Такрори Шариат боби 2

Оворагардӣ дар биёбон ва мамониатҳои  гуногун.

  1. «ВА мо рӯй ниҳода, бо роҳи баҳри Қулзум сӯи биёбон кӯч кардем, чунон ки Худованд ба ман гуфта буд; ва кӯҳи Сеирро айёми зиёде давр задем.
  2. Ва Худованд ба ман сухан ронда, гуфт:
  3. «Ин кӯҳро давр задани шумо бас аст, ба тарафи шимол рӯй оваред.
  4. 4. Ва ту ба қавм амр фармуда, бигӯ: шумо бояд аз ҳудуди бародарони худ, банӣ-Эсов,  ки дар  Сеир  сокинанд, убур намоед, ва онҳо аз шумо хоҳанд тарсид; вале шумо бағоят эҳтиёт бошед.
  5. Бо онҳо низоъ накунед,  зеро ки аз замини онҳо ба андозаи як кафи пой ҳам ба шумо нахоҳам дод, чунки кӯҳи Сеирро ба тасарруфи Эсов додаам.
  6. Хӯрокро аз онҳо ба нуқра харида, бихӯред, ва обро низ аз онҳо ба нуқра харида, бинӯшед.
  7. Зеро ки Худованд Худоят туро  дар  тамоми   амали дастат баракат додааст; дар ин биёбони бузург роҳ паймуда-натро медонист — ин чил сол аст, ки Худованд Худоят бо туст, ва ту аз ҳеҷ чиз камӣ надоштӣ».
  8. Ва мо аз пеши бародарони худ, банӣ-Эсов, ки дар Сеир сукунат доранд, қафо гашта, аз роҳи саҳро, аз Эйлат ва аз Эсьйӯн-Ҷобар  убур  намудем, ва тоб хӯрда, аз роҳи биёбони Мӯоб гузаштем.
  9. Ва Худованд ба ман гуфт: «Бо Мӯоб адоват нанамо ва ба зидди онҳо ҷанг накун, зеро ки аз замини онҳо чизе ба тасарруфи ту нахоҳам дод, чунки Орро ба тасарруфи банӣ-Лут додаам.
  10. Дар он ҷо пештар эмиён сукунат доштанд, ки қавми бузург ва сершумор ва мисли аноқиён қадбаланд буданд.
  11. Онҳо низ мисли аноқиён аз рафоиён ҳисоб меёфтанд, вале мӯобиён онҳоро эмиён мехонданд.
  12. Ва дар Сеир пештар ҳӯриён сукунат доштанд, ва банӣ-Эсов онҳоро аз пеши худ бадар ронданд ва дар ҷои онҳо маскан гирифтанд, чунон ки Исроил дар замини мероси худ, ки Худованд ба онҳо дода буд, амал карданд.
  13. Алҳол бархоста, аз наҳри Зорад убур намоед!»
  14. Ва айёме ки аз Қодеш-Барнеа роҳ паймудем, то даме ки аз наҳри Зорад убур кардем,  сию ҳашт сол буд, яъне то вақте ки тамоми он мардуми ҷангӣ аз миёни ӯрду тамом шуданд, чунон ки Худованд ба онҳо қасам хӯрда буд.
  15. Ва дасти Худованд низ бар онҳо буд, то ки онҳоро аз миёни ӯрду несту нобуд кунад, то вақте ки тамом шаванд.
  16. Ва ҳангоме ки тамоми он мардуми ҷангӣ тамом шуда, аз миёни қавм мурданд,
  17. Худованд ба ман сухан ронда, гуфт:
  18. «Ту имрӯз аз пеши ҳудуди Мӯоб, аз пеши Ор убур менамоӣ,
  19. Ва ба ҳудуди  банӣ-Аммӯн  наздик  мешавӣ; ба онҳо адоват нанамо ва бо онҳо ҷидол накун, зеро ки аз замини банӣ-Аммӯн чизе ба тасарруфи ту нахоҳам дод, чунки онро ба тасарруфи банӣ-Лут додаам».
  20. Он низ замини рафоим ҳисоб меёфт: дар он ҷо пештар рафоим сукунат доштанд, ва аммӯниён онҳоро замзуммиён мехонданд.
  21. Онҳо қавми бузург ва сершумор ва мисли аноқиён қадбаланд буданд; ва Худованд онҳоро аз пешашон несту нобуд кард, ва онҳоро  бадар   ронда,   дар  ҷояшон маскан гирифтанд,
  22. Чунон ки Ӯ барои банӣ-Эсов, ки дар Сеир сукунат доранд, амал кард, яъне ҳӯриёнро аз пешашон несту нобуд кард,  ва  онҳоро  бадар  ронданд  ва  дар ҷояшон то имрӯз сукунат доранд.
  23. Ва аввиёнро, ки дар деҳот то Ғазза сукунат доштанд, кафтӯриён, ки аз Кафтӯр берун омаданд, несту нобуд карда, дар ҷояшон маскан гирифтанд.
  24. «Бархоста, кӯч кунед ва аз наҳри Арнӯн убур намоед! Инак, Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯнро, ки подшоҳи амӯриён аст, бо замини вай ба дасти ту месупорам; ба тасарруфи он шурӯъ намуда, ба зидди ӯ ҷанг кун.
  25. Аз имрӯз эътиборан тарсу ваҳми туро дар миёни қавмҳои зери тамоми осмон паҳн мекунам, то ки онҳо овозаи туро шу-нида, дар изтироб афтанд ва пеши ту ба ларза оянд».
  26. Ва ман қосидонро аз биёбони Қадимӯт бо суханони сулҳҷӯёна назди Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, фиристодам, то ки бигӯянд:
  27. «Изн бидеҳ, ки аз замини ту убур намоям; фақат бо шоҳроҳ хоҳам рафт, ба тарафи рост ё чап тоб нахоҳам хӯрд.
  28. Хӯрокро ба нуқра ба ман бифрӯш, то ки бихӯрам, ва обро ба нуқра ба ман бидеҳ, то ки бинӯшам; фақат бо поҳои худ убур хоҳам кард, —
  29. Чунон ки банӣ-Эсов, ки дар Сеир  сукунат доранд, ва мӯобиён, ки дар Ор_сукунат доранд, бо ман рафтор кар-данд, — то даме ки аз Ӯрдун ба замине ки Худованд Худои падарони мо ба мо медиҳад, убур намоям».
  30. Валекин Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, розӣ нашуд,  ки барои гузаштани мо аз замини худ роҳ диҳад, зеро ки Худо-ванд Худои ту рӯҳи варо бемурувват ва дили варо  сахт гардонид, то ки варо ба дасти ту бисупорад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
  31. Ва Худованд ба ман гуфт:  «Инак, Ман ба он оғоз менамоям, ки Сиҳӯн ва замини варо ба дасти ту бисупорам; пас, ба тасарруф кардани замини вай шурӯъ намо».
  32. Ва Сиҳӯн бо тамоми қавми худ ба муқобили мо берун омад, то ки дар Ёҳас бо мо ҷанг кунад.
  33. Ва Худованд Худои мо варо ба дасти мо супурд, ва мо варо бо писаронаш ва тамоми қавмаш торумор кардем.
  34. Ва ҳамаи шаҳрҳои варо дар он вақт забт намудем, ва мардону занону кӯдакони ҳар шаҳрро несту нобуд кардем, ҳеҷ якеро зинда нагузоштем.
  35. Фақат чорпоёнро бо ғанимати шаҳрҳое ки забт кардем, тороҷ намудем.
  36. Аз Арӯэр, ки дар соҳили наҳри Арнӯн аст, ва шаҳре ки дар водӣ воқеъ аст, то Ҷилъод ҳеҷ шаҳри ҳисордоре набуд, ки аз мо зӯртар бошад; Худованд Худои мо ҳамаро ба дасти мо супурд.
  37. Фақат ба замини банӣ-Аммӯн: ба тамоми соҳили наҳри Яббӯқ ва шаҳрҳои кӯҳистон, ва ба ҳар  ҷое ки Худованд Худои мо манъ карда буд, ту наздик нашудӣ».

© IBT 1992

Реклама