Доварон боби 4

Бори сеюм аз Худо дур шуданд. Доварони чорум ва панҷум.

  1. ВА баъд аз вафоти Эҳуд аз нав банӣ-Исроил он чи дар назари Худо бад буд, ба амал оварданд.
  2. Ва Худованд онҳоро ба дасти Ёбин подшоҳи Канъон, ки дар Ҳосӯр подшоҳӣ  мекард,  супурд;   ва  сарлашкари вай Сисро буд, ки дар Ҳарӯшет-Ҳаҷӯим сукунат дошт.
  3. Ва банӣ-Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд; зеро ки вай нӯҳсад аробаи оҳанин дошт, ва банӣ-Исроилро бист сол сахт ба танг овард.
  4. Ва Дебӯрои набия, зани Лапидӯт, дар он замон Исроилро доварӣ менамуд.
  5. Ва ӯ дар таги дарахти хурмои Дебӯро, ки дар байни Ромо ва Байт-Ил дар кӯҳи Эфроим буд, менишаст, ва банӣ-Исроил назди ӯ барои доварӣ меомаданд.
  6. Ва кас фиристода, Бороқ ибни Абинӯамро аз Қодеш-Нафтолӣ даъват намуд, ва ба вай гуфт: «Инак, Худованд Худои Исроил амр фармуд: «Бирав ва бар кӯҳи Тобӯр ода-монро сафарбарӣ намо, ва аз банӣ-Нафтолӣ ва банӣ-Забулун даҳ ҳазор нафар бо худ бигир.
  7. Ва Ман сарлашкари Ёбин — Сисроро бо аробаҳо ва лашкари сершумораш назди ту сӯи наҳри Қишӯн кашида оварда, ба дасти ту хоҳам супурд»».
  8. Ва Бороқ ба ӯ гуфт: «Агар ту бо ман биравӣ, меравам, вале агар бо ман наравӣ, намеравам».
  9. Ва ӯ гуфт: «Албатта бо ту меравам, аммо дар ин роҳе ки ту меравӣ, ҷалол аз они ту нахоҳад буд, зеро ки Худо-ванд Сисроро ба дасти зане хоҳад супурд». Ва Дебӯро бар-хоста, бо Бороқ ба Қодеш равона шуд.
  10. Ва Бороқ сибтҳои Забулун ва Нафтолиро ба Қодеш фарьёд кард, ва даҳ ҳазор нафарро аз ақиби худ баровард; ва Дебӯро бо ӯ баромад.
  11. Ва Ҳобари   Қенӣ  аз  қениён,   яъне  аз  банӣ-Ҳубоби ақрабои падарарӯси Мусо ҷудо шуда, хаймаи худро то Элӯн-Бесаананим, ки назди Қодеш воқеъ аст, барафрошта буд.
  12. Ва ба Сисро хабар доданд, ки Бороқ ибни Абинӯам ба кӯҳи Тобӯр баромадааст.
  13. Ва Сисро ҳамаи аробаҳои худ, яъне нӯҳсад  аробаи оҳанин, ва тамоми қавмеро, ки бо ӯ буданд, аз Ҳарӯшет-Ҳаҷӯим сӯи наҳри Қишӯн фарьёд кард.
  14. Ва Дебӯро ба Бороқ гуфт: «Бархез, зеро имрӯз рӯзест, ки Худованд Сисроро ба дасти ту таслим хоҳад кард; инак, Худованд пешопеши ту берун омадааст». Ва Бороқ аз кӯҳи Тобӯр фурӯд омад, ва даҳ ҳазор нафар аз ақиби ӯ.
  15. Ва Худованд Сисро ва ҳамаи аробаҳо ва тамоми ӯрдуи ӯро пеши Бороқ ошуфта гардонида, ба дами шамшери ӯ гирифтор кард, ва Сисро аз болои ароба фурӯд омада, пои пиёда рӯ ба гурез овард.
  16. Ва Бороқ аробаҳо ва ӯрдуро то Ҳарӯшет-Ҳаҷӯим таъқиб намуд; ва тамоми ӯрдуи Сисро ба дами шамшер фурӯ ғал-тиданд, як нафар ҳам аз онҳо боқӣ намонд.
  17. Ва Сисро пои пиёда сӯи хаймаи Ёил, ки зани Ҳобари Қенӣ буд, гурехт; зеро ки дар байни Ёбин подшоҳи Ҳосӯр ва хонадони Ҳобари Қенӣ сулҳ буд.
  18. Ва Ёил ба  пешвози  Сисро  баромада,  ба вай гуфт: «Биё, эй оғоям,  назди  ман биё,   натарс».   Вай  назди ӯ ба хайма даромад, ва ӯ варо бо палосе пӯшонид.
  19. Вай ба ӯ гуфт: «Маро каме об бинӯшон, зеро ки ташна мондаам». Ӯ машки ширро кушода, варо нӯшонид, ва аз нав варо пӯшонид.
  20. Вай ба ӯ гуфт: «Назди дари хайма биист,  ва агар касе биёяд ва аз ту пурсида, бигӯяд: «Оё касе дар ин ҷо ҳаст?» — бигӯй: «Не»».
  21. Ва Ёил, зани Ҳобар, мехи хаймаро кашида гирифт, ва болғаро ба дасти худ гирифта, оҳистаяк назди вай омад, ва мехро ба чаккаи вай кӯфт, ба тавре ки неши он ба замин фурӯ рафт; вай, ки ба сабаби мондагии худ дар хоби сахт буд, мурд.
  22. Ва инак, Бороқ Сисроро таъқиб менамуд, ва Ёил ба пешвози ӯ баромада, ба ӯ гуфт: «Биё, касеро, ки ту меҷӯӣ, ба ту нишон диҳам». Ва ӯ назди вай даромад, ва инак, Сисро мурда афтодааст, ва мех дар чаккаи ӯст.
  23. Ва Худо дар он рӯз Ёбин подшоҳи Канъонро пеши банӣ-Исроил мутеъ гардонид.
  24. Ва дасти банӣ-Исроил бар Ёбин подшоҳи Канъон то-рафт бештар сахт мешуд, то даме ки Ёбин подшоҳи Канъонро маҳв карданд.

© IBT 1992

Реклама