Ададҳо боби 34

Тайёриҳо барои дохил шудан ба замини мавъуд.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил амр фармуда, ба онҳо бигӯ: вақте ки шумо ба замини Канъон дохил шавед, ин аст замине ки ба шумо ҳамчун моликият хоҳад расид, яъне замини Канъон бо сарҳадҳояш:
  3. Тарафи ҷанубии шумо аз биёбони Син дар паҳлуи Адӯм хоҳад буд; ва сарҳади ҷанубии шумо аз канори баҳри Намак ба тарафи шарқ хоҳад буд.
  4. Ва сарҳади шумо аз ҷануб ҷониби Маале-Ақрабим тоб хӯрда, сӯи Син хоҳад гузашт; ва канорҳои он аз ҷануби Қодеш-Барнеа хоҳад буд, ва назди Ҳасар-Аддор баромада, сӯи Асмӯн хоҳад гузашт.
  5. Ва аз Асмӯн сарҳад ҷониби водии Миср тоб хоҳад хӯрд; ва канорҳояш назди баҳр хоҳад буд.
  6. Ва сарҳади ғарбии шумо баҳри Бузург бо соҳили он хоҳад буд; ин сарҳади ғарбии шумост.
  7. Ва сарҳади шимолии шумо чунин хоҳад буд: аз баҳри Бузург онро ҷониби кӯҳи Ҳӯр нишона намоед;
  8. Аз кӯҳи Ҳӯр ҷониби даромадгоҳи Ҳамот нишона на-моед; ва канорҳои сарҳад назди Садод хоҳад буд.
  9. Ва сарҳад ҷониби Зифрӯн хоҳад рафт, ва канорҳояш назди Ҳасар-Эйнон хоҳад буд; ин сарҳади шимолии шумо хоҳад буд.
  10. Ва сарҳади шарқиро барои худ аз Ҳасар-Эйнон ҷониби Шафом нишона намоед.
  11. Ва сарҳад аз Шафом ҷониби Рибло, аз тарафи шарқии Ойин фурӯд хоҳад омад; ва сарҳад боз фурӯд омада, аз та-рафи шарқӣ ба соҳили баҳри Кинерет хоҳад расид.
  12. Ва сарҳад ҷониби Ӯрдун фурӯд хоҳад омад; ва канор-ҳояш назди баҳри Намак хоҳад буд. Ҳамин замин бар ҳасби сарҳадҳояш гирдогирд аз они шумо хоҳад буд».
  13. Ва Мусо ба банӣ-Исроил амр фармуда, гуфт: «Ҳамин аст замине ки онро шумо аз рӯи қуръа тақсим хоҳед кард, ки Худованд ба нӯҳу ним сибт додани онро амр фармудааст.
  14. Зеро ки сибти банӣ-Реубен бар ҳасби хонаводаи худ, ва сибти банӣ-Ҷод бар ҳасби хонаводаи худ, ва нисфи сибти Менашше мулки худро гирифтаанд;
  15. Ин дую ним сибт мулки худро аз он тарафи Ӯрдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ, ҷониби шарқ гирифтаанд».
  16. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  17. «Ин аст номҳои касоне ки заминро барои шумо тақсим хоҳанд кард: Элъозори коҳин ва Еҳушаъ ибни Нун.
  18. Ва як раисро аз ҳар сибт барои тақсим кардани замин бигиред.
  19. Ва ин аст номҳои он касон: аз сибти Яҳудо — Колеб ибни Ефунне;
  20. Аз сибти банӣ-Шимъӯн — Шамуил ибни Аммиҳуд;
  21. Аз сибти Биньёмин — Элидод ибни Кислӯн;
  22. Аз сибти банӣ-Дон — раис Буққӣ ибни Ёҷлӣ;
  23. Аз банӣ-Юсуф: аз сибти банӣ-Менашше — раис Ҳан-ниил ибни Эфӯд;
  24. Аз сибти банӣ-Эфроим — раис Камуил ибни Шифтон;
  25. Аз сибти банӣ-Забулун — раис Элисофон ибни Фар-нок;
  26. Аз сибти банӣ-Иссокор — Фалтиил ибни Аззон;
  27. Аз сибти банӣ-Ошер — раис Аҳиҳуд ибни Шалӯмӣ;
  28. Аз сибти банӣ-Нафтолӣ — раис Фадаҳъил ибни Аммиҳуд.
  29. Ҳаминҳоянд, ки Худованд ба онҳо амр фармудааст, ки мулкро дар замини Канъон барои банӣ-Исроил тақсим кунанд».

© IBT 1992

 

Реклама