Такрори Шариат боби 3

Ғалаба бар Уҷ, подшоҳи Бошон.

  1. «ВА мо тоб хӯрда, ба роҳи Бошон баромадем; ва Ӯҷ, подшоҳи Бошон, бо тамоми қавми худ ба муқобили мо берун омад, то ки назди Эдрей ҷанг кунад.
  2. Ва Худованд ба ман гуфт: «Аз вай натарс, зеро ки варо бо тамоми қавми вай ва замини вай ба дасти ту супурдам, ва ту бо вай ончунон  амал  хоҳӣ кард,  чунон ки бо  Сиҳӯн, подшоҳи   амуриён,   ки   дар   Ҳешбун   сукунат   дошт,   амал кардӣ».
  3. Ва Худованд Худои мо Ӯҷ, подшоҳи Бошонро низ бо тамоми қавми вай ба дасти мо супурд, ва мо варо торумор кардем, ба тавре ки аз ӯ ҳеҷ яке зинда намонд.
  4. Ва ҳамаи шаҳрҳои варо дар он вақт забт намудем; ҳеҷ як шаҳри ҳисордоре набуд, ки аз дасти онҳо нагирифта бошем: шаст шаҳр, тамоми музофоти Арҷуб, ки ин мамлакати Ӯҷ дар Бошон буд.
  5. Ҳамаи инҳо шаҳрҳои ҳисордор буда, деворҳои баланд, дарвозаҳо ва ғалақаҳо доштанд, ғайр аз шаҳрҳои беҳисор, ки бағоят бисьёр буданд.
  6. Ва онҳоро несту нобуд кардем, чунон ки бо Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, амал карда будем: мардону занону кӯда-кони ҳар шаҳрро несту нобуд кардем.
  7. Вале ҳамаи чорпоён ва ғанимати он шаҳрҳоро барои худ тороҷ намудем.
  8. Ва мо дар он вақт заминро аз дасти ду подшоҳи амӯриён, ки дар он тарафи Ӯрдун буданд, аз наҳри Арнӯн то кӯҳи Ҳермӯн, —
  9. Сидӯниён Ҳермӯнро   Сирьйӯн мехонанд, ва амуриён онро Сенир мехонанд, —
  10. Ҳамаи шаҳрҳои даштрӯя ва тамоми Ҷилъод ва тамоми Бошонро то Салко ва Эдрей, ки шаҳрҳои мамлакати Уҷ дар Бошон буданд, гирифтем.
  11. Зеро ки фақат Ӯҷ, подшоҳи Бошон, аз рафоиён боқӣ монда буд; инак, бистари марги ӯ, ки бистари оҳанин аст, дар Раббаи банӣ-Аммӯн мебошад, ва бар ҳасби зирои одамӣ нӯҳ зироъ дарозӣ ва чор зироъ фарохӣ дорад.
  12. Ва ин заминро дар он вақт тасарруф намудем; Арӯэр, ки назди наҳри Арнӯн аст, ва нисфи кӯҳистони Ҷилъод ва шаҳрҳояшро ба реубениён ва ҷодиён додам;
  13. Ва бақияи Ҷилъод ва тамоми Бошонро, ки мамлакати Ӯҷ буд, ба нисфи сибти  Менашше  додам,   яъне   тамоми музофоти Арҷубро бо тамоми он Бошон, ки замини рафоиён ном дошт.
  14. Ёир ибни  Менашше  тамоми  музофоти  Арҷубро   то ҳудуди  ҷашуриён ва маъхотиён гирифт,  ва  онҳоро,  яъне деҳоти Бошонро, ба номи худаш деҳоти Ёир ном ниҳод, ки то имрӯз чунин аст.
  15. Ва ба Мокир Ҷилъодро додам.
  16. Ва ба реубениён ва ҷодиён аз Ҷилъод то наҳри Арнӯн, яъне то миёнаи наҳр, ки сарҳад бошад, ва то наҳри Яббӯқ, ки сарҳади  банӣ-Аммӯн  бошад,  додам,
  17. Ва саҳроро низ то Ӯрдун, ки сарҳад бошад, аз Кинерет то баҳри саҳро, ки баҳри Намак бошад, дар домани Фисҷа ба тарафи шарқ.
  18. Ва дар он вақт ба шумо амр фармуда, гуфтам: «Худованд Худои шумо ин заминро ба шумо додааст, то ки онро тасарруф намоед; пас, ҳамаи ҷасурон мусаллаҳ гардида,  пешопеши бародарони худ, банӣ-Исроил убур намоед;
  19. Фақат занони шумо ва кӯдакони шумо ва чорвои шумо, — медонам, ки шумо чорвои зиёде доред, — дар шаҳрҳое ки ба шумо додаам, бимонанд,
  20. То даме ки  Худованд ба бародарони   шумо,   мисли шумо, оромӣ бибахшад, ва онҳо низ заминеро, ки ХудовандХудои шумо ба онҳо дар он тарафи Урдун медиҳад, тасарруф намоянд, ва он гоҳ ҳар яке аз шумо ба мулки худ, ки ба шумо додаам, хоҳед баргашт».
  21. Ва ба Еҳушаъ дар он вақт амр фармуда, гуфтам: «Ҳар он чиро, ки Худованд Худои шумо ба ин ду подшоҳ кардааст, чашмони ту дид; пас, Худованд ба ҳамаи мамлакатҳое ки ту аз онҳо убур менамоӣ, чунин хоҳад кард.
  22. Аз онҳо натарсед,  зеро  ки  Худованд  Худои  шумо Худаш барои шумо ҷанг мекунад».
  23. Ва ман дар он вақт сӯи Худованд тазаррӯъ намуда, гуфтам:
  24. «Худоё Худовандо! Ту ба нишон додани кибриёи Худ ва дасти қавии Худ ба бандаат шурӯъ намудаӣ, зеро кадом худост дар  осмон ё дар  замин, ки битавонад  чизе мисли аъмол ва корнамоиҳои Ту ба амал оварад?
  25. Лутфан, ба ман изн бидеҳ, ки убур намоям ва замини некӯро, ки дар он тарафи Урдун аст, ин кӯҳистони некӯ ва Лубнонро бубинам».
  26. Вале Худованд аз боиси шумо ба ман ғазаб намуда, маро иҷобат накард; ва Худованд ба ман гуфт: «Бас кун! Дар ин хусус дигар сухане ба Ман нагӯй.
  27. Ба қуллаи Фисҷа баро ва чашмонатро ба ҷониби ғарб ва шимол ва ҷануб ва шарқ баланд кун, ва бо чашмонат бубин, зеро ки ту аз ин Урдун убур нахоҳӣ кард.
  28. Ва ба Еҳушаъ амр фармуда, ӯро қавӣ ва далер гардон, зеро ки ӯ пешопеши ин қавм убур намуда, заминеро, ки ту хоҳӣ дид, барои тасарруфи онҳо тақсим. хоҳад кард».
  29. Ва мо дар дара, рӯ ба рӯи Байт-Фаӯр маскан гирифтем».

© IBT 1992