Ададҳо боби 26

Саршумории насли ҷавон.

  1. ВА баъд аз вабо чунин воқеъ шуд, ки Худованд ба Мусо ва ба Элъозор ибни Ҳоруни коҳин сухан ронда, гуфт:
  2. «Тамоми ҷамоати банӣ-Исроилро, бар ҳасби хонадонҳои онҳо, аз бистсола ва болотар, яъне ҳамаи онҳоеро, ки ба лашкари Исроил мераванд, саросар дар шумор оваред».
  3. Ва Мусо ва Элъозори коҳин ба онҳо дар даштҳои Мӯоб, назди Ӯрдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ, сухан ронда, гуфтанд:
  4. «Аз бистсола ва болотар дар шумор оваред, чунон ки Худованд ба Мусо ва ба банӣ-Исроил, ки аз замини Миср берун омаданд, амр фармуда буд».
  5. Реубен, нахустзодаи Исроил: банӣ-Ғеубен: аз Ҳанӯх қабилаи ҳанӯхиён, аз Фаллу қабилаи фаллуиён,
  6. Аз Ҳесрӯн қабилаи ҳесрӯниён, аз Кармӣ қабилаи кармиён.
  7. Инҳоянд қабилаҳои реубениён; ва дар шумор овардашудагони онҳо чилу се ҳазору ҳафтсаду сӣ нафар буданд.
  8. Ва банӣ-Фаллу: Элиёб.
  9. Ва банӣ-Элиёб: Намуил ва Дотон ва Абиром; ҳамон Дотон ва Абиром, ки калоншавандагони ҷамоат буда, ба зид-ди Мусо ва Ҳорун бо якҷоягии дастаи Қӯраҳ фитна андохта буданд, вақте ки онҳо ба зидди Худованд фитна андохтанд;
  10. Ва замин даҳони худро кушода, онҳоро бо Қӯраҳ фурӯ бурда буд, вақте ки он даста мурданд, ва оташ дусаду панҷоҳ нафарро сӯзонид, ва онҳо ба аломате мубаддал шуданд.
  11. Вале банӣ-Қӯраҳ намурданд.
  12. Банӣ-Шимъӯн бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Намуил қабилаи намуилиён, аз Ёмин қабилаи ёминиён, аз Ёкин қабилаи ёкиниён,
  13. Аз Зораҳ қабилаи зораҳиён, аз Шоул қабилаи шоулиён.
  14. Инҳоянд қабилаҳои шимъӯниён — бисту ду ҳазору дусад нафар.
  15. Банӣ-Ҷод бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Сафӯн қабилаи сафӯниён, аз Ҳаҷҷӣ қабилаи ҳаҷҷиён, аз Шунӣ қабилаи шу-ниён,
  16. Аз Ознӣ қабилаи озниён, аз Эрӣ қабилаи эриён,
  17. Аз Арӯд қабилаи арӯдиён, аз Арэлӣ қабилаи арэлиён.
  18. Инҳоянд қабилаҳои банӣ-Ҷод бар ҳасби дар шумор овардашудагони онҳо — чил ҳазору панҷсад нафар.
  19. Банӣ-Яҳудо: Эр ва Ӯнон; ва Эр ва Ӯнон дар замини Канъон мурданд.
  20. Ва банӣ-Яҳудо бар ҳасби қабилаҳои онҳо инҳоянд: аз Шело қабилаи шелоиён, аз Форас қабилаи форасиён, аз Зо-раҳ қабилаи зораҳиён.
  21. Ва банӣ-Форас инҳоянд: аз Ҳесрӯн қабилаи ҳесрӯниён, аз Ҳомул қабилаи ҳомулиён.
  22. Инҳоянд қабилаҳои Яҳудо бар ҳасби дар шумор овар-дашудагони онҳо — ҳафтоду шаш ҳазору панҷсад нафар.
  23. Банӣ-Иссокор бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Тӯлоъ қа-билаи тӯлоиён, аз Фувво қабилаи фуввоиён,
  24. Аз Ёшув қабилаи ёшувиён, аз Шимрӯн қабилаи шим-рӯниён.
  25. Инҳоянд қабилаҳои Иссокор бар ҳасби дар шумор овар-дашудагони онҳо — шасту чор ҳазору сесад нафар.
  26. Банӣ-Забулун бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Сорад қа-билаи сорадиён, аз Элӯн қабилаи элӯниён, аз Яҳлаил қабилаи яҳлаилиён.
  27. Инҳоянд қабилаҳои забулуниён бар ҳасби дар шумор овардашудагони онҳо — шаст ҳазору панҷсад нафар.
  28. Банӣ-Юсуф бар ҳасби қабилаҳои онҳо: Менашше ва Эфроим.
  29. Банӣ-Менашше: аз Мокир қабилаи мокириён; ва Мо-кир Ҷилъодро ба дуньё овард; аз Ҷилъод қабилаи ҷилъо-диён.
  30. Инҳоянд банӣ-Ҷилъод: аз Иозар қабилаи иозариён, аз Ҳелақ қабилаи ҳелақиён,
  31. Ва аз Асриил қабилаи асриилиён, ва аз Шокам қабилаи шокамиён,
  32. Ва аз Шамидоъ қабилаи шамидоиён, ва аз Ҳефар қа-билаи ҳефариён.
  33. Ва Салофҳод ибни Ҳефар писаре надошт, балки духта-ронаш буданд, ва номи духтарони Салофҳод ин аст: Маҳло, Нӯо, Ҳоҷло, Милко ва Тирсо.
  34. Инҳоянд қабилаҳои Менашше, ва дар шумор оварда-шудагони онҳо панҷоҳу ду ҳазору ҳафтсад нафар буданд.
  35. Инҳоянд банӣ-Эфроим бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Шутолаҳ қабилаи шутолаҳиён, аз Бокар қабилаи бокариён, аз Таҳан қабилаи таҳаниён.
  36. Ва инҳоянд банӣ-Шутолаҳ: аз Эйрон қабилаи эйрониён.
  37. Инҳоянд қабилаҳои банӣ-Эфроим бар ҳасби дар шу-мор овардашудагони онҳо — сию ду ҳазору панҷсад нафар. Инҳоянд банӣ-Юсуф бар ҳасби қабилаҳои онҳо.
  38. Банӣ-Биньёмин бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Болаъ қабилаи болаиён, аз Ашбил қабилаи ашбилиён, аз Аҳиром қабилаи аҳиромиён,
  39. Аз Шафуфом қабилаи шафуфомиён, аз Ҳуфом қабилаи ҳуфомиён.
  40. Ва банӣ-Болаъ инҳоянд: Ард ва Наамон; аз Ард қа-билаи ардиён, аз Наамон қабилаи наамониён.
  41. Инҳоянд банӣ-Биньёмин бар ҳасби қабилаҳои онҳо, ва дар шумор овардашудагони онҳо чилу панҷ ҳазору ҳаштсад нафар буданд.
  42. Инҳоянд банӣ-Дон бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Шу-ҳом қабилаи шуҳомиён; инҳоянд қабилаҳои Дон бар ҳасби қабилаҳои онҳо.
  43. Ҳамаи қабилаҳои шуҳомиён бар ҳасби дар шумор овар-дашудагони онҳо — шасту чор ҳазору чорсад нафар буданд.
  44. Банӣ-Ошер бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Йимно қа-билаи йимноиён, аз Йишвӣ қабилаи йишвиён, аз Барио қа-билаи бариоиён.
  45. Аз банӣ-Барио: аз Ҳибар қабилаи ҳибариён, аз Мал-киил қабилаи малкиилиён.
  46. Ва номи духтари Ошер Сораҳ буд.
  47. Инҳоянд қабилаҳои банӣ-Ошер бар ҳасби дар шумор овардашудагони онҳо — панҷоҳу се ҳазору чорсад нафар буданд.
  48. Банӣ-Нафтолӣ бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Яҳсаил қабилаи яҳсаилиён, аз Ҷунӣ қабилаи ҷуниён,
  49. Аз Есар қабилаи есариён, аз Шиллим қабилаи шилли-миён.
  50. Инҳоянд қабилаҳои Нафтолӣ бар ҳасби қабилаҳои он-ҳо, ва дар шумор овардашудагони онҳо чилу панҷ ҳазору чорсад нафар буданд.
  51. Инҳоянд дар шумор  овардашудагони банӣ-Исроил: шашсаду як ҳазору ҳафтсаду сӣ нафар.
  52. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  53. «Ба инҳо, бар ҳасби шумораи номҳо, замин бояд барои моликият тақсим карда шавад.
  54. Ба он ки сершумор аст, мулкашро зиёдтар бидеҳ, ва ба он ки камшумор аст, мулкашро камтар бидеҳ; ба ҳар яке мулки вай бояд мувофиқи дар шумор овардашудагонаш дода шавад.
  55. Замин бояд фақат аз рӯи қуръа тақсим карда шавад; бар тибқи номҳои сибтҳои падарони худ онҳо бояд мулк бигиранд.
  56. Ҳам ба онҳое ки сершуморанд, ва ҳам ба онҳое ки камшуморанд, мулкашон бояд аз рӯи қуръа тақсим карда шавад».
  57. Ва инҳоянд дар шумор овардашудагони Левӣ бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз «Ҷершӯн қабилаи ҷершӯниён, аз Қаҳот қабилаи қаҳотиён, аз Марорӣ қабилаи марориён.
  58. Инҳоянд қабилаҳои Левӣ: қабилаи либниён, қабилаи ҳебрӯниён, қабилаи маҳлиён, қабилаи мушиён, қабилаи қӯра-ҳиён; ва Каҳот Амромро ба дуньё овард.
  59. Ва номи зани Амром Юкобад буд, ки ӯ духтари Левӣ буд, ва ӯро зани Левӣ дар Миср зоида буд; ва ӯ барои Амром Ҳорун ва Мусо ва хоҳарашон Марьямро зоид.
  60. Ва барои Ҳорун Нодоб, Абиҳу, Элъозор ва Итомор зоида шуданд.
  61. Вале Нодоб ва Абиҳу мурданд, вақте ки оташи бегонае ба ҳузури Худованд тақдим карданд.
  62. Ва дар шумор овардашудагони онҳо, яъне мардинае аз якмоҳа ва болотар, бисту се ҳазор нафар буданд; зеро ки онҳо дар миёни банӣ-Исроил дар шумор оварда нашуда бу-данд, чунки ба онҳо дар миёни банӣ-Исроил моликият дода нашудааст.
  63. Инҳоянд дар шумор овардашудагон ба воситаи Мусо ва Элъозори коҳин, вақте ки онҳо банӣ-Исроилро дар дашт-ҳои Мӯоб, назди Ӯрдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ дар шумор оварданд.
  64. Ва дар миёни онҳо касе набуд аз онҳое ки Мусо ва Ҳоруни коҳин дар шумор оварда буданд, вақте ки банӣ-Исроилро дар биёбони Сино дар шумор оварданд;
  65. Зеро ки Худованд ба онҳо гуфта буд: «Ба яқин онҳо дар биёбон хоҳанд мурд», ва аз онҳо, ба ҷуз Колеб ибни Ефунне ва Еҳушаъ ибни Нун, касе боқӣ намонд.

© IBT 1992