Ададҳо боби 2

Тақсимоти сибтҳо дар ӯрдугоҳ.

  1. ВА Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:
  2. «Бигзор банӣ-Исроил ҳар яке назди байрақи худ бар ҳасби нишонҳои хонадонашон хайма зананд; дар рӯ ба рӯи хаймаи ҷомеъ гирдогирд хайма зананд.
  3. Ва аз тарафи пеши шарқӣ аҳли байрақи ӯрдуи Яҳудо бар ҳасби фавҷҳошон хайма мезананд, ва раиси банӣ-Яҳудо Наҳшӯн ибни Амминодоб аст;
  4. Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, ҳафтоду чор ҳазору шашсад нафаранд.
  5. Ва дар паҳлуи вай сибти Иссокор хайма мезананд, ва раиси банӣ-Иссокор Натанъил ибни Суор аст;
  6. Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, панҷоҳу чор ҳазору чорсад нафаранд;
  7. Ва сонӣ сибти Забулун, ки раиси сибти Забулун Элиоб ибни Ҳилӯн аст;
  8. Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, панҷоҳу ҳафт ҳазору чорсад нафаранд.
  9. Ҳамаи дар шумор овардашудагон дар ӯрдуи Яҳудо бар ҳасби фавҷҳошон саду ҳаштоду шаш ҳазору чорсад нафаранд; онҳо бояд аввалин шуда кӯч кунанд.
  10. Байрақи ӯрдуи Реубен бояд ба тарафи ҷанубӣ бар ҳасби фавҷҳошон бошад, ва раиси банӣ-Реубен Элисур ибни Ша-диур аст;
  11. Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, чилу шаш ҳазору панҷсад нафаранд;
  12. Ва дар паҳлуи вай сибти Шимъӯн хайма мезананд, ки раиси банӣ-Шимъӯн Шалумиил ибни Суришаддой аст;
  13. Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, панҷоҳу нӯҳ ҳазору сесад нафаранд;
  14. Ва сонӣ сибти Ҷод, ки раиси банӣ-Ҷод Эльёсоф ибни Рауил аст;
  15. Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, чилу панҷ ҳазору шашсаду панҷоҳ нафаранд.
  16. Ҳамаи дар шумор овардашудагон дар ӯрдуи Реубен бар ҳасби фавҷҳошон саду панҷоҳу як ҳазору чорсаду панҷоҳ нафаранд; онҳо бояд дуюмин шуда кӯч кунанд.
  17. Ва ҳангоме ки хаймаи ҷомеъ кӯч кунад, ӯрдуи левизо-дагон дар миёни ӯрдуҳо хоҳад буд; чунон ки ист кардаанд, ончунон бояд ҳар яке дар ҷои худ бар ҳасби байрақҳои худ кӯч кунанд.
  18. Байрақи ӯрдуи Эфроим бояд ба тарафи ғарбӣ бар тибқи фавҷҳошон бошад, ва раиси банӣ-Эфроим Элишомоъ ибни Аммиҳуд аст;
  19. Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, чил ҳазору панҷсад нафаранд;
  20. Ва дар паҳлуи вай — сибти Менашше, ки раиси банӣ-Менашше Ҷамлиил ибни Фадоҳсур аст;
  21. 21. Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, сию ду ҳазору дусад нафаранд.
  22. Ва сонӣ — сибти Биньёмин, ки раиси банӣ-Биньёмин Абидон ибни Ҷидъӯнӣ аст;
  23. Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, сию панҷ ҳазору чорсад нафаранд.
  24. Ҳамаи дар шумор овардашудагон дар ӯрдуи Эфроим бар ҳасби фавҷҳошон саду ҳашт ҳазору сад нафаранд; онҳо бояд сеюмин шуда кӯч кунанд.
  25. Байрақи ӯрди Дон бояд ба тарафи шимолӣ бар тибқи фавҷҳошон бошад, ва раиси банӣ-Дон Аҳиозар ибни Амми-шаддой аст;
  26. Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, шасту ду ҳазору ҳафтсад нафаранд.
  27. Ва дар паҳлуи вай сибти Ошер хайма мезананд, ки раиси банӣ-Ошер Фаҷъиил ибни Окрон аст;
  28. Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, чилу як ҳазору панҷсад нафаранд.
  29. Ва сонӣ — сибти Нафтолӣ, ки раиси банӣ-Нафтолӣ Аҳираъ ибни Энон аст;
  30. Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, панҷоҳу се ҳазору чорсад нафаранд.
  31. Ҳамаи дар шумор овардашудагон дар ӯрдуи Дон саду панҷоҳу ҳафт ҳазору шашсад нафаранд; онҳо бояд охирин шуда таҳти байрақҳои худ кӯч кунанд.
  32. Инҳоянд дар шумор овардашудагони банӣ-Исроил бар ҳасби хонадонашон; ҳамаи дар шумор овардашудагони ӯрду-ҳо бар ҳасби фавҷҳошон шашсаду се ҳазору панҷсаду панҷоҳ нафаранд».
  33. Валекин левизодагон дар адиёни банӣ-Исроил дар шу-мор оварда нашуданд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фар-муда буд.
  34. Ва банӣ-Исроил мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Му-со амр фармуда буд, ба амал оварданд; ҳамин тавр таҳти байрақҳои худ хайма мезаданд, ва ҳамин тавр ҳар яке бар ҳасби қабила ва хонадони худ кӯч мекарданд.

© IBT 1992

Реклама