Ибодат боби 24

Фароиз дар бораи чароғҳо ва дар бораи нонҳои тақдим.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил амр фармо, ки ба ту равғани зайтуни зулоли кӯфташуда барои рӯшноӣ биёранд, то ки чароғ ба таври доимӣ даргиронида шавад.
  3. Ҳорун бояд онро берун аз пардаи шаҳодат дар хаймаи ҷомеъ, аз шом то субҳ, ба ҳузури Худованд ба таври доимӣ бимонад; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо.
  4. Бигзор чароғҳоро бар чароғдони пок ба таври доимӣ ба ҳузури Худованд бимонад.
  5. Ва орди маҳин бигир, ва аз он дувоздаҳ нон бипаз; барои ҳар нон бояд ду ушри эфа сарф шавад.
  6. Ва онҳоро ду қатор, — шаш адад дар ҳар қатор, — бар мизи пок ба ҳузури Худованд бимон.
  7. Ва бар ҳар қатор лебӯнои соф бимон, ва ин ёдгорӣ барои нон ва қурбонии оташин барои Худованд хоҳад буд.
  8. Дар ҳар рӯзи шанбе он бояд ба таври доимӣ ба ҳузури Худованд аз ҷониби банӣ-Исроил гузошта шавад: ин аҳди абадист.
  9. Ва он аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд, ва онҳо бояд онро дар макони муқаддас бихӯранд, зеро ки ин аз қурбониҳои оташини Худованд барояшон қудси қудсҳост; ин фаризаи абадист».

Дастур дар бораи ҷазоҳо.

  1. Ва писари зани исроилӣ, ки падараш марди мисрӣ буд, ба миёни банӣ-Исроил берун омад, ва писари зани исроилӣ ва марди исроилӣ дар ӯрдугоҳ дастбагиребон шуданд.
  2. Ва писари зани исроилӣ Исмро ба забон ронда, лаънат кард, ва ӯро назди Мусо оварданд; ва номи модараш Шелӯ-мит бинти Дибрӣ, аз сибти Дон буд.
  3. Ва ӯро ба ҳабс гирифтанд, то даме ки ҷазояш бар тиб-қи амри Худованд ба онҳо эълон карда шавад.
  4. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  5. «Он лаънаткунандаро аз ӯрдугоҳ барор, ва бигзор ҳа-маи онҳое ки шунидаанд, дастҳои худро бар сари у монанд, ва тамоми ҷамоат ӯро сангсор кунанд.
  6. Ва ба банӣ-Исроил сухан ронда, бигӯ: ҳар касе ки Худои худро лаънат кунад, барои ин гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт.
  7. Ва ҳар кӣ исми Худовандро лаънат кунад, бояд кушта шавад: тамоми ҷамоат сангсор кунанд; хоҳ ғариб бошад хоҳ тубҷоӣ, агар Исмро лаънат кунад, бигзор кушта шавад.
  8. Ва агар касе ягон одамро бикушад, вай бояд кушта шавад.
  9. Ва агар касе чорпоеро бикушад, бояд талофии онро бидиҳад: чорпое дар ивази чорпое.
  10. Ва агар касе ёри худро маиб кунад, ба вай ончунон амал бояд кард, чунон ки вай амал кардааст:
  11. Шикаст дар ивази шикаст, чашм дар ивази чашм, дан-дон дар ивази дандон: ҳар гуна осебе ки ӯ ба касе расонида бошад, он гуна осеб бояд ба ӯ расонида шавад.
  12. Ҳар кӣ чорпоеро кушта бошад, бояд талофии онро бидиҳад; ва ҳар кӣ одамро кушта бошад, бояд кушта шавад.
  13. Барои шумо, хоҳ ғариб бошед, хоҳ тубҷоӣ, як ҳукм хоҳад буд, зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам».
  14. Ва Мусо ба банӣ-Исроил сухан ронд, ва онҳо лаънат-кунандаро ба беруни ӯрдугоҳ бароварданд, ва ӯро сангсор карданд; ва банӣ-Исроил ончунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, амал карданд.

© IBT 1992

Реклама