Ибодат боби 17

Дастур дар бораи макони тақдим кардани қурбонӣ.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба Ҳорун ва писаронаш, ва ба тамоми банӣ-Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: ин аст он чи Худованд амр фармуда, гуфтааст:
  3. Ҳар касе ки аз хонадони Исроил гове ё гӯсфанде ё бузе дар ӯрдугоҳ забҳ мекунад, ё ки берун аз ӯрдугоҳ забҳ мекунад,
  4. Ва онро ба дари хаймаи ҷомеъ намебиёрад, то ки барои Худованд, пеши маскани Худованд қурбонӣ кунад, — ин барои он кас хун ҳисоб хоҳад ёфт: вай хун рехтааст, ва он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд,
  5. То ки банӣ-Исроил забҳҳои худро, ки дар саҳро забҳ мекунанд, биёранд, яъне онҳоро барои Худованд ба дари хаймаи ҷомеъ, назди коҳин биёранд, ва онҳоро ҳамчун забҳҳои саломатӣ барои Худованд забҳ кунанд;
  6. Ва коҳин хунро бар қурбонгоҳи Худованд, назди дари хаймаи ҷомеъ мепошад, ва чарбуро ҳамчун атри гуворо барои Худованд месӯзонад;
  7. Ва минбаъд онҳо забҳҳои худро барои девҳое ки пайравӣ менамоянд, набояд забҳ кунанд. Ин барои онҳо дар наслҳошон фаризаи абадӣ хоҳад буд.
  8. Ва ба онҳо бигӯ: ҳар касе ки аз хонадони Исроил, ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, қурбонии сӯхтанӣ ё забҳе тақдим намояд,
  9. Вале онро ба дари хаймаи ҷомеъ наоварад, то ки онро барои Худованд тақдим намояд, — он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.

Дар бораи хун: аҳамият ва қудсияти он.

  1. Ва ҳар кас аз хонадони Исроил ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, агар ягон хунро бихӯрад, Ман хашми Худро бар ҷони он хӯрандаи хун равона карда, онро аз миёни қавми Худ маҳв хоҳам кард,
  2. Чунки ҷони ҷисм дар хун аст, ва Ман онро ба шумо барои қурбонгоҳ додаам, то ки ҷонҳои шуморо кафорат на-мояд, зеро ҳамин хун аст, ки ҷонро кафорат менамояд.
  3. Бинобар ин Ман ба банӣ-Исроил гуфтаам: ҳеҷ кас аз миёни шумо хун нахӯрад, ва ғарибе ки дар миёни шумо маскан гирифтааст, хун нахӯрад.
  4. Ва ҳар кас аз банӣ-Исроил ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, агар ҷонваре ё паррандаеро, ки хӯрда мешавад, сайд кунад, бояд хуни онро бирезад ва бо хок бипӯшонад.
  5. Зеро ҷони ҳар ҷисм хуни он аст, яъне ҷонаш дар он аст. Ва Ман ба банӣ-Исроил гуфтаам: хуни ҳеҷ як ҷисмро нахӯред, зеро ки ҷони ҳар ҷисм хуни он аст; ҳар кӣ онро бихӯрад, маҳв хоҳад шуд.
  6. Ва ҳар кас, хоҳ тубҷоӣ бошад хоҳ ғариб, агар лоша ёдаридашударо бихӯрад, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис буда, баъд аз он пок хоҳад шуд.
  7. Вале агар либосҳояшро нашӯяд ва баданашро ғусл на-диҳад, — барои гуноҳи худ ҷазо хоҳад ёфт».

© IBT 1992

Реклама