Такрори Шариат боби 5

Такрори даҳ аҳком.

  1. ВА Мусо тамоми Исроилро хонда, ба онҳо гуфт: «Эй Исроил, фароиз ва аҳкомеро, ки ман имрӯз ба самъи шумо мерасонам, бишнавед, ва онҳоро биомӯзед, ва саъю кушиш намоед, ки онҳоро ба ҷо оваред.
  2. Худованд Худои мо бо мо дар Ҳӯриб аҳд баст.
  3. На бо падарони мо Худованд ин аҳдро баст, балки бо мо, ки дар ин ҷо имрӯз ҳамаамон зинда ҳастем.
  4. Худованд бо шумо дар кӯҳ рӯ ба рӯ, аз миёни оташ сухан ронд, —
  5. Дар сурате ки ман дар он вақт дар миёни Худованд ва шумо истода будам, то ки каломи Худовандро ба шумо баён намоям, зеро ки шумо аз оташ тарсида, ба болои кӯҳ набаро-мадед, — ва гуфт:
  6. «Ман Худованд Худои ту ҳастам, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овардам.
  7. Туро худоёни дигар, ҷуз Ман, набояд бошад.
  8. Санаме, ҳар сурате аз он чи дар осмон аз болост, ва аз он чи дар замин аз поён аст, ва аз он чи дар об аз зери замин аст, барои худ насоз.
  9. Ба онҳо саҷда набар ва онҳоро ибодат накун; зеро ки Ман Худованд Худои ту ҳастам, Худои рашкноке ҳастам, ки барои гуноҳи падарон аз писарон, то насли сеюм ва чорум, аз онҳое ки аз Ман нафрат дошта бошанд, интиқом мегирам,
  10. Ва то ҳазорон насл ба онҳое ки Маро дӯст медоранд ва аҳкоми Маро ба ҷо меоваранд, марҳамат мекунам.
  11. Исми Худованд Худои худро беҳуда ба забон нагир, зеро ки Худованд касеро, ки исми Ӯро  беҳуда ба  забон мегирад,  беҷазо  нахоҳад гузошт.
  12. Рӯзи шанберо нигоҳ дор, то ки онро тақдис намоӣ, чунон ки Худованд Худоят ба ту амр фармудааст.
  13. Шаш рӯз кор кун ва ҳар амалатро ба ҷо овар;
  14. Вале рӯзи ҳафтум шанбеи Худованд Худои туст; дар он ҳеҷ кор накун, — худат ва писарат, ва духтарат, ва ғуло-мат, ва канизат, ва говат ва харат, ва тамоми чорпоят, ва ғарибат, ки андаруни шаҳри туст, то ки ғуломат ва канизат мисли ту ором гиранд.
  15. Ва дар хотир нигоҳ дор, ки ту дар замини Миср ғулом будӣ, ва туро Худованд Худои ту аз он ҷо бо дасти қавӣ ва бозуи тӯлонӣ берун овард; бинобар ин Худованд Худоят ба ту амр фармудааст, ки рӯзи шанберо ба ҷо оварӣ.
  16. Падари худ ва модари худро иззат намо, чунон ки Худованд Худоят ба ту амр фармудааст, то ки умри ту дароз шавад, ва дар замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, барои ту некӯ бошад.
  17. Қатл накун.
  18. Зино накун.
  19. Дуздӣ накун.
  20. Дар ҳаққи  ёри худ  шаҳодати дурӯғ  надеҳ.
  21. Зани ёри худро тамаъ накун, ва хонаи ёрат, киштзораш ва ғуломаш ва канизаш, говаш ва хараш, ва ҳар чизеро, ки аз они ёрат бошад, тамаъ накун».
  22. Ин суханонро Худованд ба тамоми ҷамоати шумо дар кӯҳ аз миёни оташ, абр ва меғ бо овози баланд гуфт ва чизе илова нанамуд; ва онҳоро бар ду лавҳи сангин навишта, ба ман дод.
  23. Ва ҳангоме ки шумо он овозро аз миёни торикӣ шу-нидед, дар сурате ки кӯҳ дар оташ месӯхт, шумо, яъне ҳамаи сардорони сибтҳои шумо ва пирони шумо, ба ман наздик омадед,
  24. Ва гуфтед:   «Инак,   Худованд  Худои  мо  ҷалол   ва кибриёи Худро ба мо нишон дод, ва овози Ӯро мо аз миёни оташ шунидем; имрӯз мо дидем, ки Худо ба одам сухан меронад, — ва вай зинда мондааст.
  25. Вале алҳол чаро бимирем? Зеро ки ин оташи бузург моро  хоҳад  сӯзонид:  агар мо боз овози Худованд  Худои худро бишнавем, хоҳем мурд.
  26. Зеро кист аз тамоми башар, ки овози Худои Ҳайро, ки аз миёни оташ сухан рондааст, мисли мо бишнавад, — ва зинда бимонад?
  27. Ту наздик шуда, ҳар он чи Худованд Худои мо би-гӯяд, бишнав, ва ту ҳар он чиро, ки Худованд Худои мо ба ту бигӯяд, ба мо баён намо, ва мо шунида, ба амал хоҳем овард».
  28. Ва Худованд  суханони  шуморо,  ки ба ман гуфтед, шунид, ва Худованд ба ман гуфт: «Суханони ин қавмро, ки ба ту гуфтанд,  шунидам; ҳар он чи онҳо гуфтанд, дуруст аст.
  29. Кошки дили онҳо чунин мебуд, ки аз Ман тарсида, тамоми аҳкоми Маро тамоми айём риоя мекарданд, то ки барои онҳо ва барои писарони онҳо ба сурати абадӣ некӯ бошад!
  30. Рафта, ба онҳо бигӯ: ба хаймаҳои худ баргардед.
  31. Ва ту дар ин ҷо назди Ман бимон, ва Ман тамоми аҳком ва фароиз ва дастуротро,  ки бояд ба онҳо таълим диҳи, ба ту хоҳам гуфт, то ки онҳо дар замине ки Ман барои тасарруф кардан ба онҳо медиҳам, ба амал оваранд».
  32. Пас, саъю кӯшиш намуда, ончунон ки Худованд Худои шумо ба шумо амр фармудааст, ба амал оваред, ба тарафи рост ё чап майл накунед;
  33. Бо тамоми роҳе ки Худованд Худои шумо ба шумо амр фармудааст, равона шавед, то ки зинда бимонед, ва барои шумо некӯ бошад, ва умри шумо дар замине ки тасарруф менамоед, дароз шавад».

© IBT 1992