Ададҳо боби 33

Такрори мухтасари ҳикояти сафарҳо аз Миср то Ӯрдун

  1. ИН аст сафарҳои банӣ-Исроил, ки аз Миср бар ҳасби фавҷҳои худ, бо сардории Мусо ва Ҳорун берун омаданд.
  2. Ва Мусо ҷойҳои баромади онҳоро барои сафарҳошон, ки ба фармони Худованд ба амал оварданд, навишт; ва ин аст сафарҳои онҳо бар ҳасби ҷойҳои баромадашон:
  3. Ва онҳо аз Раамсис дар моҳи якум, дар рӯзи понзда-ҳуми моҳи якум кӯч карданд; фардои фисҳ банӣ-Исроил бо дасти баланд, пеши назари ҳамаи мисриён берун омаданд.
  4. Ва мисриён ҳамаи нахустзодагонро, ки Худованд дар миёни онҳо кушта буд, гӯр мекарданд; ва бар худоёни онҳо Худованд доварй намуд.
  5. Ва банӣ-Исроил аз Раамсис кӯч карда, дар Суккӯт ӯрду заданд.
  6. Ва аз Суккӯт кӯч карда, дар Этом, ки дар кинори биё-бон аст, ӯрду заданд.
  7. Ва аз Этом кӯч карда, ба Фӣ-Ҳаҳирӯт, ки пеши Баал-Сафӯн аст, баргаштанд, ва пеши Миҷдӯл ӯрду заданд.
  8. Ва аз Фӣ-Хаҳирӯт кӯч карда, аз даруни баҳр ба биёбон убур карданд; ва дар биёбони Этом се рӯз роҳ паймуда, дар Мора ӯрду заданд.
  9. Ва аз Мора кӯч карда, ба Элим расиданд; ва дар Элим дувоздаҳ чашмаи об ва ҳафтод дарахти хурмо буд, ва дар он ҷо ӯрду заданд.
  10. Ва аз Элим кӯч карда, назди баҳри Қулзум ӯрду за-данд.
  11. Ва аз баҳри Қулзум кӯч карда, дар биёбони Син ӯрду заданд.
  12. Ва аз биёбони Син кӯч карда, дар Дофқо ӯрду заданд.
  13. Ва аз Дофқо кӯч карда, дар Олуш ӯрду заданд.
  14. Ва аз Олуш кӯч карда, дар Рафидим ӯрду заданд; ва дар он ҷо об набуд, ки қавм бинӯшанд.
  15. Ва аз Рафидим кӯч карда, дар  биёбони  Сино ӯрду заданд.
  16. Ва аз биёбони Сино кӯч карда, дар Қибрӯт-Ҳатааво ӯрду заданд.
  17. Ва аз Қибрӯт-Ҳатааво кӯч карда, дар Ҳасирӯт ӯрду заданд.
  18. Ва аз Ҳасирӯт кӯч карда, дар Ритмо ӯрду заданд.
  19. Ва аз Ритмо кӯч карда, дар Риммӯн-Форас ӯрду заданд.
  20. Ва аз Риммӯн-Форас кӯч карда, дар Либно ӯрду заданд.
  21. Ва аз Либно кӯч карда, дар Риссо ӯрду заданд.
  22. Ва аз Риссо кӯч карда, дар Қаҳелото ӯрду заданд.
  23. Ва аз Қаҳёлото кӯч карда, дар Ҳар-Шофар ӯрду задацд.
  24. Ва аз Ҳар-Шофар кӯч карда, дар Ҳародо ӯрду заданд.
  25. Ва аз Ҳародо кӯч карда, дар Мақҳелӯт ӯрду заданд.
  26. Ва аз Мақҳелӯт кӯч карда, дар Тоҳат ӯрду заданд.
  27. Ва аз Тоҳат кӯч карда, дар Тораҳ ӯрду заданд.
  28. Ва аз Тораҳ кӯч карда, дар Митқо ӯрду заданд.
  29. Ва аз Митқо кӯч карда, дар Ҳашмӯно ӯрду заданд.
  30. Ва аз Ҳашмӯно кӯч карда, дар Мӯсирӯт ӯрду заданд.
  31. Ва аз Мӯсирӯт кӯч карда, дар Банӣ-Яъқон ӯрду заданд.
  32. Ва аз Банӣ-Яъқон кӯч карда, дар Ҳӯр-Ҳаҷидҷод ӯрду заданд.
  33. Ва аз Ҳӯр-Ҳаҷидҷод кӯч карда, дар Ётвото ӯрду за-данд.
  34. Ва аз Ётвото кӯч карда, дар Абрӯно ӯрду заданд.
  35. Ва аз Абрӯно кӯч карда, дар Эсьйӯн-Ҷобар ӯрду за-данд.
  36. Ва аз Эсьйӯн-Ҷобар кӯч карда, дар биёбони Син, ки Қодеш бошад, ӯрду заданд.
  37. Ва аз Қодеш кӯч карда, дар кӯҳи Ҳӯр, ки дар канори замини Адӯм аст, ӯрду заданд.
  38. Ва Ҳоруни коҳин бар тибқи фармони Худованд бар кӯҳи Ҳӯр баромада, дар соли чилуми берун омадани банӣ-Исроил аз замини Миср, дар моҳи панҷум, дар рӯзи якуми моҳ дар он ҷо вафот ёфт.
  39. Ва Ҳорун саду бисту сесола буд, ки дар кӯҳи Ҳӯр мурд.
  40. Ва Канъонӣ, подшоҳи Арод, ки дар ҷануби замини Канъон сокин буд, аз омадани банӣ-Исроил хабар ёфт.
  41. Ва аз кӯҳи Ҳӯр кӯч карда, дар Салмӯна ӯрду заданд.
  42. Ва аз Салмӯна кӯч карда, дар Фунӯн ӯрду заданд.
  43. Ва аз Фунӯн кӯч карда, дар Ӯбӯт ӯрду заданд.
  44. Ва аз Ӯбӯт кӯч карда, дар Ийе-Аборим, дар ҳудуди Мӯоб ӯрду заданд.
  45. Ва аз Ийим кӯч карда, дар Дибӯн-Ҷод ӯрду заданд.
  46. Ва аз Дибӯн-Ҷод кӯч карда, дар Алмӯн-Диблотой-мо ӯрду заданд.
  47. Ва аз Алмӯн-Диблотоймо кӯч карда, дар кӯҳҳои Або-рим, пеши Набӯ ӯрду заданд.
  48. Ва аз кӯҳҳои Аборим кӯч карда, дар даштҳои Мӯоб, назди Ӯрдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ ӯрду заданд.
  49. Ва назди Ӯрдун, аз Байт-Ешимӯт то Обил-Шиттим, дар даштҳои Мӯоб ӯрду заданд.

Дастур дар бораи тасарруфи замин.

  1. Ва Худованд ба Мусо дар даштҳои Мӯоб, назди Ӯр-дун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: вақте ки шумо аз Ӯрдун ба замини Канъон убур намоед,
  3. Ҳамаи сокинони он заминро аз пеши худ бадар биро-нед, ва ҳамаи ҳайкалҳои нақшини онҳоро нест кунед, ва ҳамаи бутҳои рехтаи онҳоро бишканед, ва ҳамаи баландиҳои онҳоро хароб кунед.
  4. Ва заминро ба тасарруфи худ дароварда, дар он сокин шавед, зеро ки Ман ин заминро ба шумо додам, то ки онро тасарруф намоед.
  5. Ва заминро ба воситаи қуръа ба қабилаҳои худ ҳамчун мулк тақсим кунед: ба онҳое ки сершуморанд, мулкашонро бештар бидиҳед, ба онҳое ки камшуморанд, мулкашонро кам-тар бидиҳед; маконе ки мувофиқи қуръа ба касе барояд, аз они вай хоҳад буд; амлокро бар ҳасби сибтҳои падарони худ бигиред.
  6. Валекин агар шумо сокинони заминро аз пеши худ бадар наронед, касоне ки шумо аз миёни онҳо боқӣ мегузоред, мисли милҳо дар чашмони шумо ва мисли хорҳо дар биқин-ҳои шумо хоҳанд буд, ва шуморо бар замине ки дар он сокин шудаед, ба танг хоҳанд овард.
  7. Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки он чи Ман ният доштам бо онҳо бикунам, бо шумо хоҳам кард».

© IBT 1992

Реклама