Ададҳо боби 29

Қурбониҳои идҳои моҳи ҳафтум.

  1. ВА дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи якуми моҳ, бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳ-мат накунед; бигзор он барои шумо рӯзи навохтани карнайҳо бошад.
  2. Ва қурбонии сӯхтание ҳамчун атри гуворо барои Худо-ванд тақдим кунед: як наргови ҷавон, як қӯчқор, ҳафт бар-раи нари яксолаи беайб;
  3. Ва ҳадияи ордии онҳо: орди маҳини омехта бо равған се ушр барои ҳар наргов, ду ушр барои ҳар қӯчқор,
  4. Ва як ушр барои ҳар барра аз он ҳафт барра;
  5. Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, то ки шуморо ка-форат намояд,
  6. Ба иловаи қурбонии сӯхтании навмоҳ ва ҳадияи ордии он, ва қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордии он, ва ҳадияҳои рехтании онҳо бар тибқи дастури онҳо, то ки атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд бошад.
  7. Ва дар рӯзи даҳуми ин моҳ бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад, ва шумо ҷонҳои худро азият диҳед; ҳеҷ кор накунед.
  8. Ва қурбонии сӯхтание барои Худованд ҳамчун атри гу-воро тақдим кунед: як наргови ҷавон, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксола, ки барои шумо беайб бошад.
  9. Ва ҳадияи ордии онҳо: орди маҳини омехта бо равған се ушр барои ҳар наргов, ду ушр барои як қӯчқор,
  10. Ва як ушр барои ҳар барра аз он ҳафт барра,
  11. Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбо-нии гуноҳи рӯзи кафорат ва қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ордии он, ва бо ҳадияҳои рехтании онҳо.
  12. Ва дар рӯзи понздаҳуми моҳи ҳафтум бигзор ҷамъо-мади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат на-кунед, ва иди Худовандро ҳафт рӯз ид кунед.
  13. Ва қурбонии сӯхтанӣ, қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд тақдим кунед: сездаҳ наргови ҷавон, ду қӯчқор ва чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад.
  14. Ва ҳадияи ордии онҳо: орди маҳини омехта бо равған се ушр барои ҳар наргов аз он сездаҳ наргов, ду ушр барои ҳар қӯчқор аз он ду қӯчқор,
  15. Ва як ушр барои ҳар барра аз он чордаҳ барра,
  16. Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбо-нии сӯхтании доимӣ, бо ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.
  17. Ва дар рӯзи дуюм: дувоздаҳ наргови ҷавон, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,
  18. Ва ҳадияҳои ордии онҳо ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, қӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи он-ҳо, бар тибқи дастур,
  19. Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбо-нии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ордии он, ва бо ҳадияҳои рехтании онҳо.
  20. Ва дар рӯзи сеюм: ёздаҳ наргов, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,
  21. Ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, кӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,
  22. Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбо-нии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.
  23. Ва дар рӯзи чорум: даҳ наргов, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,
  24. Ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, қӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,
  25. Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбо-нии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.
  26. Ва дар рӯзи панҷум: нӯҳ наргов, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,
  27. Ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, қӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,
  28. Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбо-нии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.
  29. Ва дар рӯзи шашум: ҳашт наргов, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,
  30. Ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, қӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,
  31. Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбо-нии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордӣ ва ҳадияҳои рехтании он.
  32. Ва дар рӯзи ҳафтум: ҳафт наргов, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,
  33. Ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, қӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,
  34. Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбо-нии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.
  35. Дар рӯзи ҳаштум бигзор ҷашн барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед.
  36. Ва қурбонии сӯхтанӣ, қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд тақдим кунед: як наргов, як қӯчқор, ҳафт барраи нари яксола, ки беайб бошад.
  37. Ва ҳадияи ордӣ ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нар-гов, қӯчқор ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,
  38. Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбо-нии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.
  39. Инҳоро барои Худованд дар идҳои худ тақдим намоед, ба иловаи назрҳо ва хайроти худ: қурбониҳои сӯхтании худ ва ҳадияҳои ордии худ ва ҳадияҳои рехтании худ ва қурбо-ниҳои саломатии худ».

© IBT 1992

Реклама