Ибодат боби 23

Идҳои Худованд: Шанбе.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: идҳои Худованд, ки онҳоро шумо бояд ҷамъомадҳои муқаддас бихонед, — инҳоянд идҳои Ман:
  3. Шаш рӯз кор бояд кард, ва дар рӯзи ҳафтум шанбеи оромӣ, ҷамъомади муқаддас мебошад; ҳеҷ кор накунед; он дар ҳамаи масканҳои шумо шанбе барои Худованд аст.

Фисҳ.

  1. Инҳо идҳои Худованд, ҷамъомадҳои муқаддас мебошанд, ки онҳоро шумо бояд дар вақташ даъват намоед:
  2. Дар моҳи якум, дар рӯзи чордаҳуми моҳ, шомгоҳ, фисҳи Худованд аст.

Иди фатир.

  1. Ва дар рӯзи понздаҳуми ин моҳ фатир барои Худованд аст; ҳафт рӯз фатир бихӯред.
  2. Дар рӯзи якум бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кор накунед.
  3. Ва ҳафт рӯз қурбониҳои оташин барои Худованд тақдим намоед; дар рӯзи ҳафтум ҷамъомади муқаддас аст; ҳеҷ кор накунед».

Иди навбарҳо.

  1. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: чун ба замине ки Ман ба шумо медиҳам, биёед, ва ҳосили онро дарав намоед, — банди аввали навбарҳои даравидаи худро назди коҳин биёред.
  3. Ва ӯ он бандро ба ҳузури Худованд меҷунбонад, то ки шумо сазовори таваҷҷӯҳ гардед; дар рӯзи дуюми ид ко-ҳин онро меҷунбонад.
  4. Ва дар рӯзе ки шумо он бандро меҷунбонед, барраи яксолаи беайбе барои қурбонии сӯхтанӣ ба Худованд тақдим намоед.
  5. Ва ҳадияи ордии он ду ушр орди маҳини омехта бо равған хоҳад буд, то ки қурбонии оташин ва атри гуворо ба-рои Худованд бошад; ва ҳадияи рехтании он чорьяк ҳин шароб хоҳад буд.
  6. Ва нон, ва хӯшабирьён, ва хӯшаи тару тоза нахӯред то ҳамон рӯзе ки қурбонии Худои худро тақдим намоед; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо.

Иди ҷунбонидани қурбонӣ.

  1. Ва аз рӯзи дуюми ид, яъне аз рӯзе ки банди ҷунбони-даниро меоваред, барои худ ҳафт ҳафта бишуморед, ки онҳо пурра бошанд;
  2. То рӯзи аввали баъд аз ҳафтаи ҳафтум панҷоҳ рӯз бишуморед, ва он гоҳ ҳадияи ордии наве барои Худованд тақдим намоед.
  3. Аз масканҳои худ ду нони чунбониданӣ тақдим на-моед, ки аз ду ушр орди маҳин иборат бошад, ва бо хамирту-руш пухта шавад, — ин навбарҳо барои Худованд аст.
  4. Ва бо ин нон ҳафт барраи беайби яксола, ва як гӯсолаи нар, ва ду қӯчқор тақдим намоед; инҳо қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд хоҳад буд, ва ҳадияҳои ордӣ ва рехтании онҳо — курбонии оташин ва атри гуворо барои Худованд.
  5. Ва як нарбузро барои қурбонии гуноҳ, ва ду барраи яксоларо барои забҳи саломатӣ тақдим намоед.
  6. Ва коҳин онҳоро бо нони ҷунбонидании навбарҳо ба ҳузури Худованд бо якҷоягии он ду барра бояд биҷунбонад, — онҳо барои Худованд муқаддас буда, ба коҳин тааллуқ хоҳанд дошт.
  7. Ва дар ҳамон рӯз эълон намоед, ки он барои шумо ҷамъомади муқаддас бошад; ҳеҷ кор накунед; ин фаризаи абадист дар ҳамаи масканҳои шумо барои наслҳои шумо.
  8. Ва ҳангоме ки ҳосили замини худро дарав мекунед, канораи киштзори худро дар вақти дарав то ба охир дарав накунед, ва хӯшаҳои дар вақти дарав афтодаро начинед: онҳоро барои бенавоён ва ғарибон боқӣ бигузоред. Ман Ху-дованд Худои шумо ҳастам».

Иди ёдгории навохтани карнайҳо.

  1. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, бигӯ: дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи якуми моҳ, бигзор барои шумо оромӣ бошад, яъне иди ёдгории навохтани карнайҳо ва ҷамъомади муқаддас.
  3. Ҳеҷ кор накунед, ва қурбонии оташин барои Худованд тақдим намоед».

Рӯзи кафорат.

  1. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Аммо рӯзи даҳуми ин моҳи ҳафтум рӯзи кафорат аст; бигзор барои шумо ҷамъомади муқаддас бошад; ҷонҳои худро азият диҳед, ва қурбонии оташин барои Худованд тақдим намоед.
  3. Ва дар ин рӯз ҳеҷ кор накунед, зеро ки ин рӯзи кафо-рат аст, то ки шуморо ба ҳузури Худованд Худои шумо кафорат намояд.
  4. Зеро ҳар касе ки дар ин рӯз ҷони худро азият наме-диҳад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.
  5. Ва ҳар касе ки дар ин рӯз ягон кор мекунад, Ман ҷони варо аз миёни қавми вай нест хоҳам кард.
  6. Ҳеҷ кор накунед; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо.
  7. Ин барои шумо мисли шанбеи оромист, ва шумо ҷон-ҳои худро азият диҳед; дар шомгоҳи рӯзи нӯҳуми моҳ, аз шом то шом, ин шанбеи худро риоя намоед».

Иди хаймаҳо.

  1. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, бигӯ: дар рӯзи понзда-ҳуми ин моҳи ҳафтум — иди хаймаҳо ҳафт рӯз барои Худо-ванд аст.
  3. Дар рӯзи аввал ҷамъомади муқаддас аст: ҳеҷ кор на-кунед.
  4. Ҳафт рӯз қурбонии оташин барои Худованд тақдим намоед; дар рӯзи ҳаштум бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад, ва шумо қурбонии оташин барои Худованд тақдим, намоед; ин маҷлиси қавм аст, ҳеҷ кор накунед.
  5. Инҳо идҳои Худованд аст, ки дар онҳо шумо бояд ҷамъомадҳои муқаддасро даъват намоед, то ки қурбониҳои оташин барои Худованд тақдим кунед, яъне қурбонии сӯхта-нӣ, ҳадияи ордӣ, забҳҳо ва ҳадияҳои рехтанӣ, — ҳар якеро дар ҳар рӯзе ки барои он муқаррар карда шудааст,
  6. Ба замми қурбониҳои шанбеҳои Худованд, ва ба замми ушрҳои шумо, ва ба замми ҳамаи назрҳои шумо, ва ба замми ҳамаи инъомҳои шумо, ки барои Худованд тақдим менамоед.
  7. Аммо дар рӯзи понздаҳуми моҳи ҳафтум, вақте ки шу-мо ҳосили замини худро мебардоред, иди Худовандро ҳафт рӯз ид кунед; дар рӯзи аввал оромӣ хоҳад буд, ва дар рӯзи ҳаштум — оромӣ.
  8. Ва дар рӯзи аввал мевае аз дарахти зебо, навдаҳои дарахти хурмо, ва шохаҳои дарахти пурбарг ва бедҳои наҳрро барои худ бигиред, ва ба ҳузури Худованд Худои худ ҳафт рӯз хурсандӣ кунед.
  9. Ва ин идро ҳар сол ҳафт рӯз барои Худованд ид кунед; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо; дар моҳи ҳафтум онро ид кунед.
  10. Ҳафт рӯз дар хаймаҳо сокин бошед; ҳар як тубҷоӣ дар Исроил бояд дар хаймаҳо сокин бошад,
  11. То наслҳои шумо бидонанд, ки Ман банӣ-Исроилро дар хаймаҳо сокин гардонида будам, вақте ки онҳоро аз за-мини Миср  берун  овардам.   Ман  Худованд  Худои  шумо ҳастам».
  12. Ва Мусо идҳои Худовандро ба банӣ-Исроил эълон намуд.

© IBT 1992

Реклама