Ибодат боби 27

Ба Худо бахшидани қимати одамон ва ашьё.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: агар касе назр кунад, ки нуфусе мувофиқи қиматдиҳии ту аз они Худованд бошад,
  3. Ва агар қиматдиҳии ту барои марди аз бистсола то шастсола бошад, — қиматдиҳии ту панҷоҳ сиқл нуқра бар тибқи сиқли муқаддас хоҳад буд.
  4. Ва агар вай зан бошад,—қиматдиҳии ту сӣ сиқл хоҳад буд.
  5. Ва агар аз панҷсола то бистсола бошад, — қиматдиҳии ту барои мард бист сиқл, ва барои зан даҳ сиқл хоҳад буд.
  6. Ва агар аз якмоҳа то панҷсола бошад, — қиматдиҳии ту барои мард панҷ сиқл нуқра, ва барои зан қиматдиҳии ту се сиқл нуқра хоҳад буд.
  7. Ва агар аз шастсола ва болотар бошад, — барои мард қиматдиҳии ту понздаҳ сиқл, ва барои зан даҳ сиқл хоҳад буд.
  8. Ва агар вай ба дараҷае бенаво бошад, ки қиматдиҳии туро натавонад адо намояд, — бигзор варо назди коҳин биё-ранд, ва коҳин қимате барояш муайян кунад; бигзор коҳин ба қадри дороии назркунанда қимати варо муайян намояд.
  9. Ва агар он чорпое бошад, ки аз онҳо барои Худованд қурбонӣ мекунанд, ҳар он чи касе аз онҳо ба Худованд тақ-дим менамояд, муқаддас хоҳад буд.
  10. Набояд онро иваз кунад ва хубро ба бад ё бадро ба хуб бадал намояд; ва агар чорпоеро ба чорпое иваз намояд, — ҳам он ва ҳам ивази он муқаддас хоҳад буд.
  11. Ва агар он ягон чорпои наҷис бошад, ки аз онҳо барои Худованд қурбонӣ намекунанд, — бигзор он чорпоро пеши коҳин биёрад,
  12. Ва коҳин ба он, хоҳ хуб бошад хоҳ бад, қимат медиҳад, ва чӣ тавре ки коҳин қимат диҳад, ҳамон тавр хоҳад шуд.
  13. Ва агар онро фидия дода гирифтанӣ шавад, бигзор бар он қимат панҷьяки онро илова намояд.
  14. Ва агар касе хонаи худро вақф кунад, то ки он барои Худованд муқаддас бошад, коҳин бояд ба он, хоҳ хуб бошад хоҳ бад, қимат диҳад; чӣ тавре ки коҳин ба он қимат диҳад, ҳамон тавр ба амал хоҳад омад.
  15. Ва агар вақфкунанда хонаи худро фидия дода гириф-танӣ шавад, бигзор бар он қимат панҷьяки онро илова на-мояд, ва он аз они ӯ хоҳад буд.
  16. Ва агар касе аз мулки худ қитъае барои Худованд вақфкунад, қимати он бояд мувофиқи зироати он бошад: барои зироати як хӯмер ҷав — панҷоҳ сиқл нуқра.
  17. Агар қитъаи худро аз соли юбил вақф кунад, бигзор мувофиқи ҳамин қимат ба амал ояд.
  18. Ва агар қитъаи худро баъд аз юбил вақф кунад, дар он сурат коҳин бояд нуқраро бар тибқи солҳое ки то соли юбил боқӣ монда бошад, ҳисоб кунад, ва бигзор ин аз қи-мати он тарҳ намуда шавад.
  19. Ва агар қитъаро вақфкунандаи он фидия дода гирифта-нӣ шавад, бигзор панҷьяки қимати онро бар он илова намояд, ва он дар ихтиёраш хоҳад монд.
  20. Ва агар ӯ қитъаро фидия дода нагирад, ё агар қитъа ба каси дигар фурӯхта шавад, — баъд аз ин фидия дода гирифтан мумкин нест.
  21. Ва он қитъа, вақте ки дар юбил раҳо шавад, ҳамчун қитъаи вақф барои Худованд муқаддас хоҳад буд; он ба тасарруфи коҳин дароварда хоҳад шуд.
  22. Ва агар касе қитъаеро, ки харида бошад, яъне қитъаеро, ки аз мулки худаш нест, барои Худованд вақф кунад, —
  23. Коҳин бояд маблағи қимати онро то соли юбил барои ӯ ҳисоб кунад, ва ӯ бояд он қиматро дар ҳамон рӯз ҳамчун вақфи Худованд бидиҳад.
  24. Дар соли юбил он қитъа ба касе хоҳад баргашт, ки аз вай харида шуда буд, яъне тасарруфи он замин ба вай тааллуқ дошт.
  25. Ва ҳар қимате ки дода мешавад, бояд бо сиқли муқад-дас бошад: бист ҷеро дар як сиқл бояд бошад.
  26. Аммо нахустзодае аз чорпоён, ки ба сабаби нахустзода-гияш аз они Худованд аст, — набояд касе онро вақф намояд; он, хоҳ гов бошад хоҳ гӯсфанд, аз они Худованд аст.
  27. Ва агар он аз чорпоёни наҷис бошад, бояд мувофиқи қимате ки ба он дода шудааст, фидия дода гирифта шавад, ва панҷьяки он қимат бар он илова карда шавад; ва агар фидия дода гирифта нашавад, он бояд мувофиқи қимате ки дода шудааст, фурӯхта шавад.
  28. Аммо ҳар вақфе ки касе аз ҳар дороии худ барои Ху-дованд вақф мекунад — хоҳ аз одам ва чорпоён бошад, хоҳ қитъае аз мулки вай, — на фурӯхта мешавад ва на фидия дода гирифта мешавад; ҳар вақф қудси қудсҳост барои Худо-ванд.
  29. Ҳар вақфе ки аз миёни одамон вақф карда шуда бо-шад, фидия дода гирифта намешавад: бояд кушта шавад.
  30. Ва ҳар ушри замин, — чи аз зироати замин, чи аз меваи дарахтон, — аз они Худованд аст; ин барои Худованд муқаддас мебошад.
  31. Ва агар касе бихоҳад, ки барои ушри худ фидия диҳад, бигзор бар қимати он панҷьяки онро илова намояд.
  32. Ва ҳар ушри гов ва гӯсфанд, яъне ҳар он чи аз зери асои чӯпон мегузарад, даҳуми он барои Худованд муқаддас хоҳад буд.
  33. Кас набояд диққат кунад, ки оё он хуб аст ё бад, ва набояд онро иваз намояд; ва агар онро иваз намояд, ҳам худи он ва ҳам ивази он муқаддас хоҳад буд; ва барои он фидия додан мумкин нест».
  34. Ин аст аҳкоме ки Худованд ба Мусо барои банӣ-Исроил дар кӯҳи Сино амр фармудааст.

© IBT 1992

Реклама