Ададҳо боби 28

Тартиби тақдим кардани қурбониҳо.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил амр фармо ва ба онҳо бигӯ: «Қурбонии Маро, яъне нони Маро, ки барои қурбонии оташини Ман аст, ва атри гуворои Ман аст, риоя намуда, дар сари вақташ тақ-дим кунед».
  3. Ва ба онҳо бигӯ: ин аст қурбонии оташине ки бояд ба Худованд тақдим кунед: барраҳои нари яксолаи беайб, ҳар рӯз ду адад, барои қурбонии сӯхтании доимӣ.
  4. Як барраро дар субҳ тақдим намо, ва барраи дигарро шомгоҳ тақдим намо.
  5. Ва барои ҳадияи ордӣ — ба андозаи як ушри эфа орди маҳине ки бо чорьяк ҳин равғани зайтуни кӯфта омехта шуда бошад.
  6. Ин — қурбонии сӯхтании доимиест, ки дар кӯҳи Сино ҳамчун атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд ба амал оварда шуда буд.
  7. Ва ҳадияи рехтании он чорьяк ҳин барои ҳар барра аст; ин ҳадияи рехтании шаробро барои Худованд дар ма-кони муқаддас бирез.
  8. Ва барраи дигарро шомгоҳ тақдим намо; мисли ҳадияи ордии субҳ ва мисли ҳадияи рехтании он тақдим намо, то ки қурбонии оташин ва атри гуворо барои Худованд бошад.
  9. Ва дар рӯзи шанбе — ду барраи нари яксолаи беайб, ва барои ҳадияи ордӣ ду ушр орди маҳини омехта бо равған, ва ҳадияи рехтании он.
  10. Ин — қурбонии сӯхтанӣ барои ҳар рӯзи шанбе мебошад, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи рехтании он.
  11. Ва дар навмоҳҳои худ қурбонии сӯхтанӣ барои Худо-ванд тақдим намоед: ду наргови ҷавон, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксолаи беайб,
  12. Ва ҳадияи ордӣ ба андозаи се ушр орди маҳини омехта бо равған барои ҳар наргов, ва ҳадияи ордӣ ба андозаи ду ушр орди маҳини омехта бо равған барои ҳар қӯчқор,
  13. Ва ҳадияи ордӣ ба андозаи як ушр орди маҳини омехта бо равған барои ҳар барра, то ки қурбонии сӯхтанӣ, атри гуворо, қурбонии оташин барои Худованд бошад.
  14. Ва ҳадияҳои рехтании онҳо — ба андозаи нисфи ҳин шароб барои ҳар наргов бояд бошад, ва сеяки ҳин барои ҳар қӯчқор, ва чорьяки ҳин барои ҳар барра; ин аст қурбонии сӯхтании ҳар як навмоҳ дар моҳҳои сол.
  15. Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбо-нии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи рехтании он бояд тақдим карда шавад.
  16. Ва дар моҳи якум, дар рӯзи чордаҳуми моҳ, фисҳ ба-рои Худованд аст.
  17. Ва дар рӯзи понздаҳуми ин моҳ ид аст; ҳафт рӯз бояд фатир хӯрда шавад.
  18. Дар рӯзи аввал ҷамъомади муқаддас аст, ҳеҷ кори пур-заҳмат накунед.
  19. Ва қурбонии оташин, қурбонии сӯхтанӣ барои Худо-ванд тақдим кунед: ду наргови ҷавон, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксола; бигзор онҳо барои шумо беайб бошад.
  20. Ва ҳадияи ордии онҳо: орди маҳини омехта бо равған се ушр барои ҳар наргов, ва ду ушр барои ҳар қӯчқор тақдим кунед.
  21. Ва як ушр барои ҳар барра аз он ҳафт барра тақдим намо.
  22. Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, то ки шуморо ка-форат намояд.
  23. Инҳоро ба иловаи қурбонии сӯхтании субҳ, ки қурбо-нии сӯхтании доимист, тақдим кунед.
  24. Ҳамин тавр ҳар рӯз аз он ҳафт рӯз ба амал оваред; нони ҳадияи оташин атри гуворо барои Худованд аст; ин бояд ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи рехтании он тақдим карда шавад.
  25. Ва дар рӯзи ҳафтум бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед.
  26. Ва дар рӯзи навбарҳо, вақте ки ҳадияи ордии тоза барои Худованд дар иди ҳафтаҳои худ тақдим менамоед, биг-зор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кори пур-заҳмат накунед.
  27. Ва қурбонии сӯхтание ҳамчун атри гуворо барои Худо-ванд тақдим кунед: ду наргови ҷавон, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксола;
  28. Ва ҳадияи ордии онҳо: орди маҳини омехта бо равған се ушр барои ҳар наргов, ва ду ушр барои ҳар қӯчқор,
  29. Ва як ушр барои ҳар барра аз он ҳафт барра;
  30. Ва як нарбуз, то ки шуморо кафорат намояд.
  31. Онҳоро ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордии он тақдим намоед; бо ҳадияи рехтании онҳо; онҳо барои шумо беайб бошад.

© IBT 1992

Реклама