Ададҳо боби 21

Мори мисин. Ғалаба бар Сиҳӯн.

  1. ВА Канъонӣ, подшоҳи Арод, ки дар ҷануб сокин буд, шунид, ки Исроил бо роҳи Аторим меояд, ва ӯ бо исроилиён ҷанг кард, ва баъзеро аз онҳо ба асирӣ бурд.
  2. Ва Исроил барои Худованд назр карда, гуфт: «Агар ин қавмро ба дасти ман бисупорӣ, шаҳрҳои онҳоро тамоман торумор хоҳам кард».
  3. Ва Худованд овози Исроилро иҷобат намуда, канъо-ниёнро ба дасти вай супурд, ва вай онҳо ва шаҳрҳои онҳоро тамоман торумор кард, ва он макон Ҳормо* номида шуд.
  4. Ва аз кӯҳи Ҳӯр бо роҳи баҳри Қулзум кӯч карданд, то ки замини Адӯмро давр зананд; ва дар роҳ тоқати қавм тоқ шуд.
  5. Ва қавм аз Худо ва аз Мусо шикоят карда, гуфтанд: «Чаро моро аз Миср баровардед, то ки дар биёбон бимирем? Зеро ки на нон ҳаст ва на об, ва дили мо аз ин хӯроки нобоб нафрат дорад».
  6. Ва Худованд морҳои заҳрдорро ба зидди қавм фирис-тод, ва онҳо қавмро заҳр заданд; ва мардуми зиёде аз исрои-лиён мурданд.
  7. Ва қавм назди Мусо омада, гуфтанд: «Мо гуноҳ кар-дем, ки аз Худованд ва аз ту шикоят намудем; сӯи Худованд дуо гӯй, то ки моронро аз мо дур кунад». Ва Мусо барои қавм дуо гуфт.
  8. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Барои худ мори заҳрдоре бисоз, ва онро бар сари ходае бимон; ва ҳар моргазида, агар ба он назар кунад, зинда хоҳад монд».
  9. Ва Мусо мори мисине сохта, бар сари ходае монд; ва ҳар гоҳ касеро мор заҳр мезад, ҳамин ки вай ба мори мисин назар мекард, зинда мемонд.
  10. Ва банӣ-Исроил кӯч карда, дар Ӯбӯт ӯрду заданд.
  11. Ва аз Ӯбӯт кӯч карда, дар Ийе-Аборим, дар биёбоне ки рӯ ба рӯи Мӯоб, ба тарафи тулӯи офтоб аст, ӯрду заданд.
  12. Ва аз он ҷо кӯч карда, дар водии Зорад ӯрду заданд.
  13. Аз он ҷо кӯч карда, ба он тарафи Арнӯн, ки дар биё-бон берун аз ҳудуди амӯриён мебошад, ӯрду заданд; зеро ки Арнӯн сарҳади Мӯоб, дар миёни Мӯоб ва амӯриён аст.
  14. Бинобар ин дар китоби ҷангҳои Худованд гуфта шудааст: «Аз Воҳиб, ки дар Суфа аст, ва аз водиҳои Арнӯн гузаштем,
  15. Ва низ аз ҷараёнгоҳи водиҳо, ки ҷониби мавқеи Ор майл мекунад, ва ба ҳудуди Мӯоб мепайвандад».
  16. Ва аз он ҷо ба Баир* кӯч карданд. Ин ҳамон чоҳест, ки Худованд дар бораи он ба Мусо гуфт: «Қавмро ҷамъ кун, то ки ба онҳо об диҳам».
  17. Он гоҳ исроилиён ин сурудро сароиданд: «Лабрез шав, эй чоҳ! — бисароед ба он, —
  18. Чоҳе ки мирон онро ҳафра задаанд, наҷибони қавм, бо чӯбдаст ва асоҳои худ онро кандаанд». Ва аз биёбон ба Маттоно кӯч карданд.
  19. Ва аз Маттоно—ба Наҳалиил, ва аз Наҳалиил—ба Бомӯт,
  20. Ва аз Бомӯт — ба Гай, ки дар кишвари Мӯоб, бар қуллаи Фисҷа воқеъ аст, бар қуллае ки бар рӯи биёбон қад кашидааст.
  21. Ва Исроил ба Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, қосидонро фи-ристод, то ки бигӯянд:
  22. «Хоҳишмандам, ки аз заминат убур кунам; ба киштзор ва токзор дохил нахоҳем шуд, аз оби чоҳ нахоҳем нӯшид; бо шоҳроҳ хоҳем рафт, то даме ки аз ҳудуди ту убур кунем».
  23. Вале Сиҳӯн барои убур кардани Исроил аз ҳудуди худ роҳ надод; ва Сиҳӯн тамоми қавми худро ҷамъ кард, ва ба пешвози Исроил ба биёбон баромад, ва ба Ёҳас расида, бо Исроил ҷанг кард.
  24. Ва Исроил варо ба дами шамшер зада, заминашро аз Арнӯн то Яббӯқ ва то банй-Аммӯн тасарруф намуд, зеро ки сарҳади банӣ-Аммӯн мустаҳкам буд.
  25. Ва Исроил ҳамаи ин шаҳрҳоро гирифт, ва Исроил дар ҳамаи шаҳрҳои амӯрӣён, дар Ҳешбӯн ва дар тамоми деҳоташ сокин шуд.
  26. Зеро ки Ҳешбӯн шаҳри Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён буд, ва ӯ бо подшоҳи пештараи Мӯоб ҷанг карда, тамоми замини варо то Арнӯн аз дасташ гирифта буд.
  27. Бинобар ин ровиён мегӯянд: «Ба Ҳешбӯн биёед, шаҳри Сиҳӯн бино ёфта, обод мешавад!
  28. Зеро ки оташе аз Ҳешбӯн баромад, ва алангае аз шаҳри Сиҳӯн; Ор-Мӯобро сӯзонид, ва соҳибони баландиҳои Арнӯнро.
  29. Вой бар ҳоли ту, эй Мӯоб! Ба ҳалокат расидед, эй қавми Камуш! Писарони худро гуреза гардонид ва духтарони худро ба Сидӯн, подшоҳи амӯриён, ба асирӣ дод.
  30. Ва мо ба онҳо тир андохтем, ва Ҳешбӯн то Дибӯн нобуд шуд; ва онҳоро то Нуфаҳ, ки назди Мидбо мебошад, харобазор гардондем».
  31. Ва Исроил дар замини амӯриён маскан гирифт.
  32. Ва Мусо фиристод, ки Яъзирро ҷосусӣ намоянд, ва деҳоти онро забт карданд, ва амӯриёнро, ки дар он ҷо буданд, бадар ронданд.
  33. Ва тоб хӯрда, ба роҳи Бошон баромаданд, ва Уҷ, под-шоҳи Бошон, бо тамоми қавми худ ба муқобили онҳо берун омад, то ки назди Адрай ҷанг кунад.
  34. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Аз вай натарс, зеро ки варо бо тамоми қавмаш ва заминаш ба дасти ту месупорам, ва бо вай ончунон амал хоҳӣ кард, чунон ки бо Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн сокин буд, амал кардӣ».
  35. Ва ӯро бо писаронаш ва тамоми қавмаш зарба заданд, ба тавре ки касе аз онҳо боқӣ намонд, ва замини ӯро тасарруф карданд.

*3. Торумор.

*16. Чоҳ.

© IBT 1992

Реклама