Ададҳо боби 15

Солҳои оворагардӣ; ҷазо барои поймол кардани шанбе.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: вақте ки ба замини сукунати худ, ки Ман онро ба шумо медиҳам, дохил шавед,
  3. Ва қурбонии оташин барои Худованд бихоҳед тақдим намоед, чи қурбонии сӯхтанӣ, чи забҳе барои иҷрои назр, ё барои хайрот, ё дар идҳои худ, то ки атри гуворо барои Худованд аз говон ё аз гӯсфандон ба амал оваред, —
  4. Он гоҳ касе ки қурбонии худро барои Худованд тақ-дим менамояд, бояд барои ҳадияи ордӣ як ушри эфа орди маҳине биёрад, ки бо чорьяк ҳин равған омехта шуда бошад.
  5. Ва барои ҳадияи рехтанӣ чорьяк ҳин шароб бо қурбо-нии сӯхтанӣ ё бо забҳ барои ҳар барра биёр.
  6. Агар қӯчқоре қурбонӣ намоӣ, барои ҳадияи ордӣ ду ушри эфа орди маҳине биёр, ки бо сеяк ҳин равған омехта шуда бошад.
  7. Ва барои ҳадияи рехтани сеяк ҳин шароб биёр, то ки атри гуворо барои Худованд бишавад.
  8. Ва агар наргови ҷавоне барои қурбонии сӯхтанӣ ё барои забҳи иҷрои назр ё забҳи саломатӣ ба Худованд тақдим на-моӣ, —
  9. Бигзор бо он наргови ҷавон ҳадияи ордӣ иборат аз се ушр орди маҳини омехта бо ним ҳин равған оварда шавад;
  10. Ва барои ҳадияи рехтанӣ ним ҳин шароб биёр, то ки атри гуворо барои Худованд бишавад.
  11. Барои ҳар наргов, ё барои ҳар қӯчқор, ё барои ҳар барраи гӯсфандон ё бузон бояд ҳамин тавр амал карда шавад.
  12. Мувофиқи миқдоре ки тақдим менамоед, барои ҳар яке, бар тибқи шумораи онҳо, амал кунед.
  13. Ҳар тубҷоӣ, вақте ки атри гуворо барои Худованд тақдим менамояд, бояд инро ҳамин тавр ба амал оварад.
  14. Ва агар дар миёни шумо ғарибе сокин бошад, ё ҳар касе ки дар наслҳои шумо дар миёни шумо бошад, ва бихоҳад атри гуворо барои Худованд тақдим намояд, вай бояд ончу-нон амал намояд, чунон ки шумо амал мекунед.
  15. Барои шумо, эй аҳли ҷамоат, ва барои ғарибе ки назди шумо сукунат дорад, фариза як аст, ки фаризаи абадист дар наслҳои шумо: ғариб ба ҳузури Худованд комилан мисли шумост.
  16. Барои шумо ва барои ғарибе ки дар миёни шумо сокин аст, як қонун ва як ҳуқуқ хоҳад буд».
  17. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  18. «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: вақте ки шумо ба замине ки Ман шуморо ба он ҷо мебарам, дохил шавед,
  19. Ва аз нони он замин бихӯред, он гоҳ ҳадия барои Худо-ванд тақдим кунед.
  20. Аз навбари хамири худ ҳалло* барои ҳадия тақдим кунед; чӣ гунае ки аз хирман ҳадия тақдим мекунанд, онро он гуна тақдим, кунед.
  21. Аз навбари хамири худ ҳадия барои Худованд дар наслҳои худ тақдим кунед.
  22. Ва агар саҳв намуда, тамоми ин аҳкомро, ки Худованд ба Мусо гуфтааст, ба ҷо наоварда бошед,
  23. Яъне ҳар он чиро, ки Худованд ба шумо ба воситаи Мусо амр фармудааст, аз рӯзе ки Худованд барои шумо ва минбаъд барои наслҳои шумо амр фармудааст, —
  24. Пас, агар ин, ба сабаби бехабарии ҷамоат, саҳван ба амал омада бошад, он гоҳ бигзор тамоми ҷамоат як наргови ҷавонро барои қурбонии сӯхтанӣ, ҳамчун атри гуворо барои Худованд, бо ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он, мувофиқи қоидаи он, тақдим кунанд, ва як нарбузро барои қурбонии гуноҳ.
  25. Ва коҳин тамоми ҷамоати банӣ-Исроилро кафорат менамояд, ва онҳо омурзида хоҳанд шуд, зеро ки ин саҳв буд, ва онҳо қурбонии худро барои қурбонии оташини Худованд, ва қурбонии гуноҳи худро барои саҳви худ ба ҳузури Худованд тақдим кардаанд.
  26. Ва тамоми ҷамоати банӣ-Исроил ва ғарибоне ки дар миёни онҳо сукунат доранд, омурзида хоҳанд шуд, зеро ки ин саҳви тамоми қавм буд.
  27. Вале агар як кас саҳван гуноҳ карда бошад, бигзор вай модабузи яксолае барои қурбонии гуноҳ тақдим намояд.
  28. Ва коҳин он каси саҳвкардаро, ки саҳван ба ҳузури Худованд гуноҳ кардааст, кафорат менамояд, то ки вай кафорат ёбад, ва он гоҳ вай омурзида хоҳад шуд.
  29. Барои касе ки саҳван амал мекунад, хоҳ вай тубҷоие аз банӣ-Исроил бошад, хоҳ ғарибе ки дар миёни онҳо сукунат дорад, як қоида хоҳад буд.
  30. Валекин касе ки дидаю дониста гуноҳе мекунад, хоҳ тубҷоӣ бошад хоҳ ғариб, вай Худовандро куфр кардааст, пас он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд,
  31. Зеро ки вай аз каломи Худованд нафрат карда, ҳукми Ӯро поймол намудааст, — он кас албатта маҳв хоҳад шуд: гуноҳи вай бар гардани вай аст».
  32. Ва ҳангоме ки банӣ-Исроил дар биёбон буданд, касеро диданд, ки дар рӯзи шанбе ҳезум ҷамъ мекард.
  33. Ва касоне ки ӯро дида буданд, ки ҳезум ҷамъ мекард, ӯро назди Мусо ва Ҳорун ва тамоми ҷамоат оварданд.
  34. Ва ӯро дар ҳабс гузоштанд, зеро ҳанӯз муайян нашуда буд, ки бо ӯ чӣ бояд кард.
  35. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ин кас бояд ҳатман кушта шавад; бигзор тамоми ҷамоат ӯро берун аз ӯрдугоҳ сангсор кунанд».
  36. Ва тамоми ҷамоат ӯро аз ӯрдугоҳ берун оварданд, ва ӯро сангсор карданд, ва ӯ мурд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
  37. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  38. «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ, ки барои худ бар гӯшаҳои либоси худ дар наслҳои худ сисит* бисозанд, ва дар сисити ҳар гӯша риштаи лоҷуварде дохил кунанд,
  39. Ва он дар сисити шумо хоҳад буд, то ки бар он нигариста, тамоми аҳкоми Худовандро ба ёд оваред, ва онҳоро иҷро кунед, ва аз паи дили худ ва чашмони худ, ки шуморо ба зино моил мекунанд, наравед,
  40. То ки тамоми аҳкоми Маро дар хотир нигоҳ дошта, ба ҷо оваред, ва барои Худои худ муқаддас бошед.
  41. Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ки шуморо аз за-мини Миср берун овардаам, то ки Худои шумо бошам. Ман Худованд Худои шумо ҳастам».

*20. Ҳалло — як порча хамир ба андозаи кулчае.

*38. Сисит—шилшилае ки аз чандин ришта бофта мешавад.

© IBT 1992

Реклама