Доварон боби 7

Тайёрӣ ба ҳарбу зарб бар зидди Мидъён.

  1. ВА Ерубаал, ки Ҷидъӯн бошад, ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд, субҳидам бархоста, назди чашмаи Ҳарӯд ӯрду заданд; ва ӯрдуи Мидьён ба тарафи шимолии Ҷабъаи Мӯре, дар водӣ буд.
  2. Ва Худо ба Ҷидъӯн гуфт: «Қавме ки бо ту ҳастанд, бештар аз онанд, ки Мидьёнро ба дасти онҳо таслим намоям, мабодо Исроил ба ҳузури Ман фахр карда, гӯянд, ки «дасти мо моро наҷот дод».
  3. Ва акнун ба гӯши қавм хитоб намуда, бигӯй: «Ҳар кӣ тарсончак ва беҷуръат бошад, бигзор аз кӯҳи Ҷилъод гашта равад»». Ва бисту ду ҳазор нафар аз қавм гашта рафтанд, ва даҳ ҳазор нафар боқӣ монданд.
  4. Ва Худованд ба Ҷидъӯн гуфт: «Қавм ҳанӯз бисьёранд; онҳоро назди об фурӯд ор, то ки дар он ҷо Ман барои ту аз онҳо интихоб намоям; ва ҳангоме ки дар бораи касе ба ту бигӯям: «Ин бо ту биравад», — вай бо ту хоҳад рафт, ва дар бораи касе ба ту бигӯям: «Ин бо ту наравад», — вай нахоҳад рафт».
  5. Ва қавмро назди об фурӯд овард. Ва Худованд ба Ҷид-ъӯн гуфт: «Ҳар кӣ обро бо забони худ бинӯшад, чунон ки саг менӯшад, варо танҳо бигузор, ва ҳар киро низ, ки ба зонуи худ хам шуда бинӯшад».
  6. Ва шумораи онҳое ки даст ба даҳон оварда нӯшиданд, сесад нафар буд; ва тамоми бақияи қавм ба зонуи худ хам шуда, об нӯшиданд.

Ҷидъӯн сесад мардро ҷудо мекунад.

  1. Ва Худованд ба Ҷидъӯн гуфт:   «Бо ин сесад нафар, ки даст ба даҳон оварда нӯшиданд, Ман шуморо наҷот хоҳам дод, ва Мидьёнро ба дасти ту таслим хоҳам намуд, ва тамоми қавм бигзор ҳар яке ба макони худ бираванд».
  2. Ва он мардон тӯшаи қавм ва шохҳои худро ба дасти худ гирифтанд, ва бақияи исроилиёнро ӯ ба хаймаҳошон фи-ристода, сесад нафарро нигоҳ дошт; ва ӯрдуи Мидьён дар поёни ӯ, дар водӣ буданд.
  3. Ва дар ҳамон шаб Худованд ба ӯ гуфт: «Бархоста, ба ӯрду фурӯд ой, зеро ки онро ба дасти ту таслим намудаам.
  4. Ва агар ту аз фурӯд омадан метарсида бошӣ, бо нав-кари худ Фуро ба ӯрду фурӯд ой.
  5. Ва чун бишнавӣ, ки онҳо чӣ мегӯянд, баъд аз он даст-ҳои ту қавӣ хоҳад гардид, ва ба ӯрду фурӯд хоҳӣ омад». Ва ӯ бо ҳамроҳии навкараш Фуро ба канори дастаи пешгарди мусаллаҳе ки дар ӯрду буд, фурӯд омад.
  6. Ва Мидьён ва Амолеқ ва тамоми аҳли машриқ, ки дар водӣ ӯрду зада буданд, мисли малах сершумор буданд; ва щутурони онҳо сону шумор  надошт,  мисли  реге  ки дар соҳили баҳр аст, бисьёр буд.
  7. Ва Ҷидъӯн омад.  Ва инак,  касе ба рафиқаш хоби худро ҳикоят карда, мегӯяд: «Ман хоб дидам, ки як қурси нони  ҷавин дар ӯрдуи  Мидьён ғелида омада, ба хаймае расид, ва онро зада чаппаву роста  кард, ва хайма фурӯ ғалтид».
  8. Ва рафиқаш дар ҷавоб гуфт: «Ин ҷуз шамшери Ҷидъӯн ибни Юош, марди исроилӣ, чизи дигаре нест. Мидьён ва тамоми ӯрдуро Худо ба дасти вай таслим кардааст».
  9. Ва ҳамин ки Ҷидъӯн ҳикояти хоб ва таъбири онро шунид, саҷда бурда, ба ӯрдуи Исроил баргашт,   ва гуфт: «Бархезед! Зеро ки Худованд ӯрдуи Мидьёнро ба дасти шумо таслим кардааст».

Ғалаба бар Мидъён.

  1. Ва сесад нафарро ба се  фавҷ  тақсим намуд,  ва ба дасти ҳамаи онҳо шохҳо ва кӯзаҳои холӣ дод, ва андаруни кузаҳо машъалҳо буд.
  2. Ва ба онҳо гуфт: «Ба ман нигоҳ карда, мисли ман амал намоед. Инак, ман ба канори ӯрду мерасам, ва ҳар чи ман бикунам, шумо ончунон бикунед.
  3. Ва ҳангоме ки ман ва ҳамаи онҳое ки бо ман ҳастанд, шох навозем, шумо низ гирдогирди тамоми ӯрду шохҳоро бинавозед ва фарьёд зада, бигӯед: «Барои Худованд ва барои Ҷидъӯн!»»
  4. Ва Ҷидъӯн ва сад нафаре ки бо ӯ буданд, ба канори ӯрду дар ибтидои поси миёна, вақте ки посбонон навакак иваз шуда буданд, расида, шохҳоро навохтанд ва кӯзаҳоро, ки дар дасташон буд, шикастанд.
  5. Ва ҳар се фавҷ шохҳоро навохтанд, ва кӯзаҳоро шикас-танд, ва машъалҳоро дар дасти чапашон ва шохҳоро дар дасти росташон нигоҳ дошта, менавохтанд ва фарьёд меза-данд: «Шамшер барои Худованд ва барои Ҷидъӯн!»
  6. Ва ҳар яке дар ҷои худ гирдогирди ӯрду истоданд; ва тамоми ӯрду давида ва фарьёд зада, рӯ ба гурез ниҳоданд.
  7. Ва сесад шох як зайл менавохт, ва Худованд шамшери ҳар якеро сӯи рафиқаш нигаронид, ва дар тамоми ӯрду вазъият чунин буд, ва ӯрду то Байт-Ҳашитто ба сӯи Сареро ва то канори Обил-Маҳӯло, ки назди Таббот аст, гурехтанд.
  8. Ва исроилиён аз Нафтолӣ ва Ошер ва тамоми Ме-нашше ҷамъ шуда, Мидьёнро таъқиб карданд.
  9. Ва Ҷидъӯн ба тамоми кӯҳи Эфроин қосидон фирис-тода, гуфт:   «Ба  пешвози  Мидьён фурӯд  оед  ва онҳоро аз манбаъҳои об то Байт-Боро ва аз маъбарҳои Ӯрдун маҳ-рум созед». Ва тамоми мардуми Эфроим ҷамъ шуда, манбаъҳои обро то Байт-Боро, ва маъбарҳои Урдунро ишғол карданд.
  10. Ва ду мири Мидьён — Ӯриб ва Заибро дастгир карда, Ӯрибро дар Сур-Ӯриб, ва Заибро дар Еқеб-Заиб куштанд, ва Мидьёнро таъқиб карданд; ва каллаи Ӯриб ва Заибро аз он тарафи Урдун назди Ҷидъӯн оварданд.

© IBT 1992

Реклама