Ибодат боби 6

Боз дар бораи қурбонии ҷурм.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Агар касе гуноҳ кунад, ва дар ҳаққи Худованд хиёнат намояд, ва ба ёри худ дар бобати амонат, ё гарав, ё моли дуздӣ мункир шавад, ё ёри худро фиреб кунад,
  3. Ё чизи гумшударо ёфта, дар ин бобат мункир шавад, ва қасами дурӯғ хӯрад дар яке аз корҳое ки одамизод карда, дар онҳо гуноҳкор мешавад, —
  4. Пас, модоме ки ӯ гуноҳ карда, муҷрим гардидааст, ӯ бояд он чиро, ки дуздидааст, ё он чиро, ки бо роҳи фиреб ба даст овардааст, ё он чиро, ки назди ӯ амонат гузошта шудааст, ё чизи гумшударо, ки ёфтааст, баргардонад.
  5. Қимати ҳар он чиро, ки дар бораи он қасами дурӯғ хӯрдааст, ӯ бояд пурра адо кунад, ва панҷьяки он қиматро бар он илова намуда, ба соҳиби он бидиҳад, дар рӯзе ки қурбонии ҷурми худро тақдим менамояд.
  6. Ва барои қурбонии ҷурми худ  бигзор  ба  Худованд қӯчқори беайбе аз рама, мувофиқи қиматдиҳии ту, ҳамчун қурбонии ҷурм назди коҳин биёрад.
  7. Ва коҳин гуноҳи ӯро ба ҳузури Худованд кафорат ме-намояд, ва ӯ дар ҳар коре ки карда муҷрим гардидааст, омурзида хоҳад шуд».

Дар бораи қурбонии сӯхтанӣ.

  1. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба Ҳорун ва писаронаш амр фармуда, бигӯ: ин аст қонуни қурбонии сӯхтанӣ: бигзор қурбонии сӯхтанӣ тамоми шаб то субҳ бар оташдони қурбонгоҳ бошад, ва оташи қур-бонгоҳ бар он бисӯзад.
  3. Ва бигзор коҳин пероҳани катони худро бипӯшад, ва эзори катоне бар бадани худ бипӯшад, ва хокистари қурбонии сӯхтаниро, ки оташ бар қурбонгоҳ сӯзонидааст, бардорад, ва онро назди қурбонгоҳ бимонад;
  4. Ва либосҳои худро кашида, либосҳои дигар бипӯшад, ва хокистарро берун аз ӯрдугоҳ ба макони поке барорад.
  5. Ва оташе ки бар қурбонгоҳ аст, бигзор фурӯзон буда, хомӯш нашавад; ва бигзор коҳин бар он ҳар субҳ ҳезум бисӯзонад, ва қурбонии сӯхтаниро бар он бимонад, ва чарбуи забҳи саломатиро бар он бисӯзонад.
  6. Оташи доимӣ бигзор бар қурбонгоҳ фурӯзон буда, хо-мӯш нашавад.

Дар бараи ҳадияи ордӣ.

  1. Ва ин аст қонун дар бораи ҳадияи ордӣ: писарони Ҳорун бояд онро ба ҳузури Худованд бар қурбонгоҳ тақдим намоянд.
  2. Ва бигзор коҳин аз он як мушт аз орди маҳини ҳадияи ордӣ ва аз равғанаш бо тамоми лебӯное ки бар ҳадияи ордӣ мебошад, бардорад, ва бар қурбонгоҳ бисӯзонад; ин атри гуворост барои ёдгорӣ ба ҳузури Худованд.
  3. Он чи аз он боқӣ мемонад, бигзор Ҳорун ва писаронаш бихӯранд; он бояд бе хамиртуруш дар макони муқаддас хӯрда шавад; дар саҳни хаймаи ҷомеъ бигзор онро бихӯранд.
  4. Он набояд бо хамиртуруш пухта шавад; онро аз ҳадия-ҳои оташини Худ ҳамчун ҳиссаи онҳо додаам. Он мисли қурбонии гуноҳ ва қурбонии ҷурм қудси қудсҳо мебошад.
  5. Ҳар мардина аз миёни писарони Ҳорун метавонад онро бихӯрад, — ин фаризаи абадӣ барои наслҳои шумо аз ҳадия-ҳои оташини Худованд мебошад; ҳар кӣ ба онҳо бирасад, тақдис хоҳад ёфт».
  6. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  7. «Ин аст қурбонии Ҳорун ва писаронаш, ки бояд дар рӯзи тадҳин шудани худ ба Худованд тақдим намоянд: даҳья-ки эфа аз орди маҳин барои ҳадияи ордии доимӣ; нисфаш барои субҳ ва нисфаш барои шом.
  8. Он бояд бар тоба бо равған тайёр карда шавад; онро бо оби ҷӯш омехта, ҳамчун ҳадияи ордии иборат аз нончаҳои бирьён биёр; барои атри гуворо ба Худованд тақдим намо.
  9. Ва коҳини тадҳиншуда, ки дар ҷои ӯ аз писаронаш хоҳад буд, инро бояд ба амал оварад; ин фаризаи абадист: он бояд комилан барои Худованд сӯзонида шавад.
  10. Ва ҳар ҳадияи ордии коҳин бояд комилан сӯзанда бо-шад, яъне хӯрда нашавад».

Дар бораи қурбонии гуноҳ.

  1. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба Ҳорун ва писаронаш бигӯ. Ин аст қонун дар бораи қурбонии гуноҳ: дар маконе ки қурбонии сӯхтанӣ забҳ карда мешавад, қурбонии гуноҳ низ бояд ба ҳузури Худованд дар он ҷо забҳ карда шавад; ин қудси қудсҳост.
  3. Коҳине ки қурбонии гуноҳро ба амал меоварад, мета-вонад онро бихӯрад; он бояд дар макони муқаддас, дар саҳни хаймаи ҷомеъ хӯрда шавад.
  4. Ҳар чизе ки ба гӯшти он мерасад, тақдис меёбад; ва агар хуни он бар либосе пошида шавад, он чиро, ки бар он пошида шудааст, дар макони муқаддас бишӯй.
  5. Ва зарфи сафолине ки қурбонии гуноҳ дар он пухта шудааст, бояд шикаста шавад; ва агар он дар зарфя мисин пухта шуда бошад, он зарф бояд сайқал дода ва бо об шуста шавад.
  6. Ҳар мардина аз миёни коҳинон метавонад онро бихӯ-рад; ин қудси қудсҳост.
  7. Вале ҳар қурбонии гуноҳ, ки хунаш ба хаймаи ҷомеъ дароварда мешавад, то ки дар қудс кафорат намояд, набояд хӯрда шавад; он бояд дар оташ сӯзонида шавад».

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s