Ибодат боби 19

Баёни даҳ аҳком.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба тамоми ҷамоати банӣ-Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: муқаддас бошед, зеро ки Ман, Худованд Худои шумо, қуддус ҳастам.
  3. Ҳар яке аз модари худ ва аз падари худ тарсон бошед, ва шанбеҳои Маро риоя намоед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.
  4. Ба бутҳо рӯ наоваред, ва худоҳои рехташуда барои худ насозед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.
  5. Ва ҳангоме ки қурбонии саломатӣ барои Худованд забҳ мекунед, онро тавре забҳ кунед, ки сазовори таваҷҷӯҳ гардед.
  6. Дар рӯзе ки онро забҳ мекунед, ва фардояш он бояд хӯрда шавад, ва он чи то рӯзи сеюм боқӣ мемонад, бояд дар оташ сӯзонида шавад.
  7. Ва агар дар рӯзи сеюм хӯрда шавад, ин қабеҳ аст, сазовори таваҷҷӯҳ намегардад.
  8. Ва ҳар кӣ онро бихӯрад, барои гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт, зеро ки чизи муқаддаси Худовандро беҳурмат кардааст, ва он кас аз миёни қавми худ маҳв ҳоҳад шуд.
  9. Ва ҳангоме ки ҳосили замини худро дарав мекунед, канораи киштзори худро то ба охир дарав накунед, ва хӯша-ҳои аз бандҳо афтодаро начинед.
  10. Ва токзори худро доначинӣ накун, ва шингилҳои афто-даи токҳоятро начин: онҳоро барои бенаво ва ғариб бимон. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.
  11. Дузди накунед, ва мункир нашавед, ва ба якдигар дурӯғ нагӯед.
  12. Ва ба исми Ман қасами дурӯғ нахӯред, ки исми Худои худро бо ин беҳурмат хоҳед кард. Ман Худованд ҳастам.
  13. Ҳаққи ёри худро нахӯр ва ғоратгарӣ накун, музди меҳ-нати муздурро назди худ то субҳ нигоҳ надор.
  14. Карро ҳақорат накун, ва пеши кӯр монеае нагузор, — аз Худои худ тарсон бош. Ман Худованд ҳастам.
  15. Дар мурофиа беинсофӣ накун, ба камбағал рӯбинӣ на-намо ва ба шахси бузург тамаллуқ накун; ёри худро аз рӯи инсоф доварӣ намо.
  16. Дар миёни қавми худ ғайбатгӯӣ накун, нисбат ба хуни ёри худ бепарво набош. Ман Худованд ҳастам.
  17. Ба бародарат дар дили худ адоват накун; ёратро ма-заммат намо, ва барои ӯ гуноҳкор нахоҳӣ шуд.
  18. Аз фарзандони қавми худ интиқом накаш ва кина ба дил нагир, ва ёратро мисли худат дӯст дор. Ман Худованд ҳастам.
  19. Фароизи Маро риоят кунед; чорпои худро бо ҷинси ғайр ҷуфтӣ нанамо; киштзори худро бо ду навъ тухмӣ кишт накун; ва либоси иборат аз ду навъ матоъ, яъне аз пашм ва катон, напӯш.
  20. Ва агар марде бо зане хобида нутфа резад, ва он зан каниз ва номзади касе бошад, вале ҳанӯз барояш фидия дода нашуда бошад, ё озодӣ ба вай дода нашуда бошад, — онҳо бояд ба ҷазо мустаҳиқ карда шаванд, аммо набояд кушта шаванд, зеро ки вай озод карда нашудааст.
  21. Бигзор он мард қурбонии ҷурми худро, яъне қӯчқори қурбонии ҷурмро барои Худованд назди дари хаймаи ҷомеъ биёрад.
  22. Ва коҳин варо бо қӯчқори қурбонии ҷурм ба ҳузури Худованд барои гуноҳе ки кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ аз гуноҳе ки кардааст, омурзида хоҳад шуд.
  23. Ва ҳангоме ки ба замин дохил шавед ва ҳар навъ дарах-ти мевадор шинонед, — меваи онро номахтун ҳисоб кунед: се сол он бояд барои шумо номахтун ҳисоб ёфта, хӯрда нашавад.
  24. Ва дар соли чорум тамоми меваи он бояд барои иди ҳамду санои Худованд тақдис карда шавад.
  25. Ва дар соли панҷум меваи онро метавонед бихӯред, ва ҳосили он барои шумо афзун хоҳад шуд. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.
  26. Ҳеҷ чизро бо хун нахӯред; фол накушоед ва афсун накунед.
  27. Канораи мӯи сари худро гирдогирд қайчӣ накунед, ва канораи риши худро натарошед.
  28. Ва бадани худро барои мурда нахарошед, ва ҳеҷ нақше бар худ вашм накунед. Ман Худованд ҳастам.
  29. Духтари худро беисмат намуда, ба роҳи фаҳш наандоз, то ки замин ба зино дода нашавад, ва замин пур аз фисқу фуҷур нагардад.
  30. Шанбеҳои Маро риоя намоед, ва қудси Маро ҳурмат кунед. Ман Худованд ҳастам.
  31. Ба ҷодугарон  ва  азоимхонон рӯ наоваред; аз паи он нашавед, ки худро аз онҳо наҷис гардонед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.
  32. Пеши мӯйсафед бархез ва пирро эҳтиром намо, ва аз Худои худ тарсон бош. Ман Худованд ҳастам.
  33. Ва ҳангоме ки ғарибе бо шумо дар замини шумо маскан гирад, варо озор надиҳед.
  34. Ғарибе ки дар миёни шумо маскан гирифтааст, бигзор барои шумо мисли тубҷоии шумо бошад; ва ӯро мисли худат дӯст дор, зеро ки шумо дар замини Миср ғариб будед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.
  35. Дар мурофиа, дар андоза, дар вазн ва дар паймоиш беинсофӣ накунед.
  36. Бигзор шуморо тарозуи дуруст, сангҳои дуруст, эфаи дуруст ва ҳини дуруст бошад. Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ки шуморо аз замини Миср берун овардаам.
  37. Пас, тамоми фароизи Маро ва ҳамаи дастурҳои Маро риоя намоед, ва онҳоро ба амал оваред. Ман Худованд ҳастам».

© IBT 1992

Реклама