Ададҳо боби 16

Балвои Қӯраҳ.

  1. ВА Қӯраҳ ибни Йисҳор ибни Қаҳот ибни Левӣ, ва Дотон ва Абиром банӣ-Элиоб, ва Ӯн ибни Фолат, банӣ-Реубен бархостанд,
  2. Ва назди Мусо ҳозир шуданд, ва бо онҳо дусаду панҷоҳ нафар аз банӣ-Исроил: сардорони ҷамоат, даъватшавандагони маҷлисҳо, шахсони номдор буданд.
  3. Ва ба муқобили Мусо ва Ҳорун ҷамъ омада, ба онҳо гуфтанд: «Бас кунед! Зеро ки тамоми ҷамоат саросар муқад-дасанд, ва Худованд дар миёни онҳост. Пас, чаро шумо худро аз ҷамоати Худованд баланд мегузоред?»
  4. Ва Мусо инро шунида, бар рӯи худ афтод,
  5. Ва ба Қӯраҳ ва ҳамаи шариконаш сухан ронда, гуфт: «Бомдодон Худованд нишон хоҳад дод, ки кадом кас аз они Ӯст, ва кадом кас муқаддас аст, ва он касро Ӯ ба Худаш наздик хоҳад кард; ва ҳар киро Ӯ интихоб намояд, варо ба Худаш наздик хоҳад кард.
  6. Шумо, эй Қӯраҳ ва ҳамаи шариконат, чунин бикунед: маҷмарҳо барои худ бигиред,
  7. Ва оташ дар онҳо бимонед, ва фардо ба ҳузури Худованд бар онҳо бухур бирезед; ва он кас, ки Худованд варо интихоб намояд, муқаддас хоҳад буд. Бас кунед, эй банӣ-Левӣ!»
  8. Ва Мусо ба Қӯраҳ гуфт: «Бишнавед, эй банӣ-Левӣ!
  9. Оё барои шумо кам аст, ки Худои Исроил шуморо аз ҷамоати Исроил ҷудо кардааст, ва шуморо ба Худаш наздик овардааст, то ки хизмати маскани Худовандро ба ҷо оваред, ва ба ҳузури ҷамоат истода, ба онҳо хизмат кунед,
  10. Ва туро ва ҳамаи бародаронат, банӣ-Левиро бо ту наздик овардааст, ва шумо каҳонатро низ мехоҳед ба даст оваред?
  11. Бинобар ин ту ва ҳамаи шариконат ба муқобили Худованд ҷамъ шудаед. Ва Ҳорун чӣ гуноҳ дорад, ки аз вай шиква мекунед?»
  12. Ва Мусо фиристод, то ки Дотон ва Абиром, писарони Элиобро бихонанд; вале онҳо гуфтанд: «Намеравем!
  13. Оё кам аст, ки ту моро аз замине ки шир ва асал дар он ҷорист, берун овардӣ, то ки моро дар биёбон ба ҳалокат бирасонӣ, боз мехоҳӣ, ки бар мо ҳукмронӣ намоӣ?
  14. Ту моро ба замине ки шир ва асал дар он ҷорӣ бошад, наовардӣ, ва моликияте иборат аз киштзор ва токзор ба мо надодӣ. Оё чашмони ин одамонро мехоҳӣ биканӣ? Намера-вем!»
  15. Ва Мусо бисьёр андӯҳгин шуда, ба Худованд гуфт: «Ба ҳадияи онҳо таваҷҷӯҳ нанамо! Ман аз ҳеҷ кадомашон як хар ҳам нагирифтаам, ва ба ҳеҷ кадомашон бадӣ накардаам».
  16. Ва Мусо ба Қӯраҳ гуфт: «Ту ва ҳамаи шариконат фардо пеши Худованд ҳозир шавед, ту ва онҳо ва Ҳорун.
  17. Ва ҳар яке маҷмари худро гирифта, бухур бар онҳо бимонед, ва ҳар яке маҷмари худро ба ҳузури Худованд наздик оваред: дусаду панҷоҳ маҷмар, ва ту ва Ҳорун — ҳар яке маҷмари худро».
  18. Ва ҳар яке маҷмари худро гирифта, оташ бар онҳо гузоштанд, ва бухур бар онҳо рехтанд, ва назди дари хаймаи ҷомеъ истоданд. Мусо ва Ҳорун низ бо онҳо буданд.
  19. Ва Қӯраҳ тамоми ҷамоатро ба муқобили онҳо назди дари хаймаи ҷомеъ ҷамъ кард. Ва ҷалоли Худованд ба тамоми ҷамоат зоҳир шуд.
  20. Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, ба онҳо гуфт:
  21. «Худро аз миёни ин ҷамоат дур кунед, то ки Ман онҳоро дар як лаҳза нест кунам».
  22. Ва онҳо бар рӯи худ афтода, гуфтанд: «Эй Худо, ки Худои орифи рӯҳҳои тамоми башар ҳастӣ! Як кас гуноҳ кардааст, ва ту бар тамоми ҷамоат дарғазаб мешавӣ?»
  23. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  24. «Ба ҷамоат сухан ронда, бигӯ: аз гирду пеши маскани Қӯраҳ, Дотон ва Абиром дур шавед!»
  25. Ва Мусо бархоста, назди Дотон ва Абиром рафт, ва пирони Исроил аз ақиби ӯ рафтанд.
  26. Ва ӯ ба ҷамоат сухан ронда, гуфт: «Аз пеши хаймаҳои ин одамони шарир дур шавед, ва ба ягон чизе ки аз они онҳост, даст нарасонед, мабодо ба сабаби бисьёрии гуноҳҳои онҳо ба ҳалокат бирасед».
  27. Ва онҳо аз гирду пеши маскани Қӯраҳ, Дотон ва Абиром дур шуданд; вале Дотон ва Абиром берун омада, бо занон ва писарон ва кӯдакони худ назди дари хаймаҳошон истоданд.
  28. Ва Мусо гуфт: «Аз ин хоҳед донист, ки Худованд маро фиристодааст, то ки ҳамаи ин корҳоро бикунам, на ин ки ба дилхоҳи худ карда бошам.
  29. Агар ин касон мисли мурдани ҳар одам бимиранд, ва қисмати ҳар одам насибашон бишавад, — пас маро Худованд нафиристодааст.
  30. Ва лекин агар Худованд ҳодисаи тозае ба вуҷуд оварад, ва замин даҳони худро кушода, онҳоро бо ҳар ҷизе ки аз они онҳост, фурӯ барад, ва онҳо зинда ба зинда ба таҳтуттуроб фуруд оянд, — он гоҳ бидонед, ки ин одамон аз Худованд нафрат кардаанд».
  31. Ва ҳамин ки ӯ гуфтани ҳамаи ин суханонро ба анҷом расонид, замине ки зери онҳо буд, кафид,
  32. Ва замин даҳони худро кушода, онҳоро, ва хонаҳои онҳоро, ва ҳамаи одамонеро, ки ба Қӯраҳ нисбат доштанд, ва тамоми молу мулки онҳоро фурӯ бурд.
  33. Ва онҳо бо ҳар ҷизе ки ба онҳо тааллуқ дошт, зинда ба зинда ба таҳтуттуроб фурӯд омаданд; ва замин бар онҳо пӯшида шуд, ва онҳо аз миёни ҷамоат маҳв гардиданд.
  34. Ва ҳамаи исроилиёне ки дар гирду пеши онҳо буданд, аз фиғони онҳо гурехтанд, зеро ки гуфтанд: «Мабодо замин моро низ фурӯ барад».
  35. Ва оташе аз ҷониби Худованд берун омада, он дусаду панҷоҳ нафарро, ки бухур оварда буданд, сӯзонид.
  36. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  37. «Ба Элъозор ибни Ҳоруни коҳин бигӯ, ки он маҷмар-ҳоро аз миёни сӯхтагон бардорад, ва оташро ба як тараф партояд, зеро ки онҳо тақдис ёфтааст, —
  38. Яъне маҷмарҳои онҳоеро, ки ба зарари ҷони худ гуноҳкор шудаанд, — ва бигзор аз онҳо тахтаҳои паҳн барои пӯшонидани рӯи қурбонгоҳ бисозанд, зеро ки онҳоро ба ҳузури Худованд оварда буданд, ва онҳо тақдис ёфтааст; ва онҳо аломате барои банӣ-Исроил хоҳад буд».
  39. Ва Элъозори коҳин маҷмарҳои мисро, ки сӯхтагон оварда буданд, гирифт, ва аз онҳо тахтаҳои паҳн барои пӯшонидани қурбонгоҳ сохтанд, —
  40. Ҳамчун ёдгорӣ барои банӣ-Исроил, — то ки ҳеҷ каси бегонае ки аз насли Ҳорун набошад, барои сӯзонидани бухур ба ҳузури Худованд наздик наояд, ва қисматаш мисли Қӯраҳ ва шарикони вай нашавад, чунон ки Худованд ба ӯ ба воситаи Мусо гуфтааст.
  41. Ва фардояш тамоми ҷамоати банӣ-Исроил аз Мусо ва Ҳорун шиква карда, гуфтанд: «Шумо қавми Худовандро куш-тед!»
  42. Ва ҳангоме ки ҷамоат ба муқобили Мусо ва Ҳорун ҷамъ шуданд, онҳо сӯи хаймаи ҷомеъ нигаристанд, ва инак, онро абр пӯшонид, ва ҷалоли Худованд зоҳир шуд.
  43. Ва Мусо ва Ҳорун назди хаймаи ҷомеъ омаданд.
  44. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  45. «Аз миёни ин ҷамоат дур шавед, то ки онҳоро дар як лаҳза нест кунам». Ва онҳо бар рӯи худ афтоданд.
  46. Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Маҷмарро гирифта, оташе аз болои қурбонгоҳ бар он бимон, ва бухур бирез, ва зуд назди ҷамоат рафта, онҳоро кафорат намо, зеро ки ғазаб аз ҷониби Худованд баромада, вабо оғоз ёфтааст».
  47. Ва Ҳорун аз рӯи гуфтаи Мусо онро гирифта, ба миёни ҷамоат давид, ва инак, вабо андаруни қавм оғоз ёфта буд; ва ӯ бухур рехта, қавмро кафорат намуд.
  48. Ва дар байни мурдагон ва зиндагон истод, ва вабо хотима ёфт.
  49. Ва касоне ки аз вабо мурданд, чордаҳ ҳазору ҳафтсад нафар буданд, ба ҷуз онҳое ки аз боиси Қӯраҳ нобуд шуданд.
  50. Ва Ҳорун назди Мусо, ба дари хаймаи ҷомеъ баргашт, ва вабо хотима ёфт.

© IBT 1992

Реклама