Ибодат боби 7

Қонун дар бораи қурбонии ҷурм.

  1. «ВА ин аст қонуни қурбонии ҷурм: ин қудси қудсҳост.
  2. Дар маконе ки қурбонии сӯхтаниро забҳ мекунанд, қурбонии ҷурмро низ бояд дар он ҷо забҳ кунанд; ва хуни он бояд бар курбонгоҳ гирдогирд пошида шавад.
  3. Ва аз он ӯ тамоми чарбуяшро тақдим менамояд: дунба ва чарбуе ки амъоро мепӯшонад,
  4. Ва ду гурда ва чарбуе ки бар онҳо то худи ронҳо мебошад, ва қабати чарбуе ки бар ҷигар аст, — бигзор онро бо гурдаҳо ҷудо кунад.
  5. Ва коҳин онҳоро бар қурбонгоҳ ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд месӯзонад. Ин қурбонии ҷурм аст.
  6. Ҳар мардина аз миёни коҳинон онро метавонад бихӯрад; он бояд дар макони муқаддас хӯрда шавад. Ин қудси қудсҳост.
  7. Қурбонии гуноҳ монанди қурбонии ҷурм аст, яъне қонуни онҳо як аст: он аз они коҳинест, ки ба воситаи он кафо-рат менамояд.
  8. Ва коҳине ки қурбонии сӯхтании касеро тақдим менамояд, пӯсти он қурбонии сӯхтание ки ӯ тақдим намудааст, аз они ҳамин коҳин хоҳад буд.
  9. Ва ҳар ҳадияи ордӣ, ки дар танӯр пухта шудааст, ва ҳар он чи дар дег ва бар тоба тайёр карда шудааст, аз они коҳине ки онро тақдим менамояд, хоҳад буд.
  10. Ва ҳар ҳадияи ордӣ, хоҳ бо равған омехта, хоҳ хушк бошад, аз они тамоми банӣ-Ҳорун хоҳад буд, бе он ки аз якдигар тафовуте дошта бошанд.

Қонун дар бораи забҳи саломатӣ.

  1. Ва ин аст қонуни забҳи саломатӣ, ки ба Худованд тақдим карда мешавад.
  2. Агар касе онро барои шукрона тақдим намояд, ӯ бояд бо забҳи шукрона қурсҳои фатири бо равған омехташуда, ва нончаҳои тунуки фатири равған молидашуда, ва аз орди маҳи-не ки бо оби ҷӯш омехтааст, қурсҳои бо равған омехташуда тақдим намояд;
  3. Қурбонии худро ҳамроҳи забҳи шукронаи саломатии худ ӯ бояд бо қурсҳои нони хамиртурушдор тақдим намояд.
  4. Ва аз он якеро аз ҳар қурбонӣ ҳамчун ҳадия барои Худованд тақдим менамояд; ин аз они коҳине ки хуни забҳи саломатиро мепошад, хоҳад буд.
  5. Ва гӯшти забҳи шукронаи саломатии ӯ бояд дар рӯзи қурбонӣ шуданаш хӯрда шавад; аз он то субҳ набояд боқӣ гузошта шавад.
  6. Ва агар забҳи қурбонии ӯ аз рӯи назр ё хайрот бошад, забҳи у бояд дар рӯзи қурбонӣ шуданаш хӯрда шавад; ва бақияи онро рӯзи дигар хӯрдан мумкин аст.
  7. Ва он чи аз гӯшти он забҳ боқӣ монда бошад, бояд дар рӯзи сеюм дар оташ сӯзонида шавад.
  8. Ва агар аз гӯшти забҳи саломатии ӯ дар рӯзи сеюм хӯрда шавад, он сазовори таваҷҷӯҳ нахоҳад буд, ва барои касе ки онро қурбонӣ кардааст, ба ҳисоб оварда нахоҳад шуд; он наҷис аст, ва ҳар кӣ аз он бихӯрад, барои гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт.
  9. Ва гӯшти он, агар ба ягон чизи наҷис бирасад, набояд хӯрда шавад, балки бояд дар оташ сӯзонида шавад; ва гӯшти покро ҳар каси пок метавонад бихӯрад.
  10. Вале агар касе аз гӯшти забҳи саломатӣ, ки барои Худованд аст, бихӯрад, дар ҳолате ки наҷосати ӯ бар ӯ бошад, он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.
  11. Ва агар касе ба ҳар чизи наҷис, хоҳ ба наҷосати одамизод, хоҳ ба чорпои наҷис, хоҳ ба ҳар чизи зишти наҷис бира-сад, ва аз гӯшти забҳи саломатӣ, ки барои Худованд аст, бихӯрад, — он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд».
  12. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  13. «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, бигӯ: хеҷ як чарбуи гов ва гӯсфанд ва бузро нахӯред,
  14. Ва чарбуи чорпои мурда ва чарбуи чорпои даридашу-даро барои ҳар кор истеъмол кардан мумкин аст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ онро нахӯред.
  15. Зеро ҳар кӣ  чарбуи  чорпоеро,  ки аз  он қурбонии оташин барои Худованд тақдим карда мешавад, бихӯрад, — он касе ки хӯрда бошад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.
  16. Ва ҳеҷ хунро, — хоҳ аз они паранда бошад, хоҳ аз они чорпо, — дар масканҳои худ нахӯред.
  17. Ҳар кӣ ҳар гуна хунро бихӯрад, — он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд».
  18. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  19. «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, бигӯ: ҳар кӣ забҳи сало-матии худро барои Худованд тақдим менамояд, ӯ бояд қур-бонии худро аз забҳи саломатии худ барои Худованд биёрад.
  20. Бо дастҳои худ ӯ бояд қурбонии оташинро барои Худованд биёрад, чарбуро бо сина бояд биёрад, то ки он синаро ба ҳузури Худованд биҷунбонад.
  21. Ва коҳин чарбуро бар қурбонгоҳ месӯзонад, ва сина аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд.
  22. Ва соқи ростро ҳамчун пешкаши муқаддас аз забҳҳои саломатии худ ба коҳин бидиҳед.
  23. Ҳар кӣ аз писарони Ҳорун хуни қурбонии саломатӣ ва чарбуро тақдим менамояд, соқи рост ҳиссаи ӯ хоҳад буд.
  24. Зеро ки Ман синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкашро аз банӣ-Исроил, аз забҳҳои саломатии онҳо гирифтам, ва онҳоро ба Ҳоруни коҳин ва писаронаш ба фаризаи абадӣ аз ҷониби банӣ-Исроил додам».
  25. Ин аст насибаи тадҳини Ҳорун ва насибаи тадҳини писаронаш аз қурбониҳои оташини Худованд дар рӯзе ки онҳо наздик оварда шуданд, то ки барои Худованд каҳонат кунанд,
  26. Ки ба онҳо додани онро Худованд амр фармуд, дар рӯзе ки  онҳоро аз миёни банӣ-Исроил тадҳин намуд. Ин фаризаи абадӣ дар наслҳои онҳост.
  27. Ин аст қонуни қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи ордӣ, қур-бонии гуноҳ, қурбонии ҷурм, қурбонии гумоштанӣ ва забҳи саломатӣ,
  28. Ки Худованд ба Мусо дар кӯҳи Сино амр фармуда буд, дар рӯзе ки ба банӣ-Исроил дар биёбони Сино амр фармуд, ки қурбониҳои худро барои Худованд тақдим намоянд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s