Еҳушаъ боби 16

Мулки Менашше ва Эфроим.

  1. ВА қуръа барои банӣ-Юсуф аз Урдуни назди Ериҳӯ, ба тарафи шарқии обҳои Ериҳӯ, ба самти биёбоне ки аз Ериҳӯ сӯи кӯҳи Байт-Ил мебарояд, афтод.
  2. Ва аз Байт-Ил сӯи Луз берун омада, ба ҳудуди Аркӣ то Аторӯт мегузашт,
  3. Ва ба самти ғарб ба ҳудуди Яфлетӣ, то сарҳадӣ Байт-Ҳӯрӯни поён ва то Ҷозар фурӯд меомад, ва интиҳои он баҳр буд.
  4. Ва банӣ-Юсуф, Менашше ва Эфроим, мулки худро гирифтанд.
  5. Ва ҳудуди банӣ-Эфроим мувофиқи қабилаҳои онҳо чу-нин буд, ва сарҳади мулки онҳо ба тарафи шарқ Атрӯт-Аддор то Байт-Ҳӯрӯни боло буд.
  6. Ва сарҳад ба самти ғарб аз шимоли Михматот берун меомад, ва сарҳад ба тарафи шарқии Таанат-Шилӯ мегашт, ва аз ҷониби шарқии Ёнӯҳо аз он мегузашт.
  7. Ва аз Ёнӯҳо сӯи Аторӯт ва Наарото фурӯд меомад, ва ба Ериҳӯ расида, ба Урдун мепайваст.
  8. Ва сарҳад ба тарафи ғарб аз Тапуҳа ба водии Қоно мерафт, ва интиҳои он баҳр буд; ин аст мулки хонадони банӣ-Эфроим мувофиқи қабилаҳои онҳо;
  9. Илова бар шаҳрҳое ки барои банӣ-Эфроим андаруни мулки банӣ-Менашше ҷудо карда шуда буд; ҳамаи шаҳрҳо бо деҳоти онҳо буд.
  10. Валекин канъониёнеро, ки дар Ҷозар сокин буданд, бадар наронданд; ва канъониён то имрӯз дар миёни эфро-имиён сокинанд ва хироҷгузори меҳнатӣ мебошанд.

© IBT 1992

Реклама