Ибодат боби 16

Дар бораи рӯзи мусолиҳа.

  1. ВА Худованд ба Мусо  баъд аз мурдани  ду писари Ҳорун, ки ба ҳузури Худованд наздик омаданд ва мурданд, сухан ронда, гуфт;
  2. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба бародарат Ҳорун бигӯ, ки дар қудс ба пушти пардае ки пеши сарпӯши сандуқ аст, ҳар вақт дохил нашавад, то ки намирад, зеро ки Ман анда-руни абр бар сарпӯш зоҳир хоҳам шуд.
  3. Бо ин, чизҳо Ҳорун бояд ба қудс дохил шавад: бо гӯсолае барои қурбонии гуноҳ ва бо қӯчқоре барои қурбонии сӯхтанӣ.
  4. Бигзор пероҳани катони муқаддасро дар бар кунад, ва эзори катон бар баданаш бошад, ва камарбанди катонро би-бандад, ва аммомаи катонро бипӯшад: инҳо либосҳои муқад-дас аст; ва бадани худро дар об ғусл дода, онҳоро дар бар кунад.
  5. Ва аз ҷамоати банӣ-Исроил бигзор ду нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ва як қӯчқор барои қурбонии сӯхтанӣ би-гирад.
  6. Ва Ҳорун гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, тақдим карда, худаш ва аҳли байташро кафорат мена-мояд;
  7. Ва ду нарбузро мегирад, ва онҳоро ба ҳузури Худованд, назди дари хаймаи ҷомеъ мегузорад.
  8. Ва Ҳорун бар он ду нарбуз қуръа мепартояд: як қуръа барои Худованд, ва як қуръа барои Азозил*.
  9. Ва Ҳорун нарбузеро, ки қуръа барои Худованд бар он баромадааст, наздик меоварад, ва онро барои қурбонии гуноҳ тақдим менамояд.
  10. Ва нарбузеро, ки қуръа барои Азозил бар он барома-дааст, дар ҳолати зинда ба ҳузури Худованд мегузорад, то ки бар он кафорат намояд ва онро барои Азозил ба биёбон бифиристад.
  11. Ва Ҳорун гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, наздик меоварад, ва худаш ва аҳли байташро кафорат менамояд; ва ин гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, забҳ мекунад,
  12. Ва маҷмари пур аз лахчаҳои оташро аз болои қурбон-гоҳе ки дар ҳузури Худованд аст, ва ду мушт бухури муаттари сударо гирифта, ба пушти парда медарояд;
  13. Ва бухурро бар оташ ба ҳузури Худованд мемонад, ва абри бухур сарпӯшеро, ки бар алвоҳи шаҳодат аст, мепӯ-шонад, то ки ӯ намирад;
  14. Ва аз хуни гӯсола гирифта, бо ангушташ ба тарафи шарқии сарпӯш мепошад, ва пеши сарпӯш ҳафт карат аз он хун бо ангушташ мепошад;
  15. Ва нарбузи қурбонии гуноҳро, ки барои қавм аст, забҳ мекунад, ва хуни онро ба пушти парда меоварад, ва бо ху-наш ончунон амал мекунад, ки бо хуни гӯсола амал карда буд, ва онро бар сарпӯш ва пеши сарпӯш мепошад;
  16. Ва қудсро аз нопокиҳои банӣ-Исроил ва аз ҷиноятҳои онҳо, ки дар ҳамаи гуноҳҳои онҳост, кафорат менамояд; ва бо хаймаи ҷомеъ низ, ки бо онҳо дар миёни нопокиҳои онҳо сокин аст, чунин амал мекунад.
  17. Ва ҳеҷ кас набояд дар хаймаи ҷомеъ бошад, аз вақте ки ӯ барои кафорат кардан ба қудс дохил мешавад, то вақте ки берун меояд; ва ҳамин тавр ӯ худаш, аҳли байташ ва та-моми ҷамоати Исроилро кафорат менамояд;
  18. Ва назди қурбонгоҳе ки дар ҳузури Худованд аст, берун омада, онро кафорат менамояд, яъне аз хуни гӯсола ва аз хуни нарбуз гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳ гирдогирд мемолад;
  19. Ва бар он аз хун бо ангушташ ҳафт карат мепошад, ва онро аз нопокиҳои банӣ-Исроил пок мегардонад ва тақдис менамояд;
  20. Ва кафорати қудс ва хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳро ба анҷом расонида, нарбузи зиндаро наздик меоварад.
  21. Ва Ҳорун ду дасти худро бар сари нарбузи зинда ме-монад, ва бар он ҳамаи хатоҳои банӣ-Исроил ва ҳамаи ҷиноят-ҳои онҳо ва ҳамаи гуноҳҳои онҳоро эътироф менамояд, ва онҳоро бар сари нарбуз мегузорад, ва онро ба воситаи шахси махсус ба биёбон мефиристонад.
  22. Ва нарбуз ҳамаи гуноҳҳои онҳоро бар худ бардошта, ба замини харобазор мебарад; ва он шахс нарбузро дар биёбон сар медиҳад.
  23. Ва Ҳорун ба хаймаи ҷомеъ дохил мешавад, ва либос-ҳои катонро, ки ҳангоми дохил шудан ба қудс пӯшида буд, мекашад, ва онҳоро дар он ҷо мемонад;
  24. Ва бадани худро дар макони муқаддас дар об ғусл медиҳад, ва либосҳои худро мепӯшад, ва берун омада, қур-бонии сӯхтании худаш ва қурбонии сӯхтании қавмро тақдим мекунад, ва худаш ва қавмро кафорат менамояд;
  25. Ва чарбуи қурбонии гуноҳро бар қурбонгоҳ месӯзонад.
  26. Ва он шахс, ки нарбузро барои Азозил бурдааст, бояд либосҳои худро бишӯяд, ва бадани худро дар об ғусл диҳад, ва баъд аз он метавонад ба ӯрдугоҳ дохил шавад.
  27. Ва гӯсолаи қурбонии гуноҳ ва нарбузи қурбонии гу-ноҳро, ки хунашон барои кафорат ба қудс дароварда шуда буд, бигзор аз ӯрдугоҳ берун оваранд, ва пӯсти онҳо ва гӯшти онҳо ва саргини онҳоро дар оташ бисӯзонанд.
  28. Ва он шахс, ки онҳоро месӯзонад, бояд либосҳои худро бишӯяд, ва бадани худро дар об ғусл диҳад, ва баъд аз он метавонад ба ӯрдугоҳ дохил шавад.
  29. Ва бигзор ин барои шумо фаризаи абадӣ бошад: дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи даҳуми моҳ, ҷонҳои худро бо рӯза азият диҳед ва ҳеҷ коре накунед, — ҳам тубҷоиён ва ҳам ғарибоне ки дар миёни шумо маскан гирифта бошанд.
  30. Зеро ки дар ин рӯз коҳин шуморо кафорат менамояд, то ки шуморо аз ҳамаи гуноҳҳотон пок гардонад: шумо ба ҳузури Худованд пок хоҳед шуд.
  31. Ин шанбеи оромист барои шумо, ва шумо ҷонҳои худро бо рӯза азият диҳед: ин фаризаи абадист.
  32. Ва кафоратро бояд коҳине ба амал оварад, ки ӯро тад-ҳин намуда, баргумошта бошанд, то ки ба ҷои падараш ка-ҳонат намояд; ва ӯ либосҳои катон, яъне либосҳои муқаддас дар бар мекунад,
  33. Ва қудси қудсҳоро кафорат менамояд, ва хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳро низ кафорат менамояд, ва коҳинон ва та-моми ҷамоати қавмро кафорат менамояд.
  34. Ва ин барои шумо фаризаи абадӣ хоҳад буд, то ки банӣ-Исроил аз ҳамаи гуноҳҳошон соле як карат кафорат карда шаванд». Ва Ҳорун ончунон, ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба амал овард.

*8. Азозил — номи рӯҳи бад ё девест, ки гӯё дар биёбон сукунат доштааст.

© IBT 1992

Реклама