Ибодат боби 9

Коҳинон ба ибодат шурӯъ менамоянд.

  1. ВА дар рӯзи ҳаштум чунин воқеъ шуд, ки Мусо Ҳорун ва писарони ӯ ва пирони Исроилро даъват намуд.
  2. Ва ба Ҳорун гуфт: «Гӯсолаи наре барои қурбонии гуноҳ ва қӯчқоре барои қурбонии сӯхтанӣ бигир, ки ҳар ду беайб бошанд, ва ба ҳузури Худованд тақдим намо.
  3. Ва ба банӣ-Исроил сухан ронда, бигӯ: «Нарбузе барои қурбонии гуноҳ, ва гӯсола ва барраи яксолае ки беайб бо-шанд, барои қурбонии сӯхтанӣ бигиред,
  4. Ва барзагов ва қӯчқоре барои забҳҳои саломатӣ, то ки ба ҳузури Худованд забҳ карда шавад, ва ҳадияи ордии бо равған омехташуда; зеро ки имрӯз Худованд ба шумо зоҳир хоҳад шуд»».
  5. Ва он чиро, ки Мусо амр фармуда буд, назди хаймаи ҷомеъ оварданд; ва тамоми ҷамоат наздик омада, ба ҳузури Худованд истоданд.
  6. Ва Мусо гуфт: «Ин аст он чи Худованд амр фарму-дааст, ки ба амал оваред, ва ҷалоли Худованд ба шумо зоҳир хоҳад шуд».
  7. Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ба қурбонгоҳ наздик биё, ва қурбонии гунохи худ ва қурбонии сӯхтании худро тақдим карда, барои худат ва барои ҷамоат кафорат намо; ва қурбонии қавмро тақдим карда, барои онҳо кафорат намо, чунон ки Худованд амр фармудааст».
  8. Ва Ҳорун ба қурбонгоҳ наздик омада, гӯсолаи қурбо-нии гуноҳро, ки барои худаш буд, забҳ кард.
  9. Ва писарони Ҳорун хунро назди ӯ оварданд, ва ӯ ан-гушти худро дар хун ғӯтонида, бар шохҳои қурбонгоҳ молид; ва хунро бар буньёди қурбонгоҳ рехт.
  10. Ва чарбу, ва гурдаҳо, ва қабати чарбуи рӯи ҷигари қурбонии гуноҳро бар қурбонгоҳ сӯзонид, чунон ки Худо-ванд ба Мусо амр фармуда буд.
  11. Ва гӯшт ва пӯстро берун аз ӯрдугоҳ дар оташ сӯзонид.
  12. Ва қурбонии сӯхтаниро забҳ кард, ва писарони Ҳорун хунро назди ӯ оварданд, ва ӯ онро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.
  13. Ва андом ва каллаи қурбонии сӯхтаниро назди ӯ овар-данд, ва ӯ бар қурбонгоҳ сӯзонид.
  14. Ва амъо ва почаҳоро шуста, бо қурбонии сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ сӯзонид.
  15. Ва қурбонии қавмро наздик овард, ва нарбузи гуноҳро, ки барои қавм буд, гирифт, ва онро забҳ карда, монанди қурбонии пешина, барои гуноҳ тақдим намуд. 16. Ва қурбонии сӯхтаниро наздик оварда, бар тибқи дас-тур тақдим намуд.
  16. Ва ҳадияи ордиро наздик овард, ва мушташро аз он пур карда, илова ба қурбонии сӯхтании субҳ бар қурбонгоҳ сӯзонид.
  17. Ва барзагов ва қӯчқорро, ки забҳи саломатӣ барои қавм буд, забҳ намуд; ва писарони Ҳорун хунро назди ӯ оварданд, ва ӯ онро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.
  18. Ва низ чарбуи барзагов ва қӯчқорро: дунба ва он чи амъоро мепӯшонад, ва гурдаҳо, ва қабати чарбуи рӯи ҷигар-ро, —
  19. Ва чарбуро бар синаҳо монданд; ва ӯ чарбуро бар қурбонгоҳ сӯзонид.
  20. Ва Ҳорун синаҳо ва соқи ростро, ҳамчун инъоми ҷун-бониданӣ, ба ҳузури Худованд ҷунбонид, чунон ки Мусо амр фармуда буд.
  21. Ва Ҳорун дастҳои худро сӯи қавм боло бардошта, он-ҳоро баракат дод, ва баъд аз тақдим кардани қурбонии гуноҳ ва қурбонии сӯхтанӣ ва забҳи саломатӣ фурӯд омад.
  22. Ва Мусо ва Ҳорун ба хаймаи ҷомеъ даромаданд, ва берун омада, қавмро баракат доданд; ва ҷалоли Худованд ба тамоми қавм зоҳир шуд.
  23. Ва оташе аз ҳузури Худованд берун омада, қурбонии сӯхтанӣ ва чарбуро бар қурбонгоҳ сӯзонид, ва тамоми қавм инро дида, ба ваҷд омаданд, ва бар рӯи худ афтоданд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s