Ададҳо боби 36

Дар бораи тартиби гирифтани мерос.

  1. ВА сардорони хонаводаҳои қабилаи банӣ-Ҷилъод ибни Мокир ибни Менашше, ки аз қабилаҳои банӣ-Юсуф буданд, наздик омада, ба ҳузури Мусо ва ба ҳузури раисон, сардорони хонаводаҳои банӣ-Исроил сухан ронданд,
  2. Ва гуфтанд: «Худованд ба оғои мо амр фармудааст, ки заминро бо қуръа тақсим карда, ба тасарруфи банӣ-Исроил бидиҳад; ва ба оғои мо аз ҷониби Худованд амр фармуда шу-дааст, ки мулки бародарамон Салофҳодро ба духтарони вай бидиҳад.
  3. Ва агар онҳо ба яке аз писарони сибтҳои дигари банӣ-Исроил завҷа шаванд, мулки онҳо аз мулки падарони мо бурида гирифта мешавад, ва ба мулки сибте ки онҳо ба он дохил хоҳанд шуд, илова мегардад, ва мулки мо, ки аз рӯи қуръа гирифтаем, кам мемонад.
  4. Ва ҳатто вақте ки юбили банӣ-Исроил фаро расад, мулки онҳо ба мулки сибте ки онҳо ба он дохил хоҳанд шуд, илова мегардад; ва аз мулки сибти падарони мо мулки онҳо бурида гирифта мешавад».
  5. Ва Мусо бар тибқи каломи Худованд ба банӣ-Исроил амр фармуда, гуфт: «Сибти банӣ-Юсуф дуруст мегӯянд.
  6. Ин аст он чи Худованд дар ҳаққи духтарони Салофҳод амр фармуда гуфтааст: «Онҳо метавонанд ба ҳар марде ки ба назарашон писанд ояд, завҷа шаванд, аммо фақат дар қабилаи сибти падари худ бояд завҷа шаванд,
  7. То ки мулки банӣ-Исроил аз сибте ба сибте нагузарад; зеро ки ҳар яке аз банӣ-Исроил бояд бо мулки сибти пада-рони худ вобаста бошанд.
  8. Ва ҳар духтаре ки мулкеро аз сибтҳои банӣ-Исроил мерос мегирад, бояд ба яке аз қабилаи сибти падарони худ завҷа шавад, то ки ҳар яке аз банӣ-Исроил мулки падарони худро мерос гиранд,
  9. Ва мулк аз як сибт ба сибти дигар нагузарад, балки ҳар яке аз сибтҳои банӣ-Исроил ба мулки худ вобаста бо-шанд»».
  10. Пас, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуд, духта-рони Салофҳод ончунон амал карданд.
  11. Ва духтарони Салофҳод — Маҳло, Тирсо, Ҳоҷло, Мил-ко ва Нӯо ба писарони амакҳои худ завҷа шуданд.
  12. Дар қабилаҳои банӣ-Менашше ибни Юсуф онҳо завҷа шуданд; ва мулки онҳо дар сибти қабилаи падарашон боқӣ монд.
  13. Ин аст аҳком ва дастуроте ки Худованд ба воситаи Мусо дар даштҳои Мӯоб, назди Ӯрдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ ба банӣ-Исроил амр фармудааст.

© IBT 1992

Реклама