Ададҳо боби 12

Мазаммати Марьям ва Ҳорун.

  1. ВА Марьям ва Ҳорун Мусоро дар бораи зани ҳабашие ки гирифта буд, мазаммат карданд, зеро ки ӯ зани ҳабашӣ гирифта буд;
  2. Ва гуфтанд: «Оё Худованд фақат бо Мусо сухан рондааст? Ӯ, охир, бо мо низ сухан рондааст». Ва Худованд инро шунид.
  3. Ва Мусо марди бағоят фурӯтан буд, бештар аз ҳар одаме ки бар рӯи замин аст.
  4. Ва Худованд ногаҳон ба Мусо ва Ҳорун ва Марьям гуфт: «Ҳар сеятон сӯи хаймаи ҷомеъ берун оед». Ва ҳар сея-шон берун омаданд.
  5. Ва Худованд дар сутуни абр фурӯд омада, назди дари хайма истод, ва Ҳорун ва Марьямро хонд. Ва ҳар дуяшон берун омаданд.
  6. Ва Ӯ гуфт: «Суханони Маро бишнавед: агар дар миёни шумо набии Худованд бошад, Ман дар рӯъё ба вай зоҳир мешавам, дар хоб бо вай сӯхан меронам.
  7. Аммо бандаи Ман Мусо чунин нест; ӯ дар тамоми хонаи Ман амин аст.
  8. Ман бо ӯ рӯ ба рӯ ва ошкоро, ва на бо рамз, сухан меронам, ва ӯ симои Худовандро мебинад; пас, чаро шумо натарсида, бандаи Ман Мусоро мазаммат кардед?»
  9. Ва хашми Худованд бар онҳо аланга зад, ва Ӯ рафт.
  10. Ва абр аз болои хайма дур шуд, ва инак, Марьям аз махав мисли барф сафед шуда буд; ва Ҳорун ба Марьям назар андохт, ва инак, вай махавӣ гардидааст.
  11. Ва Ҳорун ба Мусо гуфт: «Лутфан, эй оғоям, бори ин гуноҳро, ки аҳмақона рафтор карда, гуноҳкор шудаем, ба гардани мо намон;
  12. Бигзор вай мисли мурдае нагардад, ки чун аз раҳими модараш берун ояд, нисфи баданаш пӯсида бошад».
  13. Ва Мусо сӯи Худованд фарьёд кашида, гуфт: «Лутфан, эй Худо, ба вай шифо бибахш!»
  14. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Агар падараш ба рӯи вай туф мекард, оё вай ҳафт рӯз наҷис намешуд? Пас, бигзор вай ҳафт рӯз берун аз ӯрдугоҳ ҷудо гузошта шавад, ва баъд аз он баргардад».
  15. Ва Марьям ҳафт рӯз берун аз ӯрдугоҳ ҷудо гузошта шуд; ва қавм то вақти баргаштани Марьям кӯч накарданд.
  16. Ва баъд аз он, қавм аз Ҳасирӯт кӯч карда, дар биёбони Форон ӯрду заданд.

© IBT 1992

Реклама