Такрори Шариат боби 10

Худованд махтунии дилро талаб мекунад.

  1. «ДАР он вақт Худованд ба ман гуфт: «Ду лавҳи санг мисли аввала  барои худ битарош,  ва назди  Ман ба кӯҳ баро, ва сандуқе аз чӯб барои худ бисоз;
  2. Ва Ман бар ин алвоҳ суханонеро, ки бар алвоҳи ав-валаи шикастаи ту буд, хоҳам навишт, ва ту онҳоро дар сандуқ бимон».
  3. Ва ман сандуқе аз чӯби ақоқиё сохтам, ва ду лавҳи санг мисли аввала тарошидам, ва ба кӯҳ баромадам, ва он ду лавҳ дар дастам буд.
  4. Ва Ӯ бар алвоҳ мисли китобати аввала даҳ аҳкомеро, ки Худованд ба шумо дар кӯҳ, аз миёни оташ, дар рӯзи ҷамъо-мад гуфта буд, навишт, ва Худованд онҳоро ба ман дод,
  5. Ва ман тоб хӯрда, аз кӯҳ фурӯд омадам, ва алвоҳро дар сандуқе ки сохта будам, гузоштам; ва онҳо дар он ҷо мебошад, чунон ки Худованд ба ман амр фармуда буд.
  6. Ва банӣ-Исроил аз Беэрӯт-Банӣ-Яъқон ба Мӯсера кӯч карданд; дар он ҷо Ҳорун мурд ва дар он ҷо дафн карда шуд, ва писараш Элъозор ба ҷои ӯ саркоҳин гардид.
  7. Аз он ҷо ба Ҷудҷӯд кӯч карданд, ва аз Ҷудҷӯд — ба Ётвот, ки заминест пур аз чашмаҳои об.
  8. Дар он вақт Худованд  сибти  Левиро ҷудо кард, то ки сандуқи аҳди Худовандро бардоранд, ба ҳузури Худо-ванд истода, хизмати Ӯро ба ҷо оваранд ва ба исми Ӯ бара-кат диҳанд, ки то имрӯз чунин аст.
  9. Бинобар ин Левӣ дар миёни бародарони худ ҳисса ва меросе надорад: Худованд Худаш мероси  вай   аст, чунон ки Худованд Худои ту ба вай гуфтааст.
  10. Ва ман дар кӯҳ, мисли айёми аввала, чил рӯз ва чил шаб истодам, ва Худованд ин дафъа низ маро иҷобат намуд, ва Худованд нахост туро ба ҳалокат расонад.
  11. Ва Худованд ба ман гуфт: «Бархоста, пешопеши қавм равона шав; бигзор онҳо рафта, заминеро, ки дар бораи он ба падаронашон қасам хӯрдаам, ки ба онҳо бидиҳам, тасар-руф намоянд».
  12. Ва алҳол, эй Исроил, Худованд Худоят аз ту чӣ талаб дорад? Талабаш фақат ин аст, ки аз Худованд Худои худ битарсӣ, бо ҳамаи роҳҳои Ӯ равона шавӣ, ва Ӯро дӯст би-дорӣ, ва Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ибодат намоӣ,
  13. Ва аҳкоми Худованд ва фароизи Ӯро, ки ман имрӯз ба ту, барои манфиати ту амр мефармоям, риоят кунӣ.
  14. Инак, осмон ва фалакулафлок аз они Худованд Худои туст, ва замин ва ҳар он чи дар он аст!
  15. Аммо фақат ба падарони ту Худованд таваҷҷӯҳ на-муда, онҳоро дӯст дошт, ва насли онҳо, яъне шуморо баъд аз онҳо аз ҳамаи қавмҳо баргузид, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
  16. Пас, шумо ғилофаки дили худро махтун  созед, ва минбаъд гарданкашӣ накунед.
  17. Зеро ки Худованд Худои  шумо  Худои  худоён ва Худованди худовандон аст, Худои бузург, ҷаббор ва саҳмгин аст, ки рӯбинӣ намекунад, ва ришва намегирад;
  18. Ба ятим ва бева додрасӣ менамояд, ва ғарибро дӯст дошта, ба вай хӯрок ва пӯшок медиҳад.
  19. Пас, ғарибро дӯст бидор, зеро ки шумо дар замини Миср ғариб будед.
  20. Аз Худованд Худои худ битарс, Ӯро ибодат намо ва ба Ӯ бичасп, ва ба исми Ӯ қасам бихӯр.
  21. Ӯ ифтихори туст ва Ӯ Худои туст, ки барои ту ин корҳои бузург   ва  аҷоибро,  ки чашмонат  дидааст, ба ҷо овард.
  22. Падарони ту бо ҳафтод нафар ба Миср омада буданд, ва алҳол Худованд Худоят туро мисли ситорагони осмон сершумор гардонидааст».

© IBT 1992

Реклама