Ибодат боби 21

Дастурҳо ба коҳинон.

  1. ВА Худованд ба Мусо гуфт: «Ба коҳинон, яъне ба писарони Ҳорун сухан ронда, ба онҳо бигӯ: касе аз онҳо худро бо мурдае аз миёни қавми худ наҷис нагардонад, 2. Балки фақат бо ҳамҷисми ба худаш наздик: бо мода-раш ва падараш ва писараш ва духтараш ва бародараш,
  2. Ва хоҳари бокирааш, ки ба ӯ наздик буда, ҳанӯз шав-ҳар накардааст, — метавонад худро наҷис гардонад;
  3. Ҳамчун шахси зандор набояд ӯ худро дар миёни қавми худ бо мурдае наҷис гардонида, палид шавад.
  4. Бигзор онҳо мӯи сари худро нагиранд, ва канораи риши худро натарошанд, ва бадани худро харош накунанд.
  5. Онҳо бояд барои Худои худ муқаддас бошанд, ва исми Худои худро беҳурмат накунанд, зеро ки онҳо курбониҳои оташини Худовандро, яъне нони Худои худро тақдим мена-моянд, ва бояд муқаддас бошанд.
  6. Зани зинокор ва беисматро набояд бигиранд, ва зани аз шавҳараш талоқгирифтаро набояд бигиранд, зеро ки ко-ҳин барои Худои худ муқаддас аст.
  7. Ва ту ӯро тақдис намо, зеро ки ӯ нони Худои туро тақ-дим менамояд; бигзор ӯ барои ту муқаддас бошад, зеро Ман, Худованде ки шуморо тақдис менамоям, қуддус ҳастам.
  8. Ва агар духтари коҳин бо зинокорӣ худро палид созад, вай падари худро палид месозад; бигзор вай дар оташ сӯзо-нида шавад.
  9. Ва коҳине ки аз бародарони худ бузург аст, яъне бар сараш равғани тадҳин рехта шудааст, ва барои пӯшидани либосҳо баргумошта шудааст, — бигзор сари худро накшояд, ва либосҳои худро чок назанад,
  10. Ва ба ҳеҷ каси мурда наздик нашавад: худро ҳатто бо падараш ва модараш наҷис нагардонад,
  11. Ва аз қудс берун набарояд, ва қудси Худои худро палид накунад, зеро ки афсари равғани тадҳини Худои ӯ бар ӯст. Ман Худованд ҳастам.
  12. Ва ӯ бояд зани бокирае бигирад.
  13. Бева, талоқгирифта, палидшуда ва фоҳишаро ӯ набояд бигирад, балки бояд бокирае аз миёни қавми худ ба занӣ бигирад.
  14. Ва набояд насли худро дар қавми худ палид созад, зеро Ман Худованде ҳастам, ки ӯро тақдис менамоям».
  15. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  16. «Ба Ҳорун сухан ронда, бигӯ: ҳеҷ кас аз зурьёти ту дар наслҳои онҳо, ки маъюбие дошта бошад, набояд наздик ояд, то ки нони Худои худро тақдим намояд,
  17. Яъне ҳар касе ки маъюб аст, наздик наояд: на кӯр, на ланг, на пучуқ, на аъҷуба,
  18. На шахси шикастапой ё шикастадаст,
  19. На кӯзпушт, на лоғарбадан, на шахсе ки ба чашмаш гул афтодааст, на пес, на кал, на шахсе ки байзаҳояш маҷақ шудааст.
  20. Ҳар касе ки аз насли Ҳоруни коҳин маъюбӣ дошта бошад, набояд наздик ояд, то ки қурбониҳои оташини Худо-вандро тақдим намояд; азбаски вай маъюб аст, набояд барои тақдим кардани нони Худои худ наздик ояд.
  21. Нони Худои худро вай аз он чи кудси қудсҳост, ва аз он чи ҳадияҳои муқаддас аст, метавонад бихӯрад.
  22. Аммо бигзор вай назди парда наояд, ва ба қурбонгоҳ наздик нашавад, зеро ки вай маъюб аст, ва қудсҳои Маро палид насозад, зеро Ман Худованд ҳастам, ки онҳоро тақдис менамоям».
  23. Ва Мусо ба Ҳорун ва писаронаш, ва ба тамоми бани-Исроил сухан ронд.

© IBT 1992

Реклама