Ададҳо боби 11

Оташи Худованд назди Табъира.

  1. ВА қавм шикоят карда, дар гӯши Худованд суханони бад гуфтанд; ва Худованд инро шунида, хашмаш аланга зад, ва оташи Худованд дар миёни онҳо даргирифта, канори ӯрдугоҳро сӯзонид.
  2. Ва қавм сӯи Мусо фарьёд заданд; ва Мусо сӯи Худо-ванд дуо гуфт, ва оташ хомӯш шуд.
  3. Ва он маконро Табъира* ном монданд, зеро ки дар миёни онҳо оташи Худованд даргирифт.
  4. Ва издиҳоми бегонаҳое ки дар миёни онҳо буданд, бул-ҳавасӣ зоҳир намуданд, ва банӣ-Исроил низ боз гириста, гуфтанд: «Кист, ки моро гӯшт бихӯронад!
  5. Моҳиро, ки дар Миср муфт мехӯрдем, ва бодиринг, ва харбуза, ва тара, ва сирро ёд мекунем.
  6. Ва алҳол ҷисми мо хушк шудааст, чизе барои хӯрдан нест, фақат ин манн пеши чашмони мост».
  7. Ва манн мисли тухми кашниҷ буд, ва намудаш мислӣ намуди булӯр.
  8. Қавм гардиш карда, онро мечиданд, ва бо дастос ос мекарданд, ё дар ҳован мекӯфтанд, ва дар дег мепухтанд, ва кулчаҳо аз он месохтанд; ва таъми он мисли таъми илики равғанин буд.
  9. Ва ҳангоме ки бар ӯрдугоҳ шабона шабнам меборид, манн бар он меборид.

Андӯҳи Мусо.

  1. Ва Мусо қавмро шунид, ки бо аҳли оилаи худ, ҳар яке назди дари хаймаи худ гирья мекунанд; ва хашми Худованд бағоят аланга зада буд, ва ин дар назари Мусо андӯҳовар буд.
  2. Ва Мусо ба Худованд гуфт: «Чаро ба бандаи Худ бадӣ кардӣ? Ва чаро дар назарат илтифот наёфтам, ки бори та-моми ин қавмро бар ман гузоштӣ?
  3. Оё ман тамоми ин қавмро ҳомила шудаам, ва оё ман онҳоро зоидаам, ки ту ба ман мегӯӣ: «Мисли дояе ки бачаи ширмакро мебардорад, ту онҳоро дар оғӯши худ гирифта, ба замине бибар», ки Ту онро ба падаронашон қасам хӯрда ваъда кардаӣ?
  4. Ман гӯшт аз куҷо пайдо кунам, то ки ба тамоми ин қавм бидиҳам? Зеро ки онҳо пеши ман гирья карда, мегӯянд: «Ба мо гӯшт бидеҳ, ки бихӯрем».
  5. Ман танҳо наметавонам бори тамоми ин қавмро бар-дорам, зеро ки ин барои ман бениҳоят гарон аст.
  6. Ва модоме ки Ту бо ман чунин рафтор менамоӣ, беҳтар аст, ки маро бикушӣ, — агар дар назарат илтифот ёфта бо-шам, — то ки ман бадбахтии худро набинам».

Ҳафтод нафар пирон.

  1. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ҳафтод нафар аз пирони Исроил, ки ту онҳоро мешиносӣ, ки пирони қавм ва нозиро-нашон мебошанд, барои Ман ҷамъ кун, ва онҳоро назди хай-маи ҷомеъ биёр, то ки дар он ҷо бо ту биистанд.
  2. Ва Ман фурӯд омада, дар он ҷо бо ту сухан хоҳам ронд, ва аз Рӯҳе ки бар туст, гирифта бар онҳо хоҳам гузошт, то ки онҳо бо ту бори ин қавмро бардоранд, ва ту танҳо нахоҳӣ бардошт.
  3. Ва ба қавм бигӯ: «Барои фардо омода шавед, ва гӯшт хоҳед хӯрд, зеро ки дар гӯши Худованд гириста гуфтаед: кист, ки моро гӯшт бихӯронад? Чунки дар Миср барои мо хуб буд, — пас, Худованд ба шумо гӯшт хоҳад дод, то ки бихӯред.
  4. На як рӯз хоҳед хурд, ва на ду рӯз, ва на панҷ рӯз, ва на даҳ рӯз, ва на бист рӯз,
  5. Балки тамоми моҳ, то ки он аз бинии шумо барояд ва барои шумо нафратангез шавад, чунки аз Худованд, ки дар миёни шумост, нафрат намудед, ва пеши Ӯ гирья карда гуф-тед: чаро аз Миср берун омадем?»»
  6. Ва Мусо гуфт: «Қавме ки ман дар миёни онҳоям, шаш-сад ҳазор нафар пиёдаанд, ва Ту мегӯӣ: «Ман ба онҳо гӯшт хоҳам дод, то ки моҳи тамом бихӯранд».
  7. Агар ҳамаи гӯсфандон ва говон барои онҳо кушта шавад, оё ин барояшон кифоят мекунад? Агар ҳамаи моҳиёни баҳр ба-рои онҳо чамъ карда шавад, оё ин барояшон кифоят мекунад?»
  8. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Оё дасти Худованд кӯтоҳ аст? Алҳол хоҳӣ дид, ки оё суханам бар ту ба амал меояд ё не».
  9. Ва Мусо берун омада, суханони Худовандро ба қавм гуфт, ва аз пирони қавм ҳафтод нафар ҷамъ карда, онҳоро дар гирду пеши хайма гузошт.
  10. Ва Худованд дар абр фурӯд омада, ба ӯ сухан ронд, ва аз Рӯҳе ки бар ӯ буд, гирифта, бар ҳафтод нафар пирон кӯчонид; ва ҳангоме ки Рӯҳ бар онҳо қарор гирифт, нубувват карданд, вале давом надоданд.

Пешгӯиҳои Элдод ва Медод.

  1. Ва ду нафар аз пирон дар ӯрдугоҳ монданд, ки номи яке Элдод буд, ва номи дигаре Медод; ва бар онҳо низ Рӯҳ қарор гирифт, зеро ки онҳо аз ҷумлаи навишташудагон бу-данд, ва агарчи назди хайма набаромаданд, дар ӯрдугоҳ ну-бувват карданд.
  2. Ва амраде давида омад, ва ба Мусо хабар дода, гуфт: «Элдод ва Медод дар ӯрдугоҳ нубувват мекунанд».
  3. Ва Еҳушаъ ибни Нун, ки аз айёми ҷавонияш хизматгу-зори Мусо буд, ҷавоб гардонида, гуфт: «Оғоям Мусо! Он-ҳоро ҳабс намо».
  4. Вале Мусо ба вай гуфт: «Оё ту барои ман рашк ме-барӣ? Кошки тамоми қавми Худованд анбиё мебуданд, ва Худованд Рӯҳи худро бар онҳо равона мекард!»
  5. Ва Мусо бо пирони Исроил ба ӯрдугоҳ баргашт.

Бедонаҳо ва вабо.

  1. Ва боде бо амри Худованд бархоста, бедонаҳоро аз ҷониби баҳр овард, ва онҳоро дар атрофи ӯрдугоҳ, тақрибан якрӯза роҳ ба ин тараф ва якрӯза роҳ ба он тараф, пароканда кард, дар сурате ки парвозашон тақрибан ду зироъ аз рӯи замин болотар буд.
  2. Ва қавм бархоста, тамоми он рӯз ва тамоми шабаш ва тамоми рӯзи дигар бедонаҳоро ҷамъ карданд; ва касе ки кам чида буд, даҳ ғарам ҷамъ кард, ва онҳоро дар атрофи ӯрдугоҳ барои худ паҳн карданд.
  3. Гӯшт ҳанӯз дар миёни дандонҳошон буд, пеш аз он ки хоида фурӯ баранд, хашми Худованд бар қавм аланга зад, ва Худованд қавмро бо вабои бағоят азиме зарба зад.
  4. Ва он маконро Қибрӯт-Ҳатааво* ном монданд, зеро ки дар он ҷо қавми булҳавасро дафн карданд.
  5. Аз Қибрӯт-Ҳатааво қавм ба Ҳасирӯт кӯч карданд, ва дар Ҳасирӯт ӯрду заданд.

*3. Сӯхтор.

*34. Қабрҳои булҳавасон.

© IBT 1992

Реклама