Ибодат боби 25

Қонунҳо дар бораи замин; соли оромии замин.

  1. ВА Худованд ба Мусо дар кӯҳи Сино сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: ҳангоме ки шумо ба замине ки Ман ба шумо медиҳам, дохил шавед, он гоҳ замин бояд дар шанбеи Худованд ором гирад.
  3. Шаш сол киштзори худро кишт намо, ва шаш сол токзори худро каллак бизан, ва ҳосили онро ғунучин бикун;
  4. Ва дар соли ҳафтум бигзор шанбеи оромӣ барои за-мин, яъне шанбеи Худованд бошад: киштзори худро кишт накун, ва токзори худро каллак назан;
  5. Он чиро, ки дар киштзори ту худ аз худ рӯида бошад, дарав накун, ва ангурҳои токеро, ки каллак назадаӣ, ғуну-чин нанамо; бигзор ин соли оромӣ барои замин бошад.
  6. Ва бигзор шанбеи замин хӯрок барои шумо бошад, — барои ту ва ғуломат, ва канизат, ва муздурат, ва сокинат, ки бо ту истиқомат доранд;
  7. Ва барои чорпоёнат, ва барои ҳайвоноте ки дар за-мини ту ҳастанд, бигзор тамоми ҳосили он хӯрок бошад.

Соли юбил.

  1. Ва барои худ ҳафт шанбеи солҳоро, яъне ҳафт солро ҳафт маротиба бишумор, ва айёми ин ҳафт шанбеи солҳо барои ту чилу нӯҳ сол хоҳад шуд.
  2. Ва дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи даҳуми моҳ, шохи балан-довозро бинавоз; дар рӯзи кафорат шохро дар тамоми замини худ бинавозед.
  3. Ва соли панҷоҳумро тақдис кунед, ва дар замин барои ҳамаи сокинонаш озодӣ эълон намоед; бигзор ин барои шу-мо юбил бошад; ва ҳар яке ба мулки худ баргардед, ва ҳар яке ба оилаи худ баргардед.
  4. Бигзор ин соли панҷоҳум барои шумо юбил бошад: кишт накунед, ва он чиро, ки худ аз худ рӯида бошад, дарав накунед, ва ангурҳои токеро, ки каллак зада нашудааст, ғу-нучин нанамоед.
  5. Зеро ки ин юбил аст; бигзор он барои шумо муқаддас бошад; аз киштзор ҳосили онро бихӯред.
  6. Дар ин соли юбил ҳар яке ба мулки худ баргардед.
  7. Ва агар чизе ба ёри худ бифрӯшед, ё чизе аз дасти ёри худ бихаред, якдигарро фиреб накунед.
  8. Мувофиқи солҳои баъд аз юбил аз ёри худ бихар, ва мувофиқи солҳои ҳосилот вай бояд ба ту бифрӯшад.
  9. Мувофиқи бисьёрии он солҳо баҳои онро зиёд кун, ва мувофиқи камии он солҳо баҳои онро кам намо, зеро ки шумораи ҳосилотро вай ба ту мефурӯшад.
  10. Ва якдигарро фиреб накунед; ва аз Худои худ тарсон бош; зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам.
  11. Пас, фароизи Маро ба ҷо оваред, ва аҳкоми Маро риоя намоед, ва онҳоро ба амал оваред, ва бар замин ба амният сокин хоҳед буд.
  12. Ва замин ҳосили худро хоҳад дод, ва то серӣ хоҳед хӯрд, ва бар он ба амният сокин хоҳед буд.
  13. Ва агар гӯед: «Дар соли ҳафтум чӣ мехӯрем, дар сурате ки кишт намекунем ва ҳосилоти худро намебардорем?», —
  14. Ман баракати Худро дар соли шашум бар шумо равона хоҳам кард, ва он барои се сол ҳосил хоҳад дод.
  15. Ва дар соли ҳаштум кишт хоҳед кард, вале аз ҳосилоти кӯҳна хоҳед хӯрд; то соли нӯҳум, то пухта расидани ҳосили он, ҳосилоти кӯҳнаро хоҳед хӯрд.
  16. Вале замин набояд ба сурати абадӣ фурӯхта шавад, зеро ки замин аз они Ман аст; ва шумо назди Ман ғариб ва сокин ҳастед.
  17. Ва дар тамоми замини мулки худ имконият диҳед, ки замин фидия дода гирифта шавад.

Фидия дода гирифтани мулки меросӣ.

  1. Агар бародари ту бенаво шуда, як қисми мулкашро бифрӯшад, фидиядеҳи ӯ, ки хеши наздики ӯст, меояд, ва он чиро, ки бародараш фурӯхтааст, фидия дода мегирад.
  2. Ва агар касе фидиядеҳ надошта бошад, вале худаш до-ро гардида, барои фидия дода гирифтанаш маблағи зарурӣ дар дасташ пайдо шавад, —
  3. Бигзор ӯ солҳои фурӯхти худро ҳисоб кунад, ва бақияи маблағро ба он кас, ки фурӯхта буд, баргардонад, ва ба мулки худ баргардад.
  4. Ва агар маблағи зарурӣ, ки бояд ба он кас баргардонад, дар дасташ пайдо нашавад, дар он сурат он чи ӯ фурӯхтааст, дар дасти харидори он то соли юбил мемонад, ва дар юбил он раҳо мешавад, ва ӯ ба мулки худ бармегардад.
  5. Ва агар касе хонаи истиқоматро дар шаҳри ҳисордор бифрӯшад, то гузаштани як сол баъд аз фурӯхтани он ӯ ҳақ дорад, ки фидия дода онро бигирад, яъне хуқуқи фидия дода гирифтани он як сол давом мекунад.
  6. Валекин агар дар муддати як соли тамом онро фидия дода нагирад, он хонае ки дар шаҳри ҳисордор воқеъ аст, дар дасти харидори он ба таври доимӣ дар наслҳои вай ме-монад, яъне дар юбил раҳо намешавад.
  7. Вале хонаҳои деҳоте ки гирдогирд ҳисор надорад, бояд мисли киштзори он замин ҳисоб ёбад: онҳоро фидия дода гирифтан мумкин аст, ва дар юбил онҳо раҳо мешавад.
  8. Ва шаҳрҳои левизодагон, яъне хонаҳое ки онҳо дар шаҳрҳои мулки худ доранд, — левизодагон ҳамеша ҳақ до-ранд, ки фидия дода онҳоро бигиранд.
  9. Ва ҳатто агар касе аз левизодагон фидия дода гирифта бошад, он хонае ки дар шаҳри мулки ӯ фурӯхта шудааст, дар юбил раҳо мешавад, зеро ки хонаҳои шаҳрҳои левизода-гон мулки онҳо дар миёни банӣ-Исроил мебошад.
  10. Ва чарогоҳҳои назди шаҳрҳои онҳо набояд фурӯхта шавад, зеро ки ин мулки абадист барои онҳо.

Дар бораи бародарони бенаво.

  1. Ва агар бародарат бенаво шуда, назди ту тиҳидаст гар-дад, ӯро, хоҳ ғариб бошад хоҳ сокин, дастгирӣ намо, то ки бо ту зиндагӣ кунад.
  2. Аз ӯ суд ва рибо нагир, ва аз Худои худ тарсон бош, то ки бародарат бо ту зиндагӣ кунад.
  3. Нуқраи худро ба ӯ ба суд надеҳ, ва хӯроки худро ба рибо надеҳ.
  4. Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ки шуморо аз за-мини Миср берун овардаам, то ки замини Канъонро ба шумо диҳам, ва Худои шумо бошам.
  5. Ва агар бародарат бенаво гардида, ба ту фурӯхта ша-вад, ӯро мисли ғуломе кор нафармо.
  6. Мисли муздуре, мисли сокине ӯ бояд назди ту бошад; бигзор то соли юбил ӯ назди ту кор кунад.
  7. Ва он гоҳ ӯ аз ту раҳо мешавад, худаш ва фарзандонаш ҳамроҳи ӯ, ва ба қабилаи худ бармегардад, ва ба мулки па-дарони худ аз нав дохил мешавад.
  8. Зеро ки онҳо бандагони Мананд, ки онҳоро аз замини Миср берун овардаам: онҳо набояд тавре фурӯхта шаванд, ки ғуломонро мефурӯшанд.
  9. Ба ӯ бераҳмона хукмронӣ накун, ва аз Худои худ тар-сон бош.
  10. Вале барои он ки ғуломат ва канизат аз они ту бошанд, аз халқҳое ки дар атрофи шумо ҳастанд, — аз онҳо ғулом ва каниз бихаред.
  11. Ва низ аз фарзандони сокиноне ки назди шумо маскан гирифтаанд, — аз онҳо метавонед бихаред, ва аз қабилаи онҳо, ки назди шумо мебошанд, яъне онҳо дар замини шумо зоидаанд; ва инҳо метавонанд моликияти шумо бошанд.
  12. Ва онҳоро метавонед баъд аз худ ба писаронатон ҳам-чун моликияти меросӣ бисупоред: онҳоро дар тамоми умра-шон метавонед ғулом гардонед. Вале бар бародарони худ, банӣ-Исроил, — бигзор  касе  бар  бародаронаш  бераҳмона ҳукмронӣ накунад.

Фидия барои бародароне ки бенаво шудаанд.

  1. Ва агар ғарибе ё сокине ки назди туст, дороӣ пайдо кунад, вале бародарат назди вай бенаво шуда, ба он ғариб ё сокине ки назди туст, ё ба касе ки аз қабилаи он ғариб аст, худро бифрӯшад, —
  2. Баъд аз фурӯхта шуданаш бигзор ӯ фидия дода ги-рифта шавад: яке аз бародаронаш бояд фидия дода ӯро бигирад;
  3. Ё амакаш ё писари амакаш бояд фидия дода ӯро би-гирад; ё касе аз ҳамҷисмони ӯ, яъне аз қабилаи ӯ бояд фидия дода ӯро бигирад; ё ки, агар худаш дороӣ пайдо карда бошад, бигзор фидия дода худро раҳо кунад.
  4. Ва бигзор ӯ бо касе ки ӯро харидааст, аз соле ки худро ба вай фурӯхта буд, то соли юбил ҳисобӣ кунад, ва нуқрае ки дар ивазаш ӯ худро фурӯхта буд, бояд мувофиқи солҳо тақсим карда дода шавад, ва мӯҳлате ки ӯ назди вай буд, мисли мӯҳлати муздур ҳисоб ёбад.
  5. Агар солҳои бисьёр боқӣ монда бошад, ӯ бояд муво-фиқи онҳо аз нуқрае ки ба ивазаш харида шуда буд, барои фидияи худ баргардонад.
  6. Ва агар то соли юбил солҳои кам боқӣ монда бошад, бигзор ӯ онро бо вай ҳисоб карда, мувофиқи он солҳо фидияи раҳоии худро бидиҳад.
  7. Мисли муздуре ки сол ба сол киро карда мешавад, назди вай бошад; бигзор вай дар пеши назари ту бар ӯ бераҳ-мона ҳукмронӣ накунад.
  8. Ва агар ӯ бо ин роҳҳо фидия дода гирифта нашавад, — дар соли юбил ӯ раҳо мешавад, ҳам худи ӯ ва ҳам фарзан-донаш бо ӯ;
  9. Зеро ки банӣ-Исроил бандагони Мананд; онҳо банда-гони Мананд, ки онҳоро аз замини Миср берун овардаам. Ман Худованд Худои шумо ҳастам».

© IBT 1992

Реклама