Ададҳо боби 6

Дар бораи назирон.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: агар мардеё зане назри назирӣ кунад, то ки назирӣ* Худованд бошад,
  3. Вай бояд аз шароб ва арақ парҳез намояд, сиркои шароб ва сиркои арақро нанӯшад, ва ҳеҷ шарбати ангурро нанӯшад, ва ангури тар ё хушк нахӯрад.
  4. Тамоми айёми назирии худ аз ҳар чизе ки аз ангур, аз донакаш гирифта то пӯсташ, тайёр карда мешавад, набояд бихӯрад.
  5. Тамоми айёми назри назирии вай поку бар сари вай набояд бирасад; то тамом шудани айёме ки худро назири Худованд гардонидааст, вай муқаддас буда, мӯи сарашро бояд калон кунад.
  6. Тамоми айёме ки вай назири Худованд аст, набояд ба ҷасади мурдае наздик ояд.
  7. Барои падараш ва модараш, бародараш ва хоҳараш, — ҳатто барои онҳо низ, вақте ки бимиранд, вай набояд наҷис шавад, зеро ки аломати назирии Худои вай бар сари вай аст.
  8. Тамоми айёми назирии худ вай барои Худованд му-қаддас аст.
  9. Ва агар касе назди вай баногоҳ, якбора бимирад, ва мӯйсари назирии варо наҷис гардонад, — вай бояд сари худро дар рӯзи пок шудани худ битарошад, дар рӯзи ҳафтум бояд онро битарошад.
  10. Ва дар рӯзи ҳаштум бояд ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар назди коҳин, ба дари хаймаи ҷомеъ биёрад.
  11. Ва коҳин якеро барои қурбонии гуноҳ ва дигареро ба-рои қурбонии сӯхтанӣ тақдим намуда, варо барои гуноҳаш, ки аз ҷасади мурда наҷис шудааст, кафорат менамояд, ва сари варо дар он рӯз тақдис мекунад.
  12. Ва айёми назирии худро вай аз нав ба Худованд назр менамояд, ва барраи яксолае барои қурбонии ҷурм меоварад; вале рӯзҳои пешина ботил мешавад, зеро ки назирии вай наҷис гардидааст.
  13. Ва ин аст шариат дар бораи назир: вақте ки айёми назирии ӯ анҷом ёбад, ӯро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ меоваранд;
  14. Ва ӯ қурбонии худро барои Худованд тақдим менамояд: як барраи нари яксолаи беайб барои қурбонии сӯхтанӣ, як барраи модаи яксолаи беайб барои қурбонии гуноҳ, ва як қӯчқори беайб барои қурбонии саломатӣ,
  15. Ва як сабад нони фатир: қурсҳои орди маҳини бо равған омехташуда, ва нончаҳои тунуки равған молидашуда, ва ҳадияи ордии онҳо ва ҳадияи рехтании онҳо.
  16. Ва коҳин онҳоро ба ҳузури Худованд наздик оварда, қурбонии гуноҳи ӯ ва қурбонии сӯхтании ӯро тақдим менамояд.
  17. Ва қӯчқорро бо сабади нони фатир ҳамчун қурбонии саломатӣ барои Худованд тақдим менамояд; ва коҳин ҳадияи ордии ӯ ва ҳадияи рехтании ӯро тақдим менамояд.
  18. Ва он назир сари назирии худро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ метарошад, ва мӯйсари назирии худро гирифта, бар оташе ки зери қурбонии саломатӣ мебошад, мегузорад.
  19. Ва коҳин як соқи пеши пухташудаи қӯчқорро бо як қурси фатир ва бо як нончаи тунуки фатир аз сабад гирифта, бар кафҳои дасти назир, баъд аз тарошидани мӯйсари назри вай, мегузорад.
  20. Ва коҳин онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳу-зури Худованд меҷунбонад: ин барои коҳин, ба замми синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкаш, муқаддас аст; баъд аз ин назир метавонад шароб нӯшад.
  21. Ҳамин аст шариат дар бораи назире ки назр намудааст, ва дар бораи қурбоние ки ӯ бояд барои назирии худ ба Худо-ванд тақдим кунад, ба замми он чи барои дороии ӯ дастрас аст; мувофиқи назре ки кардааст, ӯ бояд ҳамон тавр, ба замми шариати назирии худ, ба амал оварад».
  22. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  23. «Ба Ҳорун ва писаронаш сухан ронда, бигӯ: банӣ-Исро-илро чунин баракат дода, ба онҳо бигӯед:
  24. Бигзор Худованд туро баракат диҳад ва туро нигаҳбонӣ намояд!
  25. Бигзор Худованд бо рӯи Худ бар ту партав афканад ва туро марҳамат намояд!
  26. Бигзор Худованд рӯи Худро сӯи ту нигаронад ва саломатӣ ба ту бахшад!
  27. Бигзор исми Маро бар банӣ-Исроил бихонад, ва Ман онҳоро баракат хоҳам дод».

*2. Назир — шахсе ки кайфу сафои зиндагиро (масалан шаробнӯшӣ ва ҳоказоро) тарк карда, дар покӣ ва қудсият умр мегузаронад.

© IBT 1992

Реклама