Ададҳо боби 3

Дар бораи коҳинон, сибти Левӣ ва хонадонҳои онҳо.

  1. ВА ин аст насабномаи Ҳорун ва Мусо, дар рӯзе ки Худованд дар кӯҳи Сино ба Мусо сухан ронд.
  2. Ва ин аст номҳои писарони Ҳорун: нахустзодааш Но-доб, Абиҳу, Элъозор ва Итомор.
  3. Ин аст номҳои писарони Ҳорун, коҳиноне ки тадҳин карда шуда буданд, ки ӯ онҳоро барои каҳонат баргумошт.
  4. Вале Нодоб ва Абиҳу ба ҳузури Худованд мурданд, вақте ки оташи ғайрро дар биёбони Сино ба ҳузури Худо-ванд оварданд, ва онҳо фарзанд надоштанд; ва Элъозор ва Итомор дар ҳузури падарашон Ҳорун каҳонат мекарданд.
  5. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  6. «Сибти Левиро наздик оварда, онҳоро ба ҳузури Ҳо-руни коҳин таъин намо, то ки ба ӯ хизмат кунанд.
  7. Ва бигзор онҳо хизмати ӯ ва хизмати тамоми ҷамоатро пеши хаймаи ҷомеъ иҷро намуда, корҳои масканро ба ҷо оваранд;
  8. Ва тамоми колои хаймаи ҷомеъро нигаҳбонӣ намуда ва хизмати банӣ-Исроилро иҷро карда, корҳои масканро ба ҷо оваранд.
  9. Ва левизодагонро ба Ҳорун ва писаронаш бидеҳ: онҳо аз ҷониби банӣ-Исроил ба таври қатъӣ ба ӯ дода шудаанд.
  10. Вале Ҳорун ва писаронашро баргумор, то ки каҳонати худро риоят кунанд; ва бегонае агар наздик ояд, кушта хо-ҳад шуд».
  11. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  12. «Ва инак, Ман левизодагонро аз миёни банӣ-Исроил дар ивази ҳамаи нахустзодагони раҳимкушо гирифтаам, ва левизодагон аз они Мананд;
  13. Зеро ки ҳар нахустзода аз они Ман аст: дар рӯзе ки Ман ҳамаи нахустзодагони замини Мисрро зарба задам, ҳамаи нахустзодагони Исроилро, аз одамон то чорпоён, барои Худ тақдис намудам, ва онҳо аз они Мананд. Ман Худованд ҳастам».
  14. Ва Худованд дар биёбони Сино ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  15. «Банӣ-Левиро бар ҳасби хонадон ва қабилаҳошон дар шумор овар; ҳар мардинаро аз якмоҳа ва болотар дар шумор овар».
  16. Ва Мусо онҳоро аз рӯи гуфтаи Худованд, чунон ки амр фармуда шуд, дар шумор овард.
  17. Ва инҳоянд писарони Левӣ бар ҳасби номҳошон: Ҷер-шӯн ва Қаҳот ва Марорӣ.
  18. Ва ин аст номҳои банӣ-Ҷершӯн бар ҳасби қабилаҳошон: Либнӣ ва Шимъӣ.
  19. Ва банӣ-Каҳот бар ҳасби қабилаҳошон: Амром ва Йис-ҳор, Ҳебрӯн ва Узиил.
  20. Ва банӣ-Марорӣ бар ҳасби қабилаҳошон: Маҳлӣ ва Мушӣ. Ҳаминҳоянд хонаводаҳои Левӣ бар ҳасби авлодашон.
  21. Аз Ҷершӯн қабилаи Либнӣ ва қабилаи Шимъӣ; ҳамин-ҳоянд қабилаҳои ҷершӯниён.
  22. Дар шумор овардашудагони онҳо мувофиқи адади та-моми мардинаи аз якмоҳа ва болотар: дар шумор овардашу-дагони онҳо ҳафт ҳазору панҷсад нафаранд.
  23. Қабилаҳои ҷершӯниён бояд дар ақиби маскан ба тарафи ғарбӣ хайма зананд.
  24. Ва раиси хонадони ҷершӯниён Эльёсоф ибни Лоил аст.
  25. Ва ба нигаҳбонии банӣ-Ҷершӯн дар хаймаи ҷомеъ ин-ҳо супурда мешавад: маскан ва хайма, болопӯши он ва пар-даи даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ,
  26. Ва пардаҳои саҳн, ва пардаи даромадгоҳи саҳне ки гирдогирди маскан ва қурбонгоҳ аст, ва танобҳое ки он барои ҳар хизматаш дорад.
  27. Ва аз Қаҳот қабилаи Амром ва қабилаи Йисҳор ва қа-билаи Ҳебрӯн ва қабилаи Узиил; ҳаминҳоянд қабилаҳои қа-ҳотиён.
  28. Мувофиқи адади тамоми мардинаи аз якмоҳа ва боло-тар, ҳашт ҳазору шашсад нафаранд, ки нигаҳбонии колои қудсро бояд иҷро кунанд.
  29. Қабилаҳои банӣ-Қаҳот бояд ба тарафи ҷанубии маскан хайма зананд.
  30. Ва раиси хонадони қабилаҳои қаҳотиён Элисофон ибни Узиил аст.
  31. Ва нигаҳбонии онҳо бар ин чизҳост: сандуқ ва миз ва чароғдон ва қурбонгоҳҳо ва колои муқаддасе ки хизматро ба воситаи он ба ҷо меоваранд, ва парда ва ҳар он чи ба он тааллуқ дорад.
  32. Ва раиси раисони левизодагон Элъозор ибни Ҳоруни коҳин аст; иҷрокунандагони нигаҳбонии колои қудс таҳти назорати ӯ хоҳанд буд.
  33. Аз Марорӣ қабилаи Маҳлӣ ва қабилаи Мушӣ; ҳамин-ҳоянд қабилаҳои марориён.
  34. Ва дар шумор овардашудагони онҳо, мувофиқи адади тамоми мардинаи аз якмоҳа ва болотар, шаш ҳазору дусад нафаранд.
  35. Ва раиси хонадони қабилаҳои марориён Суриил ибни Абиҳоил аст; онҳо бояд ба тарафи шимолии маскан хайма зананд.
  36. Ва вазифаи нигаҳбонии банӣ-Марорӣ бар ин чизҳост: тахтаҳои маскан ва ғалақаҳояш ва сутунҳояш ва пояҳояш ва тамоми колояш ва тамоми хизматаш.
  37. Ва сутунҳои гирдогирди саҳн ва пояҳошон ва мехҳо-шон ва танобҳошон.
  38. Ва пеши маскан аз ҷониби офтоббаро, яъне пеши хай-маи ҷомеъ аз тарафи шарқ, бояд Мусо ва Ҳорун ва писаро-наш хайма зананд, ки онҳо вазифаи нигаҳбонии қудс ва ни-гаҳбонии банӣ-Исроилро иҷро мекунанд; ва шахси бегонае ки ба он наздик ояд, кушта хоҳад шуд.
  39. Ҳамаи дар шумор овардашудагони левизодагон, ки Му-со ва Ҳорун мувофиқи амри Худованд бар ҳасби қабилаҳои онҳо дар шумор оварданд, тамоми мардинаи онҳо аз якмоҳа ва болотар бисту ду ҳазор нафар буданд.
  40. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ҳамаи нахустзодагони мардинаи банӣ-Исроилро аз якмоҳа ва болотар дар шумор овар, ва адади номҳошонро муқаррар намо.
  41. Ва левизодагонро барои Ман, ки Худованд ҳастам, дар ивази ҳамаи нахустзодагони банӣ-Исроил бигир, ва чорпоёни левизодагонро дар ивази ҳамаи нахустзодагони чорпоёни ба-нӣ-Исроил».
  42. Ва Мусо, чунон ки Худованд ба ӯ амр фармуд, ҳамаи нахустзодагони банӣ-Исроилро дар шумор овард;
  43. Ва ҳамаи нахустзодагони мардина, мувофиқи адади ном-ҳо, аз якмоҳа ва болотар, ки дар шумор оварда шуданд, бисту ду ҳазору дусаду ҳафтоду се нафар буданд.
  44. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  45. «Левизодагонро дар ивази ҳамаи нахустзодагони банӣ-Исроил бигир, ва чорпоёни левизодагонро дар ивази чорпоё-ни онҳо; ва левизодагон аз они Ман хоҳанд буд. Ман Худо-ванд ҳастам.
  46. Ва дар хусуси фидияи дусаду ҳафтоду се нафар нахуст-зодагони банӣ-Исроил, ки назар ба левизодагон барзиёданд, —
  47. Панҷ сиқлӣ барои ҳар саре бигир, онро бо сиқли му-қаддас, ки ҳар сиқл бист ҷеро бошад, бигир.
  48. Ва ин нуқраро, ки фидияи адади барзиёди онҳост, ба Ҳорун ва писаронаш бидеҳ».
  49. Ва Мусо нуқраи фидияро барои онҳое ки аз адади ивазкардаи левизодагон барзиёд буданд, гирифт.
  50. Аз нахустзодагони банӣ-Исроил нуқраро гирифт: ҳа-зору сесаду шасту панҷ сиқл бо сиқли муқаддас.
  51. Ва Мусо нуқраи фидияро мувофиқи гуфтаи Худованд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба Ҳорун ва писаронаш дод.

© IBT 1992

Реклама