамин буд.
  9. Мулки банӣ-Шимъӯн аз миёни ҳиссаи банӣ-Яҳудо буд, зеро ки ҳиссаи банӣ-Яҳудо барои онҳо бағоят бузург буд, ва банӣ-Шимъӯн аз миёни мулки онҳо мулк гирифтанд.
  10. Ва қуръаи сеюм барои банӣ-Забулун мувофиқи қабила-ҳои онҳо баромад, ва сарҳади мулки онҳо то Сорид мерасид.
  11. Ва ҳудуди онҳо ба самти ғарб ва Маръало рафта, то Дабошет мерасид, ва ба водие ки дар рӯ ба рӯи Ёқнеом аст, мерасид;
  12. Ва аз Сорид ба самти шарқ, ба тарафи тулӯи офтоб то сарҳади Кислӯт-Тобӯр бармегашт, ва назди Добрат барома-да, ба Ёфиа мерасид.
  13. Ва аз он ҷо ба самти шарқ, ба Ҷитто-Ҳефер ва Итто -Қосин гузашта, назди Риммӯн мебаромад ва ба тарафи Нео мегашт.
  14. Ва сарҳад аз шимол то Ҳаннотӯн онро давр мезад, ва интиҳояш дараи Йифтаҳ-Ил буд;
  15. Низ Қаттот, Наҳалол, Шимрӯн, Идъало ва Байт-Лаҳм, — дувоздаҳ шаҳр бо деҳоташон.
  16. Мулки банӣ-Забулун мувофиқи қабилаҳои онҳо ҳамин буд, яъне ҳамин шаҳрҳо бо деҳоташон.
  17. Қуръаи чорум барои Иссокор баромад,  яъне барои банӣ-Иссокор  мувофиқи қабилаҳои онҳо.
  18. Ва ҳудуди онҳо чунин буд: Изреъил, Касуллӯт ва Шу-нем,
  19. Ҳафораим, Шиӯн ва Аноҳарот,
  20. Раббит, Қишйӯн ва Обас,
  21. Ромат, Эйн-Ҷанним, Эйн-Ҳаддо ва Байт-Фасис;
  22. Ва сарҳад ба Тобӯр, Шаҳасимо ва Байт-Шемеш мерасид, ва интиҳои сарҳадашон назди Ӯрдун буд, — шонздаҳ шаҳр бо деҳоташон.
  23. Мулки хонадони банӣ-Иссокор мувофиқи қабилаҳои онҳо ҳамин буд, яъне ин шаҳрҳо бо деҳоташон.
  24. Ва қуръаи панҷум барои хонадони банӣ-Ошер муво-фиқи қабилаҳои онҳо баромад,
  25. Ва сарҳади онҳо чунин буд: Ҳелқат, Ҳалӣ, Ботан ва Акшоф,
  26. Аламалик, Амъод ва Мишъол. Ва дар ғарб ба Кармил ва Шиҳӯр-Либнот мерасид;
  27. Ва ба самти тулӯи офтоб ба Байт-Доҷӯн баргашта, ба Забулун ва дараи Йифтаҳ-Ил дар шимол ва ба Байт-Эмеқ ва Наиил мерасид, ва аз тарафи чап назди Кабул мебаромад;
  28. Низ Эбрӯн, Раҳӯб, Ҳаммӯн ва Қоно то Сидӯни бузург;
  29. Ва сарҳад ба Ромо баргашта, то шаҳри ҳисордори Сӯр мерафт; ва сарҳад сӯи Ҳусо бармегашт, ва интиҳояш назди баҳр дар мавзеи Акзиб буд;
  30. Низ Уммо, Афиқ ва Раҳӯб, — бисту ду шаҳр бо де-ҳоташон.
  31. Мулки хонадони банӣ-Ошер мувофиқи қабилаҳои он-ҳо ҳамин буд, яъне ин шаҳрҳо бо деҳоташон.
  32. Қуръаи шашум барои банӣ-Нафтолӣ баромад, яъне ба-рои банӣ-Нафтолӣ мувофиқи қабилаҳои онҳо.
  33. Ва сарҳади онҳо аз Ҳелаф, аз булутзоре ки дар Саанан-ним буд, ба Адомӣ, Ноқаб ва Ябнаил то Лаққум мерафт, ва интиҳояш назди Ӯрдун буд.
  34. Ва сарҳад ба самти ғарб сӯи Азнӯт-Тобӯр баргашта, аз он ҷо ба Ҳуққӯқо мебаромад, аз ҷануб ба Забулун мерасид, аз ғарб ба Ошер мерасид ва аз тулӯи офтоб — ба Яҳудо назди Урдун.
  35. Ва шаҳрҳои ҳисордори он: Сиддим, Сер, Ҳаммат, Рақ-қат ва Киннорет,
  36. Адомо, Ромо ва Ҳосӯр,
  37. Қодеш, Эдрей ва Айн-Ҳосӯр,
  38. Йиръӯн, Миҷдал-Ил, Ҳорим, Байт-Анот ва Байт-Ше-меш, — нуздаҳ шаҳр бо деҳоташон.
  39. Мулки хонадони банӣ-Нафтолӣ ҳамин буд, яъне ин шаҳрҳо бо деҳоташон.
  40. Барои хонадони банӣ-Дон мувофиқи қабилаҳои онҳо қуръаи ҳафтум баромад.
  41. Ва сарҳади мулки онҳо чунин буд: Соръо, Эштоӯл ва Ир-Шемеш,
  42. Шаалаббин, Аёлӯн ва Йитло,
  43. Элӯн, Тимно ва Эқрӯн,
  44. Элтақе, Ҷибтун ва Баалот,
  45. Яҳуд, Бне-Брақ ва Ҷат-Риммӯн,
  46. Ме-Ярқӯн ва Раққӯн бо сарҳаде ки дар рӯ ба рӯи Ёфӯ мебошад.
  47. Ва ҳудуди банӣ-Дон аз ихтиёрашон баромад, ва банӣ-Дон берун рафта, бо Лошам ҷанг карданд, ва онро забт на-муда, ба дами шамшер заданд, ва онро ба тасарруфи худ дароварда, дар он сокин шуданд, ва Лошамро Дон номиданд, бар тибқи номи Дон, ки падарашон буд.
  48. Ҳамин аст мулки хонадони банӣ-Дон мувофиқи қаби-лаҳои онҳо, яъне ин шаҳрҳо бо деҳоташон.
  49. Ва ҳангоме ки ба ҳудудҳо тақсим кардани заминро ба анҷом расониданд, банӣ-Исроил ба Еҳушаъ ибни Нун мулке дар миёни худ доданд,
  50. Мувофиқи амри Худованд шаҳреро, ки ӯ хост, яъне Тимнат-Сораҳро дар кӯҳи Эфроим ба ӯ доданд, ва ӯ ин шаҳрро бино карда, дар он сокин шуд.
  51. Ҳамин аст мулкҳое ки  Элъозори коҳин ва Еҳушаъ ибни Нун ва сарнаслҳои хонадонҳои банӣ-Исроил бо қуръа дар Шилӯ ба ҳузури Худованд назди дари хаймаи ҷомеъ тақсим карданд; ва тақсимоти заминро ба анҷом расониданд.

© IBT 1992

Реклама